Рубрики Хабарҳо

Ҳукумов 120 сомонӣ, Мирсаидов 12 сол

Барои эътирозаш алайҳи фасод рӯзноманигор Хайрулло Мирсаидов ба 12 соли зиндон маҳкум шуд. Моддаҳое ҳам, ки ба ӯ бастаанд, ба қавле хидматианд — ғасби моликияти давлат, тақаллуби ҳуҷҷатҳо ва расонидани маълумоти дурӯғ.

Зимни баромадаш додрас гуфт, ки агар Мирсаидов 124000 сомон (13,5 ҳазор доллар) зарари расонидаашро ба давлат бармегардонд, маҳкум ба зиндон намешуд.

Чунин мӯҳлати ҳабс амалан огоҳӣ ба рӯзноманигоронест, ки мехоҳанд ҷиноёти намояндагони мақомотро ифшо кунанд. Ҳеҷ кас ҳақи ифшои фасоди сартосариро надорад.

Тибқи маълумоти Шохиси идроки фасод Transparency International Тоҷикистон бо ишғоли ҷои 161-ум байни 180 кишвар, ба даҳгонаи фасодзадатарин кишварҳои ҷаҳон ворид шудааст. Бо ҳукми Мирсаидов мақомот расман тасдиқ карданд, ки аз фасод дастгирӣ мекунанд.

Паём ҳолатҳоеро ба хотир овард, ки додгоҳ ҷинояткорони наздик ба раҳбарияти кишварро “ҷазо” медод.

Миллион доллар ришва

Бо гумони гирифтани ришва дар ҳаҷми ним миллион доллар соли гузашта корманди Вазорати рушди иқтисод, узви ҲХДТ Аскар Нурализода боздошт шуд. Дар умум ӯ барои ворид сохтани як ширкат ба Барномаи давлатии сармоягузорӣ барои дарёфти грант дар ҳаҷми 10 миллион доллар, мебоист 1 миллион доллар ришва мегирифт. Нурализода ба якчанд ҳолати гирифтани ришва гунаҳгор дониста шуда, ба 11 соли зиндон маҳкум шуд.   

Аскар Нурализода

Хешовандони одамони калон

Соли 2015 Кумитаи давлатии амнияти миллӣ бародари собиқ раҳбари Агентии мубориза бо фасод Абдуфаттоҳ Ғоиб — Наҷмиддин Саидовро дастгир кард. Саидов бо далели шайъӣ — 600 ҳазор доллар дастгир карда шуд. Ӯ ба ин маблағ курсии раҳбари Раёсати Хадамоти гумрук дар вилояти Суғдро мефурӯхт. Бародараш Абдуфаттоҳ Ғоиб он вақт аллакай раисии Хадамоти гумрукро ба дӯш дошт. Саидов бо пардохти 200 ҳазор сомонӣ ҷарима озод гардид.

Абдуфаттоҳ Ғоиб

Соли 2012 бинобар ширкат дар тиҷорати маводи мухаддир, бародари ноиби аввали раҳбари КДАМ Мансур Умаров ва собиқ сардори шӯъбаи мубориза бо тиҷорати ғайриқонунии маводи мухаддири ШВКД ноҳияи Фархор Фаридун Умаров бо тахаллуси “Пантера” ба ҳафт соли зиндон маҳкум шуд.

Ӯ моҳи январи соли 2012 зимни кӯшиши интиқоли 42 килограм ҳероин боздошт шуда буд. Умаров узви гурӯҳи ҷинояткоре буд, ки Рустам Ҳайитов бо тахаллуси “Ҳаммер” раҳбарӣ мекард.

Баъди ҳамагӣ ду сол, моҳи августи моли 2014 Умаров аз зиндон озод гардид. Тибқи иттилои манбаъи Паём замоне ҳам, ки Фаридун Умаров мӯҳлати ҷазояшро сипарӣ мекард, танҳо ҳафтае боре ба зиндон ҳозир мешуд. Дар асл ӯ дар Душанбе зиндагӣ мекард.

Мансур Умаров

Гунаҳкор — Тойота

Соли гузашта Фаромӯз Саидов, писари ноиби сарвазири Тоҷикистон Давлаталӣ Саид садамаи нақлиётӣ содир намуд, ки боиси марги ду нафар шуд. Дар натиҷаи ин садама сокини 25-солаи Душанбе Ҳилола Раҳимова, ки дохили мошини Фаромӯз буд, ҷон бохт. Ҳамчунин корманди Хадамоти коммуналӣ — сокини 30-солаи ноҳияи Варзоб Рустам Сатторов зери чархи мошини писари ноиби сарвазир кушта шуд. Худи Фаромӯз Саидов бо ҷароҳатҳои сабук дар беморхона бистарӣ гардид.      

Аммо раёсати тафтишотии ВКД Тоҷикистон аз ифтитоҳи парвандаи ҷиноӣ алайҳи писари ноиби сарвазир даст кашид.

“Дар хулосаи муфаттишони ВКД, ки парвандаи Фаромуз Саидовро тафтиш карданд, омадааст, садамаи нақлиётӣ бинобар нуқсони техникии автомобили Тойота, ки Фаромӯз Саидов онро идора мекард, рух додааст. Айби ронанда дар садама муайян нашудааст” — хабар доданд дар Додситонии кулл.

Давлаталӣ Саид

Натиҷаи 7 экспертиза

Моҳи октябри соли 2013 писари раҳбари собиқи Роҳи оҳани Тоҷикистон ва хеши раисҷумҳур Амонулло Ҳукумов  — Расул Амонулло вориди садамаи автомобилӣ шуд, ки натиҷааш марги се нафар гардид. Дарҳол баъди садама ВКД хабар дод, ки сари чамбараки мошин писари ноболиғи Амонулло Ҳукумов қарор дошт.

Додгоҳ модари Расулро тибқи қонуни “Масъулияти падару модар дар тарбияи фарзанд” 120 сомонӣ (25 доллар бо қурби ҳамонвақта) ҷарима кард.

Амонулло Ҳукумов

Баъди 9 моҳи (!) ин садама вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода эълон кард, ки “мо ҳафт экспертизаи гуногун гузаронидем ва муайян шуд, ки писари собиқ раиси РОТ Амонулло Ҳукумов дар садам гунаҳгор нест”

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *