Аз чор нафар имомон Имом Молик дуюм ва машҳуртарини эшон аст.
Ӯ Дар Мадинаи мунаввара соли 711 ба дунё омад, иқомат дошт ва ин ҷо даъватгоҳи хубе барои мазҳабаш маҳсуб меёфт. Толибилмон дар дарсҳои имом Молик (раҳ) дар ҳамсоягии Паёмбар (дуруд ба равонашон) худро саъодатманд медонистанд ва бо иштиёқи том рӯ ба илм меоварданд. Омӯхтаҳояшонро ба шаҳру манотиқи худ баргашта, фатвоҳо ва масъалаҳои имомро нашр мекарданд. Бад-ин васила фиристодагони имом маҳсуб меёфтанд. Имом Молик дар илми ҳадис ва фиқҳ хеле моҳир буд. Илмашро аз сад шайху олими бузурги Мадинаи Мунаввара гирифтааст. Шӯҳрати илму имону тақвояш то дараҷае расид, ки минбаъд олими Мадина ва имоми аҳли ҳиҷрат номиданд. Ин буд, ки мардум аз тамоми шаҳр ва минтақаҳо назди ӯ меомаданд. Қабл аз он, ки Молик ҳадисеро ривоят кунад ва шарҳ диҳад, вузӯъ мегирифт, ду ракъат намоз мегузошт, сипас ришҳояшро бо шона ба тартиб дароварда, Худоро шукргузорӣ намуда, ба шарҳи ҳадис мепардохт. Бад ин минвол эҳтиромашро нисбати каломи Паёмбар (дуруд ба равонашон) пос медошт. Молик ибни Анас хислати фурӯтанӣ, хоксорӣ ва хотираи ниҳоят мустаҳкаме дошт, ки ҳанӯз дар синни 17 солагиаш илми мукаммалеро аз фиқҳ ноил шуда буд. Фатво доданро дар масоили шариатӣ ҳамон вақт оғоз намуд, ки 70 нафар олимони дин дар ҳамон давра шаҳодат бар арзандагиаш доданд ва иҷоза фармуданд. Хислати хубу аҷибе ҳам дошт, ки ҳаргиз дар баҳсҳои миёни чаласаводон иштирок намекард, то саводнокиашро нишон диҳад. Ӯ мегуфт : “Илм хархашаи миёни хурӯсу гӯсфанд нест” Вақто ки касе ба хотири баҳс суол медод, Молик ба ин гуна саволҳо ҷавоб ҳам намегуфт. Охирҳои умраш дар манзили зисти худ дарси ҳадис мегуфт. Дар бораи Молик қариб ҳамаи шогирдонаш навиштаанд. Масалан яке аз шогирдони машҳураш Абдуллоҳ ибни Ваҳҳоб дар китоби “Ал-муҷассалот” тамоми хислатҳои ҳамидаи ӯро зикр намудааст. Дар ин китоб низ ҳадисҳое нашр шудаанд, ки шогирдон аз Молик ибни Анас шунида буданд. Аз Молик се фарзанд боқӣ монданд, Яҳё, Муҳаммад ва Фотима номгузорӣ шуда буданд. Набераи муҳаддис Аҳмад ибни Яҳё низ касби бобояшо идома дода, дар Миср муаллими илми ҳадис гашта буд. Дар охирҳои умраш ба беморие гирифтор шуд, ки таҳорат нигаҳ дошта наметавонист ва ин сабаб рӯзҳои ҷумъа ҳам дар масҷид ҳузур доштанаш душвор буд. Аммо аз ин бемориаш ҳаргиз даҳон намекушод, зеро аз дарди ҷисм нолиданро нисбати Худованд ношукрӣ мешуморид. Имом Молик санаи 14-уми рабеъулаввали соли 179-и ҳиҷрӣ баробар ба 7-уми июни соли 795 аз олам гузашт. Қабл аз он, ки ҷон ба Ҷонофарин супорад, чор оят аз сураи Рум қироат кард, калимаи шаҳодатро ба забон овард ва чашм аз олам пӯшид. Ҷасади ӯро Ибни Канона ва Ибн аз-Зубайр покшӯйӣ карданд, ҷанозаашро амири Мадина Абдулазиз ибни Муҳаммад иҷро намуд. Дар қабристони Ал-Боқӣ ба хок супориданд.
Яке аз бузургтарин хизматҳои имом Молик барои дини мубин ин китобе бо номи “Китаб ал-Муватто” аст, ки аҳодиси ҳазрати паёмбар (дуруд бар равонашон)-ро бо мавзӯъ, мазмун ва мундариҷаи муайяне баргузида аст. Нусхаҳои китоби мазкур дар ду нашрияи ҳамондавра : Нашрияи Муҳаммад ал-Шайбонӣ ва Яҳё ал-Лайсӣ ал-Андалусӣ нигаҳдорӣ ва нашр шуд. Дар ин кор муаллиф ибтидо ҳадисҳоро ҷамъоварӣ кард ва аввалин талошро барои сомон додан мувофиқи мӯҳтаво ва раддабандӣ кардан анҷом дод. Молик ба тариқе ҳадисро интихоб кард, ки дар маҷмӯаи ӯ достонҳое, ки бобояш аз ҳаёти расули Акрам (дуруд бар равонашон) нақл карда буд, гирд овард . Дар бораи ин китоб Муҳаммад бин Идрис аш-Шафеӣ чунин гуфта буд : “Ҳаргиз дар рӯйи замин китобе наздиктар ба Қуръон аз китоби молик нахоҳад расид.” Молик ҳудуди чиҳил сол ба навиштани ин китоб сарф кард. Китоби мазкур ҷанбаҳои қонунии мухталифе аз мушкилотро низ дар бар мегирад, ки бар асоси он фатвоҳо содир мешуд. Бархе аз муҳаққиқон бар ин назаранд, ки ин китоб аз илми ҳадис дида, ба фиқҳ наздиктар аст. Духтари Молик Фотима ин китобро пурра азёд медонист ва вақто падараш аз илми ҳадис ба шогирдон дарс мегуфт, Фотима пушти дар меистод ва агар падар иштибоҳе содир кунад, бо нӯки ангуштон ба дар оҳиста мекӯфт, то падараш ислоҳ кунад.
Молик ибни Анас мӯтакид буд, ки як мусалмон, ки муртакиби гуноҳ шудааст, муҷозоте барои гуноҳаш таъин аст. Худованд метавонад гуноҳкоронро бибахшад, агар бихоҳад. Танҳо гуноҳе, ки Худованд наметавонад бубахшад, ширк бар Аллоҳ, яъне шинохти худоёни дигар аст.
Молик ибни Анас дониши инсонро ба се даста тақсим кардааст.
- Илме, ки барои ҳамаи одамон дастрас ва дар ҳаёти ҳаррӯзаашон мувофиқанд.(ҳадис, фатво)
- Илме, ки фақат ба як доираи муайяну маҳдуди одамон дастрас аст. Масалан: Дидгоҳҳои мадориси мухталифи фалсафӣ, фирқаҳои мухталиф.
- Илме,ки танҳо пас аз пайгириҳои тӯлонии улум барои бархе аз мардуми хоса муяссар мегардад.