Рубрики Хабарҳо

Шарофиддин Гадоев: Раҳмонов ҷосуси хадамоти махсус буд

Шарофиддин Гадоев узви Шӯрои сиёсӣ ва яке аз асосгузорони ҳаракати мардумии Ислоҳот ва рушди Тоҷикистон гуфт Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон аз замони шӯравӣ ҷосуси хадамоти махсус буд.

Ӯ гуфт ӯро дар иҷлосияи 16-ум Шӯрои Олии Тоҷииктсон бо фишори хадамоти мазсуси кишварҳои беруна танҳо барои ду сол интихоб карданд ва ин хадамот ба Фронти Халқӣ кафолат доданд, ки ду сол баъд номзади онҳо сари қудрат хоҳад омад. Гадоев мутмаин аст, ки сабаби кушта шудани Сангак Сафаров ва Файзалӣ Саидов ҳам ҳамин буд, ки ба ҳукумати Раҳмонов идома дода шавад.  

Гадоев гуфт Раҳмонов танҳо бо супориши хоҷагонаш сулҳ кард ва дар асл ҳеҷ /** барои сулҳ надошт. “Ӯ асосгузори ҷанг ва ҳама хунрезиҳо буд ва пешвои қотилон ва як иддда ҷинояткорон” — гуфт Гадоев.

“Хиёнатҳое ки Раҳмонов дар давраи ҷанг кард бас набуд, ки то имрӯз идома медиҳад. Нобиғаҳо, ҷавонмардони миллатро кушт. Миллати сарбаланду сарфароз ва донишмандро ба як миллати бечораву дарбадару бечора ва тарсу табдил доданд” — изҳор дошт Шарофиддин Гадоев.

Узви Шӯрои сиёсии ИРТ ба ваҳдату ҳамкорӣ даъват кард ва гуфт: Мо бояд ба гурӯҳҳо тақсим нашавем ба бо ҳам биёем. ва дар асоси манфиатҳои умумиллӣ тасми гирем.

Биншинему ҳама масъалаҳоро баррасӣ кунем ва миллатро аз ин рӯзҳои сахт озод намоем.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *