Categories Хабарҳо

Марги ду пизишки тоҷик дар Яман

Расонаҳои яманӣ навиштаанд ду пизишки тоҷик ҳангоми кор дар Яман бар асари сактаи дил ва сактаи мағзӣ фавтидаанд. Аммо як манбаъ ба Паём гуфт, ки ҳардуи ин табиб аз ҷониби силоҳбадастони номаълум ба қатл расонида шудаанд. Ҷасади онҳоро рӯзи 11-уми январ дар шаҳри Ал-Мукаллои вилояти Хазрамаут дафн мекунанд.

Манучеҳр Абдуев, намояндаи ширкати «Здравэкспорт»-и Русия, ки табибони тоҷикро барои кор ба шифохонаҳои Яман ҷалб мекунад, 11-уми январ ба Радиои Озодӣ гуфтааст, яке аз табибон 49-сола ва дигаре 56-сола буд.

«Ҷамшед Бегалиев ва Саидмуҳиддин Тошев чанд сол боз дар шифохонаи хусусии Ибни Сино дар шаҳри Ал-Мукалло кор мекарданд. Бегалиев ҷарроҳ ва Тошев анестизиолог буданд».

Ӯ афзудааст, бо ризоияти хешовандон табибони тоҷикро дар Яман ба хок месупоранд: «Сафорати Тоҷикистон дар Арабистони Саудӣ низ дар ҷараён аст ва барои таҳияи санадҳо ба хонаводаи фавтидагон ёрӣ расонд.»

Дар ҳамин ҳол, расонаҳои маҳаллӣ дар Яман навиштаанд, «табибони фавтидаи тоҷик дӯстони қарин буданд ва вақте яке хабари марги дигариро дар меҳмонӣ шунидааст, якбора вазъи саломатиаш нохуб шуда, даргузаштааст.»

Бино бар камии маош дар Тоҷикистон табибону парасторони тоҷик барои кор ба Яман мераванд. Ин дар ҳолест, ки аз соли 2015 инҷониб Яман шоҳиди даргириҳои шадид аст. Эътилофи зери раҳбарии Арабистони Саудӣ ба зидди шӯришиёни ҳусӣ – мухолифони шиамазҳаби ҳукумати Яман – меҷангад. Бовар меравад шӯришиёни ҳусӣ аз пуштибонии Эрон бархӯрдоранд.

Манучеҳр Абдуев гуфт, нооромиҳои охир ба кори табибони тоҷик дар ин кившар ҳам бетаъсир набуд ва «бисёриҳо Яманро тарк карданд».

Омори дақиқи табибони тоҷике, ки дар ин кишвари арабӣ кор мекунанд, маълум нест, аммо Манучеҳр Абдуев гуфт, ҳоло аз 50 то 80 пизишки тоҷик дар Яман мондаанд. Ӯ гуфт: «Аксарият дар шифохонаҳои хусусӣ кор мекунанд. Дар онҷо сари вақт маошашонро медиҳанд. Барои ҳамин, кор мекунанд.»

Абдуев афзуд, табибони тоҷик дар Яман аз обрӯву эътибор бархӯрдоранд ва мақомдорони Яман ҳам борҳо хоҳиш кардаанд, ки табибони тоҷик дар шароити душвор барои муолиҷаи мардум мадад расонанд. Дар миёни табибони тоҷик дар Яман занҳо низ ҳастанд ва Абдуев гуфт, «онҳо аксаран момодоя ва ё гинеколог ҳастанд».

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *