Рубрики Хабарҳо

Алиев: Арманистон масъули харобиҳо Дар Қаробоғи Кӯҳист

Раиси Ҷумҳурии Озарбойҷон гуфт: Арманистон бояд масъулияти харобиҳои ба бор омада дар зерсохтҳои манотиқи мавриди муноқишаи Қарабоғро ба ӯҳда гирад.

Илҳом Алиев гуфтааст: «Тамоми зерсохтори Қарабоғи Кӯҳӣ  хароб шудааст ва Арманистон бояд барои ин тахрибкорӣ дар додгоҳи байналмилалӣ ҷавоб гӯянд.»

Дар ин бора хабаргузории Спутник иттилоъ додааст.

Ба иттилои манбаъ, раиси Ҷумҳурии Озарбойҷон бо таъкид гуфтааст: «коршиносон ва мутахассисони байналмилалӣ бояд ин хисоротро арзёбӣ кунанд ва мо аз Арманистон барои 30 сол ҷуброн хоҳем гирифт.»

Алиев дар идома таъкид кардааст: «Дар ин давра Арманистон хонаҳо, ҷангалҳо ва шаҳри Калбаҷарро хароб карданд ва онҳо бояд барои ин ҳама ҷавоб гӯянд.»

Рӯзи душанбе Алиев аз минтақаҳои Фузулӣ ва Ҷабраил боздид кард, ки ҳоло таҳти назорати артиши Озарбойҷон ҳастанд.

Гуфтанист, рӯзи 10 ноябр Владимир Путин, Илҳом Алиев ва Никол Пашинян, раҳбарони Русия, Озарбойҷон ва Арманистон барои ба итмом расонидани қатъи амалиёти ҷангӣ дар Қарабоғи Кӯҳӣ баёнияҳои муштарак имзо карданд.

Тибқи ин изҳорот, Боку ва Ереван бояд дар мавқеъҳои ишғолкардаи худ таваққуф кунанд, зиндониёнро иваз кунанд ва нерӯҳои посдори сулҳи Русияро дар хатти тамос ва долони Лочин, ки Қарабоғи Кӯҳиро бо Арманистон мепайвандад, мустақар кунанд.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *