“Тӯби тиллоӣ” барои шашумин бор насиби Лионел Месси, ҳамлагари дастаи “Барселона”-и Испания ва мунтахаби Аргентина расид. Месси беҳтарин футболбоз дар соли 2019 эътироф шуд.
Футболбози аргентинӣ имсол ҳам бо “Барселона” қаҳрамони футболи Испаниё шуд, ва ин шуморро низ ба 10 расонд. Бо гирифтани шашумин тӯби тиллоӣ ӯ Криштиану Роналдуро ҳам, ки панҷ бор ба ин ифтихор сазовор шудааст, ақаб зад. Месси беҳтарин нишонзани қаҳрамонии Испания (37 гол) ва Лигаи қаҳрамонҳо (12 гол) гардид.
Қаблан Месси солҳои 2009, 2010, 2011, 2012 ва 2015 барандаи “Тӯби тиллоӣ шуда буд.
Роналду имсол дар рӯйхати беҳтарин бозингарон дар ҷи 3-ум ва Мҳаммад Салоҳ дар ҷои 5-ум қарор гирифтанд:
1. Лионел Месси («Барселона»)
2. Вирҷил ван Дейк («Ливерпул»)
3. Криштиану Роналду («Ювентус»)
4. Садио Мане («Ливерпул»)
5. Муҳаммад Салоҳ («Ливерпул»)
6. Килиан Мбаппе («ПСЖ»)
7. Алиссон Беккер («Ливерпул»)
8. Роберт Левандовский («Бавария»)
9. Бернарду Силва («Манчестер Сити»)
10. Рияд Марез («Манчестер Сити»)