Соати 200 ва маоши 2000 долларии раҳбари хоксори Арманистон (Навор)
Никол Пашинён, сарвазири Арманистон ба ҳамон толори варзишие меравад, ки қаблан мерафт, мошини хидматиаш дар ҷароғакҳо меистад, костюмашро нав накардааст, соаташ тӯҳфаи ҳамсараш аст, ки 200 доллар нарх дорад. Ӯ ҳатто борхалтаи машҳурашро иваз накардааст ва бо худ мегардонад.
Сарвазири нави Арманистон, ки бо суръат фасодро дар кишвараш решакан мекунад мутмаъин аст, ки ҳаргиз қудрат ӯро мағрур нахоҳад кард. Мегӯяд ӯ дар бораи арзишҳои дигаре, ки болотар аз қудрату мансабанд, меандешад.
Алексей Романов, рӯзноманигор ва блогнависи рус як субҳи сарвазири Арманистонро сабт кардааст. Ӯ дар ин муддат бо Пашинёнро ҳамроҳи мекунад ва аз ӯ мусоҳиба мегирад. Вақте кортежи сарвазири Арманистон дар чароғак таваққуф мекунад, Романов мепурсад, ки оё буд ҳолате, ки кортежи Пашинён бидуни таваққуф бо суръат аз чароғак гузашта бошад. Сарвазир посух медиҳад, ки “бале, дар аввал як-ду ҳолат буд, аммо ман ин корро манъ кардам. Ин ба дигарон халал мерасонад.”
Вақте рӯзномнигор дар бораи мошин ва телефонаш чун “моли шумо” ёд мекунад, Пашинён ӯро ислоҳ мекунад, ки “моли давлат аст”.
Маошашро сарвазири Арманистон “калон” меномад ва вақте ифшо мекунад. маълум мешавад, ки 2000 доллар аст. Барои муқоиса: маоши Эмомалӣ Раҳмон 24000 доллар аст ва сар аз имсол 0,2 дарсади буҷаи Тоҷикистон ҳам (ҳудуи 5 миллион доллар) дар ихтиёри ӯ қарор мегирад.
Пашинён баъди сарвазирӣ либоси нав нахарида, ҳатто замоне ба Маскав барои мулоқот бо Путин рафт, костюми кӯҳнаи худро пӯшидааст. Ӯ мегӯяд “Шумо метавонед дар Ютуб нигоҳ кунед, ман бо ин костюм қаблан баромад карда будам”. Ба суоли хабарнигор, ки оё давлат муваззаф аст чун намояндааш либоси шуморо таъмин кунад, посух медиҳад, ки “ман моҳонаи калон мегирам ва либоси арзон мепӯшам. Бинобар ин метавонам худам харам”.
Дар бораи маоши аъзои дигари тимаш мегӯяд, ки “калон нест”. Ва ба суоли “Оё боло бурда мешаванд?” посух меиҳад мо бояд аввал маоши мардумро боло барем, баъд дар бораи маоши худ фикр кунем”.
Ӯ як телефони дастии давлатӣ ва як шахсӣ дорад. Шахсиашро замони инқилоб барояш тӯҳфа кардаанд, “чун кӯҳнааш хеле кӯҳна буд”. Вале ҳамон кӯҳнаи кӯҳнаашро ҳам дар ҳамон борхалтаи машҳураш нигоҳ медорад.
Мусоҳибаи Алексей Романовро бо Никол Пашинён инҷо тамошо кунед: