Рубрики Хабарҳо

Писари Гулов бинии афсари пулисро шикаст

Диловар Гулов, писари собиқ вазири энергетикаи Тоҷикистон ва қудои Эмомалӣ Раҳмон Гул Шералӣ дар паи як муноқиша ба афсари пулис дарафтода устузони бинӣ ва чеҳраи ин афсарро шикастааст.

Додари домоди раисҷумҳур Ашраф Гулов баъди шикастани бинии афсари пулис аз ҷои ҳодиса фирор кардааст, аммо тибқи иттилои мақомоти пулиси кишвар баъдан ихтиёран ба шӯъбаи ВКД омада худро таслим кардааст.

Аммо манбаъи Паём мегӯяд Диловар танҳо замоне ба идораи пулис омад, ки яке аз ҷонишинони вазири дохила ба Гул Шералӣ занг зада аз ҳодиса хабардор кардааст. ВКД аз ифшои номи Диловар Гулов худдорӣ карда, танҳо гуфтааст як нафар ба иттиҳоми латукӯби корманди пулис боздошт шудааст.  

Афсари лутукӯбшаудаи пулис Дилшод Нарзуллозода корманди Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои муташаккилона гуфта мешавад.

Номи писарони Гулов тез тез расонаӣ мешавад. Қаблан ҳам Диловар Гулов барои муноқиша бо кормнадони пулис боздошт шуда буд.

Рӯзи 20 декабри соли гузашта писари дигари Гул Шералӣ Алишер Гулов дар маркази шаҳри Душанбе бо мошини «Порше”, рақами давлатиаш TJ 00 10 AA 01, ду нафарро зер карда, аз ҷои ҳодиса фирор карда буд.

Яке аз писарони Шералӣ Гул — Ашраф Гулов домоди раисҷумҳур аст, ки қаблан чун консули Тоҷикистон дар Маскав фаъолият мекард.

 

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *