Таъмиру таҷдиди нерӯгоҳи барқи обии “Норак” ки 120 миллион евроро ташкил медиҳад ба як ширкати байналмилалӣ супорида шуд.
“Барқи Тоҷик”аз миёни се довталаби асосӣ ширкати байналмилалии олмонии “Андритз”-ро интихоб кард.
Қудрати нерӯгоҳи Норак дар ҳоли ҳозир 300 мегаватро ташкил медихад, дар сурати пурра таъмир шудан метавонад то 335 мегават боло равад.
“Бар асоси тарҳи таҷдиди фарогир ба ҷойи чархаҳои кӯҳна, нӯҳ агрегат ва турбинаҳои Франсис гузошта мешавад. Истгоҳҳои тақсими барқ ва дигар василаҳои идораи нерӯгоҳ низ тармиму таҷдид мешаванд” – омадааст, дар баёния “Андритз”.
Давлати Тоҷикистон чанд соли пеш аз созмонҳои байналалмилалии молӣ барои таъмири нерӯгоҳ кӯмаки пулӣ хоста буд. Бонки ҷаҳонӣ тарҳи таъмири нерӯгоҳи Норакро кабул кард ва ҳозир шуд маблағи онро бипардозад.
Нерӯгоҳи барқи обии Норак, ки 46 сол пеш бунёд ёфтааст, 70 дар сад нерӯи барқи Тоҷикистонро тавлид мекунад ва бузургтарин нерӯгоҳ дар Осиёи Марказ. ба хисоб меравад.
Ҳудуди як соат қатъ гаштани фаъолияти нерӯгоҳ дар соли 2016, дегҳои алюмингудозии калонтарин корхонаи саноатии Тоҷикистон — ТАлКо-ро корношоям кард ва наздик буд ин корхона пурра аз фаъолият монад.