Исаак Нютон 15-уми декабри соли 1642 дар деҳаи Вулсторпи Линколншир дар оилаи чорводорони миёнаҳол ба дунё омад. Падараш то таваллуди Нютон аз олам гузашта буд. Модараш, баъдтар бибиаш бо тарбияи кӯдак машғул шуданд. Исаак аз хурдӣ ба бозичасозӣ ва сураткашӣ завқ дошт. Дар танҳоӣ бодбарак, аробачаҳои педалдор, осиёби обӣ, соатҳои обӣ месохт. Аввал дар мактаби оддӣ, баъд аз 12 солагиаш дар мактаби Грантем таҳсил кард. Исаак махсусан ба омӯзиши фанни математика шавқи беандоза дошт. 5 июни соли 1660 Нютон донишҷӯи донишгоҳи Кембриҷ шуд. Аз сабаби қашшоқӣ музди таҳсилро пардохта наметавонист ва маҷбур буд барои донишҷӯёни сарватмандтар хизмат кунад. Нютон танҳо соли 1664 донишҷӯи ҳақиқӣ шуд ва соли 1665 унвони бакалаврро мушарраф гардид. Вале нахустин таҷрибаҳои илмиаш ба таҳқиқи рӯшноӣ алоқаманд буданд. Ҳанӯз 24 сола буд, ки соатҳои тӯлонӣ дар бораи низоми офариниш ва системаи муназзам табиат меандешид. Ва андешаҳои ӯ самари шигифтангез ба бор оварданд. Вай қонуни ҷозибаи ҷаҳониро кашф кард. Рӯзе аз рӯзҳои тобистон Нютон зери дарахти себ нишаста, аз ҳавои боғ лаззат бурда, ғарқи хаёл буд, ки ногоҳ себи пухтае аз шох ба замин афтода, риштаи андешаҳояшро барканд. Нютон оид ба сабабҳои афтодани ҷисмҳо андеша меронд. Аз шох канда шуда ба замин бархӯрдани себ, якбора фикри ӯро рӯшан кард. Аммо чанд сол баъдтар Нютон навишта буд, ки формулаи математикии қонуни ҷозибаи ҷаҳонро вай баъди омӯхтани қонунҳои оламшумули Кеплер эҷод намудааст. Соли 1669 Нютон профессори донишггоҳ буду сарварии кафедраи математикаро ба душ дошт. Ба донишомӯзон дарс меомӯхт ва ҳам бо корҳои илмӣ машғул мешуд. Соли 1670 телескопи барои мушоҳидаи ситораҳову сайёра ҳо телескопи мувофиқтаре сохт. Ҳамон сол ба узвияти Ҷамъияти подшоҳии Лондон пазируфта шуд. Соли 1673 оид ба парокандашавии шуоъ бо номи «Назарияи нави рӯшноӣ ва ранг» рисолаи илмие навишт, ки дар ин соҳа инқилоби илмиро ба вуҷуд овард. Минбаъд асарҳояш «Оптика» ва «Асосҳои математикии философияи натуралӣ» ба нашр расиданд. Вай нуқтаи назари олимони барҷаста , ва дигаронро тақвият бахшида, боз се қонуни ҳаракатро кашф намуда, дар илм ғулғула барандохт. Соли 1688 Нютон узви порлумон интихоб шуд. Солҳои 1690-1693 аз сабаби вафоти модараш басо рӯҳшикаста буд. Пас аз ҳодисаи сӯхтори хонааш, ки дар ин ҳодиса дастнависҳояш оид ба оптикаю механика ба коми оташ рафтанд, ба бемории рӯҳӣ гирифтор гашт. Нютон он солҳо олими оламшумул бошад ҳам, зиндагии миёнаҳолонае дошт. Маблағҳояшро ба тадқиқоти илмӣ сарф мекард. Соли 1703 ба Лондон кӯч баст. Охири ҳамон сол президенти Ҷамъияти подшоҳии Лондон интихоб шуд. Шӯҳраташ ба авҷи аъло расид. Аммо, новобаста аз хонаи боҳашамату шаш хизмат гузор, чун пештара ранҷи танҳоӣ мекашид. Дар зиндагй Нютон шахси хеле фурӯтану хоксоре буд. «Ман барои он дар қуллаи илм истодаам, ки гузаштагонамон чунин имконият фароҳам овардаанд»,- гуфта буд ӯ. Аз соли 1725 Нютон аз хизмат даст кашид. ин дунёи фониро падруд гуфт. Рӯзи вафоташ мотами миллӣ эълон гашт. Ҷасадашро дар дайри Вестминстер, дар шафати қабрҳои шахсиятҳои машҳури Ингилистон ба хок супурданд.
Физик ва математики бузург Исаак Нютон яке аз буд, ки қонунҳои зиёдеро кашф кардааст. Ҳарчанд қисми зиёди олимони замон атеист бошанд ҳам, аммо Нютон дар бораи Худованд чунин мегӯяд: «Ҷойгиршавии ҷирмҳои осмонӣ ва нозукии ҳаракати онҳо нишон медиҳад, ки кайҳон аз рӯйи нақша офарида шудааст ва онро Зоте идора мекунад. Ин сухани аввалин ва охирини ман аст». Нютон яке аз асосгузорони физикаи муосир ба шумор меравад. Вай тавонист таҳкурсии физикаи классикӣ — илмеро гузорад, ки то оғози асри XX ва сарҳади он ба ҳисоб мерафтанд. Нютон қонунҳои асосии механикаро аниқу мушаххас баён намуд. Ба монанди . Вай офарандаи барномаи ягонаи оид ба шарҳи ҳамаи ҳодисаҳои табиат дар асоси механика ба ҳисоб меравад. Олим қонуни ҷозибаи ҷаҳониро кашф намуд, ҳаракати сайёра ҳо дар атрофи ва дар гирди , ҳамчунин сабаби мадду ҷазрро фаҳмонд. Вай ҳисоби дифференсиалӣ ва интегралиро кор карда баромад, аберратсия ва парокандашавии шуоъро кашф намуд, интерференсия ва дифраксияро таҳқиқ кард, назарияи корпускулярии рӯшноиро такмил дод, телескопи оинагӣ низ ихтиро ӯст.