Расонаҳои Амрико ба нақл аз мақомоти ин кишвар хабар додаанд, ки Ким Чен Ин, раҳбари Кореяи Шимолӣ, қарор аст дар моҳи ҷорӣ, барои дидор бо Владимир Путин ва гуфтугӯ дар бораи таъмини таслиҳотии Маскав, ба Русия сафар кунад.
Ин хабарро пеш аз ҳама рӯзномаи Ню-Йорк Таймз ба нақл аз чанд мақоми Амрико ва муттаҳидон ин кишвар эълом кард.
Ҷон Кербӣ, сухангӯи Шӯрои амнияти миллии Амрико, рӯзи душанбе дар вокуниш ба ин хабар гуфт: “мо аз Кореяи шимолӣ мехоҳем, ки музокироти таслиҳотии худро бо Русия мутаваққиф кунад ва ба аҳдномаҳои ошкори худ мабнӣ бар адами фурӯши таслиҳот ба Маскав пойбанд бимонад”. Керби ҳушдор дод дар ғайри ин сурат Амрико бо таҳрим ба Кореяи Шимолӣ вокуниш нишон хоҳад дод.
Ба гузориши рӯзномаи Ню-Йорк Таймз қарор аст раҳбари Кореяи Шимолӣ дар иқдоме нодир, бо як қатори зиреҳӣ ба Владивостоки Русия биравад ва дар ҳамин шаҳр бо Владимир Путин мулоқот кунад; Агарчи эҳтимоли сафари Чен ба Маскав ҳам рад нашудааст.
Охири моҳи июли соли ҷорӣ Ким Чен Ин шахсан охирин таслиҳоти Кореяи Шимолиро дар ҷараёни сафари вазири дифоъи Русия ба Кореяи шимолӣ ба Сергей Шойгу нишон дод.
Дар боздиди вазири дифоъи Русия, таслиҳоти низомӣ, аз ҷумла мушаки баллистикии қорапаймои ICBM ба ӯ нишон дода шуд ва расонаҳои Кореяи Шимолӣ гузориш доданд, ки дар ҷараёни “гуфтугӯи дӯстона”-и раҳбари Кореяи Шимолӣ ва вазири дифоъи Русия, номае аз Владимир Путин, раисҷумҳури Русияро ба Ким Чен Ин додааст.
Эдвард Вонг хабарнигори дипломатики Ню-Йорк Таймз ба канали BBC News гуфтааст, ки авохирт моҳт пеш ҳайати баландпоя аз мақомҳои Кореяи Шимолӣ ба Владивосток ва Маскав сафар кард.
Ӯ гуфт, ки инҳо “шомили афсарон амниятӣ буд, ки масъули протоколҳои марбут ба сафари раҳбари Кореяи Шимолӣ ҳастанд, ки нишонае қавӣ буд аз ин, ки мақомот машғули баррасии сафар ҳастанд.”
Ҷон Кербӣ чаҳоршанбеи гузашта дар мавриди табодули нома миёни ду раҳбар ҳушдор дода буд.
Ӯ гуфт дар ин ёддоштҳо эҳтимолан дар бораи тавофуқи таслиҳотӣ сӯҳбат шуда ва афзуд гуфтгуҳои ду кишвар дар сатҳи олӣ дар бораи ҳамкории низомӣ фаъолона дар ҳоли пешрафт аст.
Кербӣ гуфт, ки вазири дифоъи Русия саъй карда буд “Пхенянро барои фурӯши муҳиммоти тӯпхона” ба Русия розӣ кунад.
Авохири соли гузашта давлати Амрико эълом кард гурӯҳи шибҳинизомии Вагнер аз Кореяи Шимолӣ таслиҳоте монанди гулӯлаи тӯпхона ва мушак харидааст.
Дар он замон Ҷон Кербӣ, сухангӯи шӯрои амнияти миллии Амрико гуфта буд “мо метавонем таъйид кунем, ки Кореяи Шимолӣ таҳвили муқаддамотии силоҳ ба Вагнерро комил карда, ва пули онро дарёфт кардааст.”
Мақомҳои огоҳ ба рӯзномаи Ню-Йорк Таймз гуфтаанд Кореяи шимолӣ умедвор аст дар муқобил аз Русия технологияи пешрафтаи моҳвораӣ ва зердарёиҳои ҳастаӣ дарёфт кунад.
Пхенян ва Маскав ҳар ду қаблан мавзӯъи фурӯши силоҳ аз сӯи Кореяи Шимолӣ ба Русия барои истифода дар ҷанг Укроинро инкор кардаанд.
Ҷон Эдвард, сафири Бритониё дар Кореяи Шимолӣ дар солҳои 2006 то 2008 мелодӣ ба ВВС гуфтааст “ҳоло, ки хабари сафари раҳбари Кореяи Шимолӣ то ин ҳадд мунташир шуда, баид аст, ки дар амал анҷом шавад. Ў ба шиддат дар бораи амнияти худ васвос дорад ва барои пинҳон нигоҳ доштани рафтуомади худ замину замонро ба ҳам мезанад. Мумкин аст бо ин ҳол сафарро асосан лағв кунад.”
Эдвард дар ин ҳол таъкид кард “аз он ҷо, ки Кореяи Шимолӣ аз ниёзи мубрами Русия ба ин таслиҳот бохабар аст, қимати гароне ба Русия пешниҳод хоҳад дод.”