Владимир Зеленский, раисҷумҳури Укроин дар паёми видеоӣ ба мардуми кишвараш ҳушдор дод, ки ҳамалоти Русия ба зудӣ шиддат хоҳад гирифт ва аз сокинони Донетск хост минтақаро ба суръат тарк кунанд.
Раисҷумҳури Укроин дар як паёми видеоӣ, ки шомгоҳи шанбе 30 июл пахш шуд аз ҳама шаҳрвандоне, ки ҳанӯз дар минтақаи Донетск воқеъ дар шарқи Укроин мондаанд, хост то ҳарчи сареътар ин манотиқро тарк кунанд.
Ӯ гуфт: “садҳо ҳазор нафар ба ҳамроҳии даҳҳо ҳазор кӯдак дар Донбасс тарки минтақа худдорӣ мекунанд”. Ва афзуд: “бовар кунед! ҳарчи афроди бештаре Донетскро тарк кунанд, артиши Русия камтар метавонад куштор кунад.”
Зеленский ҳамчунин ҳушдор дод, ки ҳамалоти Русия дар ин минтақа ба зудӣ шиддат мегирад ва набард боло хоҳад гирифт.
Пештар давлати Укроин бо истинод ба нобудии шабакаи газрасонӣ дар ҷанг ва фаро расидани фасли сармо дар моҳҳои оянда, сокинони минтақаи Донетскро муваззаф ба тахлияи манотиқи маскунии худ карда буд.
Зеленский дар паёми видеоии худ таъкид кард, ки ҳама имконот барои тахлияи шаҳрвандони ғайринизомиро дар манотиқе, ки ҳанӯз ба тасарруфи Русия дарнаомадаанд ба кор гирад. Ў бо шиква аз ин ки ҳанӯз бархе аз шаҳрвандон дар минтақа мондаанд афзуд: “роҳ биафтед, мо кумак мекунем”.
Зеленский: Русия ҳукумати террористӣ аст
Раисҷумҳури Укроин як бори дигар дар паёми видеоии шаби шанбеи худ ҳукумати Русияро террористӣ хонд ва гуфт: “агар Амрико, ҳукумати Русияро ба унвони як ҳукумати террористӣ арзёбӣ кунад, ҳама шарикон иртиботи худро бо ин кишвар қатъ хоҳанд кард”.
Зеленский бо таъкиди куштори асирҳои ҷангии укроиниро дар зиндони Еленовский, ки дар минтақаи Донетск тавассути шӯришиёни ҷудоиталаб нигаҳдорӣ мешуданд маҳкум кард.
Русия мегӯяд ин асирҳо тавассути шиллики ракетҳои украинӣ кушта шудаанд. Украина иддаои Русияро рад мекунад ва мегӯяд, нерӯҳои русӣ зиндонро бомбаборон карданд то шавоҳиди шиканҷа ва куштори зиндониёнро пинҳон кунанд.