Бархе аз кишварҳои Осиёи Марказӣ ба ин масъала ишора мекунанд, ки омодаи риск нестанд ва мумкин аст ба таҳримҳои Ғарб алайҳ Русия бипайванданд. Дар ин бора Михаил Галузин, муовини вазири умури хориҷаи Русия имрӯз, сешанбе дар севумин нишасти осиёимарказии Клуби байналмиллалии гуфтугӯии “Валдай” изҳор дошт.
Галузин гуфт “бо вуҷуди мувофиқати мавқеъҳо дар мавриди ғайриқобилиқабул ва ғайриқонунӣ будани таҳримҳои якҷонибаи иқтисодӣ, бархе кишварҳои Осиёи Марказӣ намехоҳанд рискро ба дӯш гиранд ва нишон медиҳанд, ки омодаанд таҳримҳои Ғарбро риоя кунанд.
Муовини вазири умури хориҷаи Русия аз ҳеҷ кишваре ном набурд ва маълум нест ин “ишораҳо” аз кадоме аз 5 кишвари Осиёи Марказӣ шудааст.
Коршиносон ба ин назаранд, ки Қазоқистон ва қисман Узбекистон имкон ва ҷуръати пайвастан ба таҳримҳои Ғарбро доранд, аммо Тоҷикистону Қирғизистон дар гумон аст ба ин таҳримҳо бипайванданд.
Михаил Галузин дар нишаст гуфтааст Русия ба касе дикта намекунад, ки чӣ масири сиёсии хориҷӣ ва дохилӣ бояд гирифта шавад, магар дар ҳоле, ки бо созишномаҳои дутарафа, аз ҷумла дар доираи СААД, ИИАО (ЕАЭС) ва ИДМ мухолиф набошад”.
Вай афзуд “мо мутмаин ҳастем, ки пойтахтҳои Осиёи Марказӣ инро ба хубӣ дарк мекунанд: тахриби сунъии равобит бо Русия метавонад осеби ҷиддитаре нисбат ба осебҳои мерасида аз таҳримҳо дошта бошад”.
Абдуманнон Шералиев, коршиноси масоили иқтисодӣ мегӯяд “солҳои охир Қазоқистону Узбекистон вобастагиҳои иқтисодӣ ва сиёсиашон аз Русияро хеле кам кардаанд ва метавонанд ба худ ин иҷозаро бидиҳанд, ки ба таҳримҳои Ғарб ҳамроҳ шаванд. Додугирифти ин ду кишвар бо Ғарб бо суръат рӯ ба афзоиш аст ва таҳримҳои Ғарб метавонад хисороти ҷиддие, ки Русия тавони ҷубронашро надорад, ворид созад”.
Аммо иқтисоди Тоҷикистону Қирғизистон, ба гуфтаи коршинос, “сахт вобастаи Русия аст ва ин кишвар фишангҳои зиёди иқтисодиву сиёсӣ алайҳи ин ду кишвари кӯчак дар даст дорад”. Ӯ мегӯяд “танҳо ҳамин, ки расман беш аз сӣ дарсад ва амалан беш аз ними Маҷмӯъи маҳсулоти дохилии Тоҷикистон аз ҳисоби пулҳои муҳоҷирин шакл мегирад кофист, ки мақомот дар тасмими пайвастан ё напайвастан ба таҳримҳои Ғарб дувумашро интихоб кунанд”.
“Русия борҳо нишон додааст, ки метавонад бо фишор болои муҳоҷирон ё ҷорисозии кадом таҳриме дар камтарин муддат метавонад иқтисоди Тоҷикистону Қирғизистонро ба зону дароварад. Ҳамчунин Русия фишангҳои зиёди сиёсӣ дар қиболи ин ду кишвар дар даст дорад. Барои мисол, беш аз 70 дарсади афсарони баландрутба дар артиш ва дигар мақомоти қудратӣ таҳсилкардаи Русия ҳастанд ва аксарашон шаҳрвандии ин кишварро доранд. Яъне амалан контроли артиши ин ду кишвар ба дасти Русия аст”, — мегӯяд Шералиев.
Ба гуфтаи ӯ зарарҳое, ки ин ду кишвар аз таҳримҳои эҳтимолии Ғарб хоҳанд дид, бо зарарҳое, ки аз “гурехтани гапашон” бо Русия мебинанд, муқоисашаванда нест ва “дар гумон аст, ки ба таҳримҳо бипайванданд, ҳарчнад метавонанд реэкспорти маҳсулоти истифодааш дугона ба Русияро бо ҳар баҳонае камтар кунанд”.