Таслияти мухолифин ва ҳукумат, боздошти боз се нафар ва тасдиқи ҳамла аз тарафи ВКД
Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, Анҷумани озодандешони тоҷик ва раисҷумҳури Тоҷикистон ба хонаводаи қурбониён ва кишварҳое, ки шаҳрвандонашон дирӯз дар Тоҷикистон кушта шуданд, ҳамдардӣ баён карданд.
Баъди изҳори ҳамдардӣ ҳар се ҷониб аз як таҳқиқи саривақтӣ ва муайян кардани гунаҳкорон гуфтаанд.
ҲНИТ изҳори умедворӣ кардааст, ки “дар наздиктарин фурсат ҷузъиёти ин ҳодисаи мудҳиш ошкор хоҳанд гашт. Таҳқиқоти саривақтӣ, ошкор намудани сабабҳо ва омилони ин фоҷеа на танҳо пеши роҳи ҳамагуна овозаҳо ва фарзияҳои беасосро мегирад, балки эътимоду оромиро ба мардум ва меҳмонони хориҷӣ бармегардонад”.
АОТ навиштааст “Мо умедворем, ки як таҳқиқи комил ва ҳамаҷониба ва шаффоф дар робита бо ин ҳодисаи ғамангез, ки ҳеч шакку тардиде боқӣ нахоҳад гузошт, сурат бигирад.”
Раисҷумҳур Эмоммалӣ Раҳмон ваъда додааст “ҷиҳати муайян кардан ва ба ҷавобгарӣ кашидани гунаҳкорони ин амали золимона хадамоти дахлдори кишвар тамоми чораҳои заруриро” бияндешанд.
Мақомоти интизомии Тоҷикистон аз боздошти боз се нафар “аъзои гурӯҳи ҷинояткор”, ки боиси ҳалокати чаҳор сайёҳи хориҷӣ ва маҷрӯҳ шудани се нафари дигари онҳо гардид, хабар доданд. Мақомот қаблан гуфта буданд, ки як нафар ба иттиҳоми даст доштан дар ҳалокати сайёҳони хориҷӣ боздошт ва ду нафари дигар «нобуд» карда шуданд.
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон имрӯз, душанбеи 30-уми июл бо нашри як иттилоия гуфт, ки бар асоси нишондоди яке аз боздоштшудаҳо бо номи Абдусамадов Ҳ.А — сокини шаҳри Душанбе, боз ду нафар сокинони шаҳри Кӯлоб ва як сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамчун гумонбар ба ҳамкорӣ бо ин гурӯҳ, боздошт шуданд. Вазорат инчунин гуфт, ки амалиёти ҷустуҷӯӣ барои дастгир намудани аъзои ин гурӯҳ, идома дорад.
Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон низ тасдиқ кард, ки ҳодисаи Данғара як ҳамлаи мусаллаҳона ба сайёҳон будааст. Рамазаон Раҳимзода гуфтааст ин гурӯғ силоҳи оташфишон низ доштааст.
Гуфтанист, баъди нисфирӯзии дирӯз ва тибқи гузориши ВКД-и Тоҷикистон, соати тақрибан 15:30 дар минтақаи Себистони ноҳияи Данғара як мошин 7 сайёҳи велосипедсаворро пахш карда, аз ҷои ҳодиса фирор кардааст. Дар натиҷа чаҳор нафари онҳо ба ҳалокат расида се нафари дигар бо ҷароҳатҳои гуногун дар беморхона бистарӣ шудаанд.
Баъди чанди соати ҳодиса мақомоти Тоҷикистон дар роҳи Душанбе – Кӯлоб мошини «Дэу Леганза”-ро пайдо карданд, ки дар он асари садама дида мешуд.
«Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар деҳаи Торбулоқи ҷамоати Лоҳури ноҳияи Данғара нақлиёти ба ҷинояткор тааллуқдошта, тамғаи Леганза рақами давлатияш 74-98 ВН 03, ки ба шаҳрванд Юсупов Ҷаъфариддин Садриддинович, соли таваллудаш 11.01.1997, зода ва истиқоматкунандаи шаҳри Норак кӯчаи Борбад 44, тааллуқ дорад, дарёфт гардид, осебҳои мошин аз он шаҳодат медиҳанд, ки автомашинаи мазкур ба ин ҷинояти содиршуда мансуб мебошад. Дар мавзеи деҳаи Торбулоқ шахсони ҷиноят содирнамуда муайян гардида, 1- нафар дастгир ва 2 нафар ҳангоми муқобилият намудан нобуд карда шуданд.
Сафорати ИМА ҳам марги ду шаҳравндашро тасдиқ кард. Дар баёнияи ин сафорат омадааст “Дар ҳамкорӣ бо хадамоти Тоҷикистон тасдиқ менамоем, ки ду нафар шаҳрвандони (дучархарон) амрикоӣ 29 июл дар Данғара кушта шуданд. Бо сабабҳои шахсӣ, мо наметавонем, ки маълумоти бештарро диҳем. Ҳамдардии худро ба хонаводаи он қурбониён мерасонем ва бо мақомоти расмӣ дар раванди тафтишот ҳамкорӣ менамоем”.
ВКД гуфтааст, бо дастури раисҷумҳур «тамоми ҷузъу томҳои сохторҳои қудратӣ барои дастгир кардани ҷинояткор сафарбар карда шудаанд.”
Дар саросари вилояти Хатлон то Душанбе ва навоҳии атрофи он як амалиёти бесобиқаи дастгиркунӣ роҳандозӣ шудааст ва шоҳидон мегӯянд дар тамоми ҷодаҳо посгоҳҳои иловагии зиёде бо афроди мусаллаҳ гузошта шудаанд. Дар маҷмӯъ ба амалиёти таъқибу боздошти афроди гунаҳкор дар ҳалокати сайёҳони хориҷӣ то 5 ҳазор нафар аз нирӯҳои интизомӣ, аз ҷумла воҳидҳои вижае, чун ОМОН ва «Алфа”-ро сафарбар кардаанд.