Андози ғайримустақим (аксиз) барои оби зарфӣ дар Тоҷикистон якбора се маротиба боло рафт. Ин ҳам дар ҳолест, ки Тоҷикистон ягона кишварест, ки аз оби табиии нӯшокӣ андози ғайримустақим меситонад.
Андози ғайримустақим аз обҳои ширинкардашуда дар Тоҷикистон аз соли 2005 вуҷуд дорад, ки дар аввал аз ҳар литри он 0,01 евро ситонида мешуд ва кам кам то 0,3 евро боло рафт. Барои оби табиӣ аксиз аз соли 2013 ҷорӣ шуд ва аз ҳар литри он 0.2 евро ситонида мешуд.
Рӯзи 9 июн ҳукумати Тоҷикистон қарорро “Дар бораи меъёри аксизҳо барои баъзе маҳсулоте, ки дар Тоҷикистон истеҳсол шудаанд ва ё ба Тоҷикистон ворид карда мешаванд” ба имзо расонд. Тибқи он меъёри андози ғайримустақим барои обҳои табииву сунъӣ, минералӣ, газнок ва ширингардонидашуда бавассути шакар ё дигар маводи ширинкунӣ боло бурда мешавад.
Андози ғайримустақим барои обҳои табиӣ, минералӣ, газнок ва бидуни шакар аз 0,2 евро барои ҳар литр ба 0,6 евро расонида мешавад. Барои оби ширингардонидашуда ва дигар нӯшокиҳои бидуни алкул ба истиснои афшураҳои меваву сабзавот аз 0,3 евро барои литр ба 0,9 евро мерасад.
Минбаъд нархи оби табиии нимлитрӣ ҳадди ақал 40 дирам ва яклитрӣ 60 дирам боло хоҳад рафт. Аммо болои обҳои ширини яклитрӣ ҳади ақал 1 сомон изофа мешавад.
Барои обҳои 19 литраи зарфӣ, ки мардуми шаҳр ба хонаҳояш фармоиш медод, танҳо андози ғайримумустақим 12 сомонро ташкил хоҳад дод. Дар ҳоле, ки то ҳол нархи ин зарфи об 10 сомонӣ буд. Минбаъд он ҳади ақал 20 сомонӣ хоҳад буд.
Мақомот мегӯянд об пурфурӯштарин маҳсулоти хӯрокии истеҳсолшаванда аст ва бояд аз он барои пур кардани буҷа истифода шавад. Аммо коршиносон ба ин назаранд, ки боло бурдани андози ғайримустақим истеъмоли оби зарфиро ба тарзи чашмрас поён бурда, боиси кам шудани даромади буҷа аз андозҳои дигар ва баста шудани корхонаҳову бекор мондани садҳо нафар хоҳад буд.
Ҳамчунин ин андозбандӣ метавонад бозори сиёҳи истеҳсоли оби нӯшокиро ривоҷ диҳад.
Абдуманнон Шералиев, коршиноси масоили иқтисодӣ мегӯяд:
“Боло бурдани андоз аз маводи хӯрокии истеҳсолӣ барои пур кардани буҷа ҳади ақал соддалавҳона аст. Дар назари аввал аз масалан 10 миллион литр оби моҳона истеъмолшаванда дар кишвар 7 миллион сомонӣ даромади иловагӣ барои буҷа ҳосил хоҳад шуд. Аммо ин кор чанд паёмади манфӣ дорад:
1. Истеъмол ва дар натиҷа истеҳсоли онро кам мекунад;
- Бозори сиёҳи истеҳсоли он рушд мекунад;
- Корхонаҳо қисмати бештари истеҳсолашонро пинҳон мекунанд;
- Сифати маҳсулот паст мешавад;
- Чанд корхона баста ба коргаронаш бекор мемонанд ва ғайра.
Дар натиҷа ба ивази 7 миллион даромади иловагӣ, ки давлат аз ин аксизҳо пешбинӣ кардааст, 8-10 миллион аз ҷонибҳои дигар зарар мебинад”.