Вуруди воҳидҳои низомии ҳукумат ба Язғулом дар зеҳни аксарият ин суолро барангехт, ки ҳукумат аз ин ҷамоъати кӯчаки ноҳияи Ванҷ чӣ мехоҳад? Боздошти ҷавонони язғуломӣ дар Душанбе ва кофтукови манзилҳои язғуломиҳо шубҳаҳоро дучанд карданд. Баҳонаи овардаи мақомот ба оташи шубҳаҳо равған рехт. Воқеъан, ҳукумат аз Язғулом чӣ мехоҳад? Ва вуруди низомиён ба Язғулом аз юриши онҳо ба Ғарму Хоруғ чӣ тафовут дорад?
Мақомот мегӯянд дар Язғулом гурӯҳи таъиноти махсуси (ОМОН) ВКД мутақар шудааст. Сабабаш ҳам гӯё ин буда, ки аз ин ҷамоъат ҳудуди 20 нафар ба гурӯҳҳои ифротӣ пайвастаанд. Ин дар ҳолест, ки ҷамоъатҳое вуҷуд доранд беш аз сад сокинаш ба инчунин гурӯҳҳо пайваста, аммо онҷо ҳатто як маъмури пулис нест. Тибқи иттилоъи як манбаъ, ба Язғулом на ОМОН-и ВКД, балки гурӯҳи “Алфа”-и Кумитаи давлатии амнияти миллӣ бурда шудааст.
Тибқи иттилоъи манобеъи гуногун, кор танҳо бо мустақар шудани “Алфа” ё ОМОН тамом намешавад. Мақомот нақшаи ташкили чанд посгоҳу дидбонгоҳ дар нуқтаҳои гуногун доранд, ки зикрашон поёнтар хоҳад омад.
Кӯшиши “шикастан”-и Язғулом, аниқтараш рӯҳияи мардуми он, ки баъди Ғарму Хоруғ ягона минтақаи “гапногир” боқӣ мемонад, ҳанӯз соли 2015 санҷида шуда буд. Аммо он замон ҳузури Шермаҳмад Сафаров, маъруф бо Шери Язғулом ва дифоъи сартосарии мардум аз ӯ кӯшиши мақомотро ноком боқӣ гузошт.
Масти “пирӯзӣ” дар Ғарму Хоруғ, низомиёни кишвар хостанд бо ҳамон усул вориди Язғулом шаванд, аммо чанд омил монеъи “амалиёти муваффақ ва барқосо” шуд. Агар омили аслӣ ҳимояти сартосарии мардум аз Шермаҳмад Сафаров бошад, омили муҳими дигар омодагӣ надоштани мақомот ва баръакс пурра омодаи ҳимоя будани Шеру ҳамсангаронаш буд.
Барои “забт”-и Ғарм ва аз пой даровардани Мулло Абдуллову Алӣ Бедакӣ мақомот омодагиву машқҳои дурудароз доштанд ва баҳонаро ҳам барои “юриш” тарҳрезӣ ва омода сохтанд. Ин баҳона “ҳуҷум”-и кадом гурӯҳи мусаллаҳ ба корвони мошинҳои аскарон буд, ки бераҳмона тирборон ва боиси марги *** нафар гардид. Тамоми далоил гувоҳи он буданд, ки ин “ҳуҷум” кори дасти худи мақомот аст, вале барои онҳо танҳо баҳона барои лашкар кашидан ба як гӯшаи қаламрави худ лозим буд.
Шояд юриш бо артиши чандҳазорӣ ва чархболу таслиҳоти вазнин ҳам ҳеҷ натиҷае намедод, агар хиёнат ҷой намедошт. Собиқ ҳамсангарони Бедакиву Мулло Абдулло онҳоро фурӯхтанд. Барои чанд гектар замини картошка, ки давлат аз дасташон нагирифт ва иҷоза дод киштукор кунанд. Қумондонҳое, ки замоне Душанбе тамоми шартҳояшонро қабул мекард, то ба Душанбе нафароянд, на танҳо ба картошкакор мубаддал шуданд, балки бузургтарин гуноҳ — хиёнат ба ҳамсангаронашонро мубтакир гардиданд.
Шаҳраки Ғарм аз фазо, кӯҳ, замин тирборон гардид. Даҳҳо хона сӯхт ва садҳо нафар куштаву маҷрӯҳ гардиданд. Аммо то ҳол шумори куштаҳое, ки аслан ҳеҷ бастагие ба Бедакиву Мулло Абдулло ва аслан сиёсат надоштанд, эълон нашудааст. Мақомот онҳоро се-чор нафаре эълон карданд, ки ба низомиён ихтиёран кӯмак мекарданд ва аз тири “террористон” кушта шуданд. Мардум ҳам мушти давлатро дар сараш санҷид.
Мувваффақият дар Ғарм мақомотро мағрур кард ва ҳамон қартаро як сол пас дар Бадахшон истифода карданд. Ин дафъа баҳона қатли ҷенерол Абдулло Назаров гардид. Ҷенероле, ки бо фаҳшу фасоду ғорату дуздӣ машҳур шудаву кӯшиши пинҳон доштанашро ҳам намекард ва ба давлат ҳам дигар лозим набуд.
Амалиёт дар Хоруғ бар хилофи интизории давлат номуваффақ буд. Занҳои Бадахшон ба кӯчаҳо рехтанд ва шарт гузоштанд, ки мақомот танҳо аз рӯи ҷасадҳои онҳо гузашта метавонад шавҳару фарзандонашонро боздошт кунад. Аммо низомиҳои давлат рӯирост вориди ҷанг шуданд.
Се ҳазор нафар аз тарафи давлат ба ин амалиёт ҷалб шуданд, ки аксарашон аскарҳои бетаҷриба буданд. Ба ин шумори бузург ҳамагӣ сад нафар собиқ размандагон муқобилият мекарданд. Ин ҷанг ба шикасти сангини давлат ва марги 200 аскару афсар, нобудии пурраи як воҳиди таъиноти махсус тамом шуд.
Он амалиёт барои мақомот танҳо ду хол овард: раиси бахши ҲНИТ дар ВМКБ Сабзалӣ Мамадризоевро шаҳид карданд. Боқӣ 24 нафари кушташуда дар он ҷанг аз тарафи бадахшониҳо танҳо мардуми осоишта буданд. Як моҳ пас аз ин амалиёт яке аз пуртаъсиртарин мардони минтақа Имомназар Имомназаровро низ бо партофтани норинҷак ба хонааш террор карданд. Чанд қумондони собиқи мухолифин, ки ҳадафи аслии ҳукумат ҳам онҳо буданд, аз террори Имомназаров дарс гирифта, ҷон ба саломат бурданд.
Вуҷуди мардони диловар ва силаҳшӯр дар Язғулом ва ғуруру шаҳомати ин мардум мақомоти Тоҷикистонро ҳанӯз аз даврони ҷанги шаҳрвандӣ дар ташвиш оварда буд. Ҳукумате, ки барои бақояш ҳамаи диловарони миллатро зиндонӣ ё террор кард ва аз камтарин садои эътироз ҳарос дорад, тавони дидани як ҷазираи кӯчаки озодиро надошт. Бинобар ин тасмим гирифт бо баҳонаи “кудато”-и Ҳоҷӣ Ҳалим ин ҷазираро ҳам барои ҳамеша мутеъ созад.
Аммо бархилофи интизораш ҳукумат ба муқобилияти шадиди мардуми маҳал — аз пир то ҷавон бо шумули марду зан мувоҷеҳ шуд. Низомиён барои дастгир кардани Шермаҳмад Сафаров, аз муҷоҳидини собиқи ИНОТ ва муҳофизи Сайид Абдуллоҳи Нурӣ ва дигар ҳамсангарони собиқаш рафта буданд, аммо маълум шуд барои гирифтани онҳо бояд ҳамаи мардуми маҳалро нобуд кунанд, чун ҳамагӣ омодаи ҳимоя аз муҷоҳидин буданд. Нақшаи “шикастан”-и Язғулом ба қафо партофта шуд.
Шери Язғулом бо чанд нафар тасмим гирифт мардуми маҳалашро қурбон насозад, чун имкон дошт ҳукумат бо чархболу силоҳҳои вазнин баргардад ва қурбонии зиёде гирад. Бинобар ин ӯ ба Афғонистон ҳиҷрат кард. Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд ӯ аввал ба Толибон сипас ба ДОИШ пайваст ва аз тарафи низомиёни амрикоӣ тавассути паҳбод кушта шуд. Аммо онҳое, ки Шерро мешиносанд ба ДОИШ пайвастани ӯро баъид медонанд ва онро афсонаи бофтаи мақомоти тоҷик меҳисобанд.
Аз ҷумла Алим Шерзамонов, он вақт раиси бахши ҲСДТ дар ВМКБ дар мусоҳиба бо сомонаи Евразиянет имкони пайвастани Шер ба ДОИШ-ро қатъан рад карда гуфта буд: “Язғулом дар Помир аст, ки аксари сокинонаш шиъаи исмоилӣ ҳастанд. Бале, Шер ва дар умум язғуломиҳо суннимазҳабанд, вале ягон бадахшонӣ зидди бадахшонии дигар бадие нахоҳад кард. Шер ҷавон ва бетаҷриба набуд, ӯ як марди ба қадри кофӣ ҳаким буд”.
Тибқи иттилои манбаъ, мақомот гурӯҳи дар боло зикршударо дар мавзеъе бо номи Жамак ҷойгир кардаанд. Онҷо гузаргоҳе вуҷуд дорад, ки замони ҷанг муҷоҳидин барои рафтуо ба ноҳияи Рӯшон истифода мекарданд. Алъон ин гузаргоҳ аз тарафи касе истифода намешавад,.
Ҳамчунин ҳукумат дар пайи таъсиси посгоҳ ё дидбонгоҳҳо дар мавзеъи Тангӣ дар ноҳияи Шуғнон ва Ҷелондӣ — макони обҳои гарми шифобахш, ки дар 120 километрии Хоруғ қарор дорад, ҳастанд. Ба назар мерасад мақомот аз чизе хавф доранд.
Аммо қазияи Язғулом бо мустақаршавии гурӯҳи махсус тамом намешавад. Манобеъи гуногун аз боздошти даҳҳо ҷавонону мардони язғуломӣ дар Душанбе хабар медиҳанд. Паём аз боздошти ҳади ақал як язғуломӣ дар Душанбе иттилоъи дақиқ пайдо кард. Ин нафар Абдул Доштов, бародари Маҳдӣ Доштов аст. Маҳдӣ Доштов аз ҷавонони пуртаъсири тоҷик дар Русия буд, ки бо тарзи мармузе кушта шуд. Худи Абдул ҳам байни язғуломиҳо таъсири зиёд доштааст.
Маҳдӣ ва Абдул ҷияни қумондон Якшанбе ҳастанд, ки аз қумондонҳои пуртаъсири замони ҷанги шаҳрвандӣ дар водии Вахш будааст.
Тибқи иттилоъи дастраскардаи Паём 14 нафар ҷавонони язғуломи ҳам, ки бо чӣ роҳе аз тасмими боздошташон хабардор шуда, фирор кардаанд, дар пайгард қарор доранд.
Аммо ин ки дар сурати муваффақият дар Язғулом ҳукумат контроли пурраи кишварро ба даст хоҳад гирифт, машкук ба назар мерасад.
Қабл аз ҳама амалиёт дар Язғулом садҳо мардони диловари ин минтақаро алайҳи ҳукумат хоҳад шӯронд. Ҳатто дар сурати ҳузур надоштан дар худи Язғулом ҳам онҳо метавонанд дардисарҳои зиёде барои ҳукумат эҷод кунанд.
Сониян амалиёт дар Язғулом метавонад Бадахшонро дар умум ба шӯр орад. Дар амалиёти қаблӣ дар Хоруғ ҳукумат дар муҷобили сад нафар шикаст хӯрд, ин дафъа барояш бисёр гарон тамом мешавад. Дар сурати қиёми Бадахшон дар гумон аст, ки Ғарму Қаротегин ҳам дар канор монанд. Ҳатто имкони ба онҳо пайвастани Кӯлоб хеле зиёд аст. Қартаи қаблии ҳукумат, ки кӯлобиҳоро алайҳи ғармиву бадахшониҳо истифода кард, дигар кор нахоҳад дод.
Солисан ҳатто дар сурати пирӯзии пурра дар Язғулом ва хомӯшии Бадахшону Ғарм ҳам амалиёти мусаллаҳ алайҳи мардуми худ роҳи ҳал нест. Чунин нуқтаҳои доғе мисли Язғулом метавонанд ҳар вақт дар ҳар нуқтаи кишвар — чӣ Хатлону чӣ Суғд буруз кунанд, ки билохира кишварро ба як нуқтаи бузурги доғ табдил диҳанд.