Маҳмудҷон Файзраҳмонов, сухангӯи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар саҳифаи фейсбукиаш навишт модари 62-солааш Маснавихон Файзраҳмоноваро ба идораи Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ба Душанбе “даъват” кардаанд.
Паём барои равшан кардани қазия сӯҳбате дошт бо Маҳмудҷон Файзраҳмонов.
— Модаратонро кай бурда буданд ва шумо чӣ гуна дарак ёфтед?
— Наздиконам гуфтанд, ки Кумитаи амният дирӯз модарамро барои бозҷуӣ ба дафтари КДАМ дар Душанбе даъват кардааст. Модарам, ки 62 сол умр дорад ва бемории қалб низ дорад, ба Душанбе омадааст. Ман ду сол мешавад ки бо ӯ сӯҳбат накардаам, зеро метарсад, ки ин сӯҳбат барояш дардисарсоз мешавад.
— Сабаби даъват ба назари Шумо ҳамин тазоҳуроти ахир буд?
— Сабабаш фаъолияти сиёсии ман аз Дортмунд то кунун, бахусус фаъолияти расонаӣ ба унвони сухангӯи ҲНИТ. Ҳамчунон фаъолияти бародарам, Муҳаммадсиддиқ Файзраҳмонов, ки дар Олмон дархости паноҳандагӣ кардааст, мебошад.
— Оё хабаре то ҳол ҳаст, ки модаратонро ҷавоб додаанд ё на?
— То ҳол хабари тозае надорам. Ростӣ, муддати ду сол мешавад, ки тақрибан ягон тамоси телефон бо наздиконам надорам, зеро онҳо метарсанд бо ман суҳбат кунанд.
— Қаблан ҳам чунин коре иттифоқ афтода буд?
— Бале, бечора модарам аз соли 2015 борҳо мавриди фишор қарор мегирад. Ҳатто ба ман хабар расид, ки яке аз амниятиҳо ба модарам, ки мисли дигар модарони тоҷик дар сар руймоли сафед дорад, дар яке аз бозҷӯиҳо бо таҳқир ишора ба руймоли сафед гуфтааст: Он чист, ки дар сарат дорӣ? Намешавад, аз ин ки худро ин қадар бор мекунӣ, фарзандатро тарбия кунӣ, ки бар зидди давлат кор накунад?
Бечора чандин бор дар пайи фишорҳои мақомоту бозҷуиҳо дилаш зад. Як рӯзро дар ёд дорам, ки пас аз «меҳмон шудан»-и бархе амниятиҳо ба хона ва суханҳои пасту баландашон нисбати модарам, як наздикам занг заду гуфт: пас аз рафтани мақомот, дилаш чунон сахт зад, ки муддати чанд дақиқа давом кард ва хешу табор ҷамъ шуданд, ки ба ӯ чизе нашавад.
— Дар он бозҷӯиҳо чӣ суолҳо ва талабҳое доштаанд?
— Талабҳояшон маълум, бар зидди «Ҷаноб» ва давлат чизе нагуем.