Муҳочирони муқими Русия муроҷиатномае ба раисҷусҳур ва раиси ҳукумат фиристода, хостаанд ҳукумат онҳоро ба ҳайси сармоягузорон бишносад ва барномае барои ҷалби онҳо ба пружаҳои сармоягузорӣ омода кунад.
Муҳоҷирони қирғиз, ки дар Русия қомат рост кардаанд, мехоҳанд маблағҳои коркардашонро дар ватанашон сармоягузорӣ кунанд ва кӯмаку дастгирии ҳукуматро мехоҳанд.
Муроҷиат ба ҳукумат
“Давоми 15 сол сатҳи бачаҳое, ки барои дарёфти ризқ ба Русия рафта буданду чун борбардору кӯчарӯб кор мекарданд, боло рафтааст. Ҳоло онҳо соҳибкор шудаанд, вориди бизнес гаштаанд ва ҳисоб кардани пулро омӯхтаанд. Дар 10-15 соли охир қирғизҳо дар Русия зинаи нав баромадаанд. Соҳибкорони қирғиз тақриба касб вардаанд ва ҳоло мо медонем чӣ гуна ва бо чӣ чизе ба Қирғизистон баргардем. Ба кишвар бояд сармоягузорӣ кард. Агар ҳукумат аз мо дастгирӣ кунад, мо мехоҳем кори худро ба ватанамон кӯчонем” — гуфт раҳбари Анҷумани байналмиллалии муҳоҷирон Акбар Мамаризиқов дар нишасти матбуотие, ки дар ин мавзӯъ дар Бишкек баргузор шуд.
Дар муроҷиъатнома муҳоҷирон хостаанд ба онҳо чун ба сармоягузорон сабукиҳо дода шавад — озодӣ аз пардохти андоз барои 5 сол ва тафтиши мақомот барои 3 сол.
Онҳо ҳамчунин назди ҳукумат вазифа гузоштаанд масъалаҳои суғуртаи нафақа ва пардохти нафақа ба муҳоҷирони меҳнатие, ки дар хориҷ кор мекунанду ба кишвар маблағ мефиристанд, ҳал кунад. Ва аз ҳукумат талаб кардаанд, ки ҳарчӣ зудтар ба сахттар шудани қавонини муҳоҷират вокуниш нишон диҳад.
Саҳм дар иқтисоди ватан
Илгиз Сарилдик уулу, як соҳибкори муваффақ дар Қирғизистон аст, ки замоне барои кор ба Русия рафта буд. Дар се соли меҳнати хастанопазир ӯ маблағи хубе кор карду ба ватанаш баргашт.
Ҳоло ӯ хоҷагии моҳипарварӣ дорад. Ӯ худро на танҳо соҳибкор, инчунин сармоягузор меҳисобад. “Мо худро сармоягузор меҳисобем, чун ба бизнес на 60-70 ҳазор сом, балки миллионҳо ва ҳатто миллиардҳо сармоягузорӣ мекунем. Агар ман танҳо манфиати худро ба назар мегирифтам ба 700 ҳазор доллар бизнеси дигаре боз мекардам. Аммо ба он хотир ба хоҷагии моҳипарварӣ сармоягузорӣ крадам, ки фикр мекунам бо ин кор метавонам дар пешрафти иқтисодии ватанам саҳм гузорам” — мегӯяд ӯ.
“Баъзе аз мансабдорони мо пайваста аз ҷалби сармоя мегӯянд. Дар ҳамин ҳол, онҳо зери ин мафҳум сармоягузоророни серпули хориҷиро дар назар доранд. Вале сармоягузорони доимӣ ва содиқе, ки пайваста ба кишвари мо сармоя ворид мекунанд, муҳоҷирони меҳнатии худамон ҳастанд. Зарурати назди онҳо бо суханҳои зебо баромад кардан ва кишварро таъриф кардан ҳам нест — онҳо ҳамватанони худамонанд. Танҳо лозим аст барои онҳо шароити хуби сармоягузорӣ фароҳам карда шавад” — мегӯяд раҳбари ҳизби “Замандаш” Жениш Молдокматов.
Ҳукумат ҳам омода аст
Раҳбари Хадамоти давлатии муҳоҷират Улан Шамшиев мегӯяд, ҳукумат барномаеро рӯи даст дорад, ки дар он механизми махсуси истифодаи маблағҳои интиқолдиҳандаи муҳоҷирони корӣ сохта мешавад.
Хадамоти мо барномаи нави “Дастгири ҳамватанон”-ро омода кардааст, ки алъон дар марҳалаи баррасӣ дар дастгоҳи раисҷумҳур аст. Дар барнома мо 4 равиши асосиро ворид кардаем, аз ҷумла фароҳамсозии шароити хуби сармоягузорӣ барои ҳамватанон” — гуфт Улан Шамшиев.
Тибқи гуфтаи ӯ ин барнома тирамоҳ барои назаргирии ҷамъиятӣ баъдан дар баррасии парлумон гузошта мешавад.
Тарҷума аз ВВС