Як шаҳрванди 21-солаи Тоҷикистон, ки ба коронавирус мубтало шуда буд, дар шимолу шарқи шаҳри Маскав дастгир гардида, маҷбуран бистарӣ карда шудааст.
Дар ин бора сомонаи Ахбор бо истинод аз як манбаи дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқи пойтахти Русия хабар медищд.
Тибци иттилои манбаи хабар дар бадани ин ҷавон шакли сабуки коронавирус ташхис шуда буд ва табибон ба ин далел ба ӯ дастур дода буданд, ки худро дар хона карантин карда, мустақилона ба табобати худ машғул шавад.
Аммо ин ҷавон чанд дафъа аз хонааш берун рафтааст ва вайрон шудани режими карантин аз ҷониби ӯро видеокамераҳои назоратӣ сабт кардаанд.
Пулис ва кормандони тиб тавассути видеокамераҳо ҳаракатҳои ҷавонро пайгирӣ карда, вақте барои бурдани ӯ омаданд, ки ҷавони тоҷик аз сайругашт баргашта, дар хонааш буд. Вақте ҷавонро дар хонааш дастгир карданд, ӯ ба кормандони пулис гуфт, дастури табибонро дуруст нафаҳмидааст ва намедонист, ки набояд тарки манзил кунад. Вале бо ин вуҷуд ба ӯ акнун барои вайрон кардани қоидаҳои карантин ва зери хатар гузоштани ҳаёт ва саломатии дигарон камаш 15 ҳазор рубл ҷарима таҳдид мекунад.
То дирӯз 6 апрел дар Русия 6343 мавриди сироят ба коронавирус сабт шудааст. Танҳо дар як шабонарӯзи охир дар ин кишвар 954 мавриди нави гирифторӣ ба ин вируси қаттол сабт шудааст. То имрӯз коронавирус дар Русия сабаби марги 47 нафар гардидааст.
Дар умум дар ҷаҳон то рӯзи 6 апрел шумораи умумии гирифторони коронавирус ба 1 миллиону 300 ҳазор нафар расида, шумори қурбониёни ин вирус аз 70 ҳазор гузашт. Аммо дар айни замон алакай 272 ҳазор нафар тавонистаанд аз ин вируси қаттол шифо ёбанд.