Владимир Путин, раисҷумҳури Русия қонунеро имзо кард, ки зиндагии муҳоҷирони корӣ ва донишҷӯёни хориҷӣ дар ин кишварро мушкилтар мекунад. Нашрияи “Новая газета” тағйироти воридшуда ба қонунро зери унвони “8 миллион ғулом” баррасӣ кардааст.
Ин нашрия менависад бештари ВАО қабули ин қонунро додани сабукӣ ба муҳоҷирон унвон карданд, чун иҷоза додааст муҳоҷиронро ҳатто дар вагончаҳо ба қайд гиранд. Ва ҳатто гурӯҳе аз шаҳрвандони Русия ғур-ғур ҳам карданд, ки “акнун сиёҳҳо сарозер мешаванд ва ҳамаи вагончаҳои моро банд мекунанд”.
Аммо дар асл ин қонун маҳдудиятҳои зиёде барои муҳоҷирон ҷорӣ кардааст ва онҳоро аз ҳуқуқи ҳаракат кардан тақрибан маҳрум мекунад. Дилхоҳ шахси ҳуқуқӣ ҳам метавонад чун қонуншикан муаррифӣ шавад.
Вақте шаҳрванди хориҷӣ ба Русия омад, муваззаф аст худро дар қайд монад. Аммо минбаъд худаш наметавонад ин корро анҷом диҳад. Бақайдгирии муҳоҷир ё меҳмон минбаъд бар дӯши ҷониби қабулкунанда аст. Агар хориҷӣ меҳмон аст, бояд соҳибхона ӯро ба қайд монад, агар муҳоҷири меҳнатӣ — ширкате, ки ӯро ба кор гирифтааст. Донишҷӯро донишгоҳ ба қайд мемонад.
Қаблан ширкатҳо ҳақ доштанд муҳочири меҳнатиро дар бинои марказиашон ба қайд монанд ва муҳоҷир метавонист дар ҳар ҷои дигар зиндагӣ кунад. Ширкатҳо муҳоҷиронро дар вагончаҳо ҷой медоданд ва вақте ниҳоде хост онҳоро пайдо кунад, ин корро тавассути идораи марказии ширкат анҷом медод.
Минбаъд қонун талаб мекунад, ки муҳоҷир дар биное зиндагӣ кунад, ки ба ширкати кордиҳанда таъаллуқ дорад ва он бино бояд барои зиндагии муқаррарӣ мутобиқ бошад. Мушкили аслӣ ин ҷост, ки бештари ширкатҳои корфармо бинои худро надоранд. Муҳоҷироне, ки дар ин гуна ширкатҳо кор мекунанд, бояд дар хонаҳое,ки зиндагӣ мекунанд ба қайд гирифта шаванд. Вале аксари соҳибхонаҳо намехоҳанд муҳочирро дар хонаашон ба қайд монанд. Миллионҳо муҳоҷир бо қабули ин қонун маҷбур ба ҷустани хонаи нав мешаванд. Вале пайдо кардани хонае, ки соҳибаш розӣ шавад иҷорашинро ба қайд гирад, мушкили бузурги дигар аст, ки барои муҳоҷир пеш меояд.
Нуктаи дигаре, ки иҷорадиҳандагонро аз ба қайд гирифтани иҷоранишинҳо бештар метарсонад ин аст, ки минбаъд барои ҳаракати хориҷӣ ва вуруди хурӯҷи ӯ ба Русия оне ҷавобгар аст, ки хориҷиро ба кайд гирифтааст.
Дар сурати розӣ шудани соҳибхона барои ба қайд гирифтани муҳоҷир ҳам нархи иҷора баландтар хоҳад шуд. Чун иҷорадеҳ дар сурати расман ба қайд мондани иҷорагир муваззаф ба супорилани андоз ва хадамоти коммуналӣ мешавад.
Сар аз душанбе, 8 июл 8 миллион муҳочир ва донишҷӯ дар Русия ғайриқонунӣ мешаванд ва пулиси ин кишвар ҳақи ихроҷи дилхоҳ нафарро пайдо мекунад. Тибқи қонуни нав муҳоҷир ҳақ надорад ҳатто шабро дар меҳмонӣ рӯз кунад. Агар шумо назди кадом ҳамдеҳаатон ба меҳмонӣ рафтеду шаб онҷо мондед ва пулис барои тафтиш омад, ҳақ дорад шуморо ихроҷ кунад.