Мақомоти Туркия Мӯҳриддин Эмомов, як сокини ноҳияи Вахши Тоҷикистонро баъди 11 моҳи боздошт озод кардаанд. Ин афсари собиқи милитсия 21 августи соли 2017 дар шаҳри Истанбул бо дархости мақомоти Тоҷикистон дастгир шуда, 11 моҳ боз дар боздоштгоҳи шаҳри Измир қарор дошт.
Додгоҳи Туркия гуфт, иттиҳоми иртиботи Эмомов бо гуруҳҳои ифротӣ исбот нашуд.
Сайфиддин Эмомов, бародари Мӯҳриддин Эмомов рӯзи 22 июл хабари раҳоии бародарашро тасдиқ кард ва гуфт, Мӯҳриддин ҳоло дар назди аҳли хонавода қарор дошта, сиҳату саломат аст.
Сайфиддин Эмомов гуфт, бародарашро рӯзи 20 июл аз боздоштгоҳи шаҳри Измир озод кардаанд ва ӯ субҳи 21 июл ба назди онҳо ба Истанбул расид.
Додгоҳи Туркия дар ҳукми озодии ин шаҳрванди Тоҷикистон гуфтааст, ки иттиҳомоти мақомоти Тоҷикистон дар бораи бо гуруҳҳои ифротӣ робита додани Мӯҳриддин Эмомов исбот нашуд ва ба ин далел, ӯ аз боздошт озод карда шуда, дархости истирдодаш ба Тоҷикистон рад шуд.
Худи Мӯҳриддин Эмомов мегӯяд, акнун умедвор аст, ки мақомоти Тоҷикистон қарори манъи сафари зану фарзандони ӯро бозбинӣ карда, ба онҳо иҷозат медиҳанд, то ба Туркия биоянд.
Ба гуфтаи наздикони ин хонавода, мақомоти корҳои дохилии ноҳияи Вахш ахиран бо онҳо дар тамос шуда, пешниҳод кардаанд, ки ба Тоҷикистон баргарданд. Яке аз раҳбарони ШВКД Ваъш гуфтааст, президент ба ҳамаи аъзои гуруҳҳои мухолиф имкони афв додааст ва Эмомовҳо низ метавонанд аз он истифода баранд ва ба Ватан баргарданд.
Исми Мӯҳриддин Эмомов ва бародараш Сайфиддин Эмомов соли 2016 замоне расонаӣ шуд, ки онҳо ба матбуот дар бораи манъи сафари аҳли хонаводаҳояшон хабар доданд ва гуфтанд, мақомоти Тоҷикистон ба наздикони онҳо иҷозати сафар ба Туркияро намедиҳанд ва чанд маротиба онҳоро аз фурудгоҳ баргардондаанд.
Дар моҳи феврали соли 2017, баъди нашри муроҷиати видеоии Сайфиддин Эмомов мақомот ба зану фарзандони ӯ ва модару хоҳарашон иҷозати сафар доданд ва онҳо ба Туркия омаданд.
Вале ба зану се фарзанди Мӯҳриддин Эмомов то ҳол чунин иҷозат дода нашудааст. Ӯ дар як сӯҳбати қабл аз боздошташ гуфт, ки дар ин муддат 5 маротиба зану фарзандонашро аз фурудгоҳ ва аз марзи Тоҷикистон аз роҳи сафар ба Туркия баргардондаанд.
Якуним сол пеш Масъуд, писари Мӯҳриддин Эмомов, ки он вақт дар синфи 3 мехонд, дар як паёми видеоӣ ҳатто ба шаҳрдори Душанбе Рустами Эмомалӣ муроҷиат кард, ки ба сафари онҳо ба пеши падараш иҷозат диҳанд.
Масъуд Эмомов дар ин видео, ки онро дар Ютуб қариб 200 ҳазор нафар тамошо кардаанд, дар ҳаққи Рустами Эмомалӣ сураеро аз «Қуръон” тиловат карда, мегӯяд, ки кормандони амният инак соли сеюм аст, ки ӯву додару хоҳараш ва модари онҳоро намегузоранд ба пеши падарашон ба Туркия сафар кунанд:»Акаи Рустами Эмомалӣ! Мо 5 бор шуд, билет мегирем, моро аз аэропорт мегардонад амният. Мо се сол шуд падарамонро надидем, мо падарамонро хеле ёд кардем. Акаи Рустами Эмомалӣ! Моро дастгирӣ кунед!”
Садоқат Эмомова, ҳамсари Мӯриддин Эмомов моҳи феврали соли 2017 , баъди онки онҳоро аз марзи Исфара бо Бодканди Қирғизистон пас гардонданд, ҳатто дору хӯрда, қасди худкушӣ карда буд, вале табибон вайро аз марг наҷот доданд.
Мӯҳриддин Эмомов 34 сол дошта, аз соли 2015 дар шаҳри Истанбули Туркия кору зиндагӣ мекунад. Ӯ аз соли 2007 то 2013 дар Агентии мубориза бо маводи мухаддири Тоҷикистон ва сипас то сафараш ба Туркия дар раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе кор кардааст ва унвони лейтенанти калонро дорад.
Баъди рӯ задани хатари созмонҳои тундраве, чун ДОИШ, ва ба сафи гурӯҳҳои ҷангҷӯ пайвастани садҳо зодаи Тоҷикистон, ки асосан тавассути Туркия ба Ховари Миёна рафтанд, онҳое ки дар Туркия кору зиндагӣ мекунанд, мавриди шакку шубҳаи мақомоти амниятии Тоҷикистон қарор гирифтанд. Номаи аъмоли ҳар нафаре ки ҳоло дар Туркия қарор дорад, дар Тоҷикистон беш аз пеш ва хеле мӯшикофона омӯхта мешавад.
Вале Мӯҳриддин Эмомов мегуфт, ки ӯ ягон фаъолияти сиёсӣ надорад ва дар Истамбул дар як корхонаи қолин кор мекунад. Падари онҳоКамолиддин Эмомовқаблан узви ҳизби мухолифи наҳзати исломӣ буд, вале ӯ ҳанӯз соли 2012 аз олам гузашт.
Мӯҳриддин Эмомов гуфта буд, ки манзилашон дар ноҳияи Вахшро гарав монда, аз «Тоҷиксодиротбонк” 50 ҳазор доллар қарз гирифта буд, вале тиҷораташ омад накард ва ҳоло бонк ба зану фарзандонаш мӯҳлат додааст, ки хонаашон дар ноҳияи Вахшро холӣ кунанд.
Худи Мӯҳриддин Эмомов дар як сӯҳбати қаблиаш дар бораи сабабҳои эҳтимолии шубҳаи мақомот чунин ҳадс зада буд:»Ман соли 2015 вақте корро дар милиса бас карда, ба Туркия омада будам, ки полковник Гулмурод Ҳалимов ба тозагӣ ба Сурия фирор карда буд. Вале ман Гулмурод Ҳалимовро намешинохтам ва ягон алоқамандие ба вай надоштам. Дар моҳи июни соли 2016 пулиси Туркия ману ду бародарамро бо дархости мақомоти Тоҷикистон дастгир кард, як моҳ дар ҳабс будем, вале тафтиш карда диданд, ки мо ягон фикри рафтан ба Сурияву пайвастан ба ягон созмони ифротиро надорем. Агар сабаби шубҳаашон ҳамин бошад, пас беасос аст.”
Мӯҳриддин Эмомов ҳоло қарори додгоҳи Туркия дар бораи озодиаш дар даст умедвор аст, ки акнун ки аз иттиҳоми ифротгароӣ номаш пок шуд, мақомоти Тоҷикистон ба зану фарзандонаш иҷозати сафар ба Туркияро хоҳанд дод. Ӯ ҳоло дар фикри пайдо кардани ягон ҷои кор аст.
Манбаъ: сомонаи «Ахбор»