Бузургтарин мусҳафи чӯбии ҷаҳон дар музейи “Байт-ул- Қуръон-ул-акбар”-и Индонезӣ мавриди таваҷҷӯҳи боздидкунандагони саросари ҷаҳон қарор гирифта ва ба яке аз марокизи гардишгарии исломӣ дар ин кишвар табдил шудааст.
Endonezya’nın Palembang kentindeki Kur’an-ı Kerim müzesi ziyaretçiler tarafından ilgi görüyor. Kuran-ı Kerim’de bulunan 30 cüz, 1,77 x 1,4 metre genişliğindeki ahşaplara yazılı bulunuyor.
( Muhammad A . F — Anadolu Ajansı )
Бузургтарин нусхаи чӯбии Қуръони маҷид дар сафаҳоте бо ҳаҷми 177×140 дар музейи “Байт-ул- Қуръон-ул-акбар” дар шаҳри Палембанги Индонезӣ ба намоиш гузошта шуда ва мавриди истиқболи беназири боздидкунандагон аз саросари ҷаҳон қарор гирифтааст.
Сафиуллоҳ Маҳзоиб, хатот ва тазҳибкор ин асари нафис гуфтааст:
«Ин тарҳро аз соли 2001 оғоз ва дар соли 2009 тамом кардам. Ба далели набудани ҳимояти молӣ ва камбуди навъи дарахте, ки сафаҳоти Қуръон аз он сохта шуда, раванди кор 9 сол тӯл кашид. Дар ниҳоят бо ҳимоятҳои модии шумори бисёре аз хайрхоҳон, аз ҷумла Марзуқ Алӣ, раиси собиқи маҷлис ва Тавфиқ Кимос, раиси маҷлиси Шӯрои халқи Индонезӣ ин тарҳро такмил кардам».
Endonezya’nın Palembang kentindeki Kur’an-ı Kerim müzesi ziyaretçiler tarafından ilgi görüyor. Kuran-ı Kerim’de bulunan 30 cüz, 1,77 x 1,4 metre genişliğindeki ahşaplara yazılı bulunuyor.
( Muhammad A . F — Anadolu Ajansı )
Аз хобаш илҳом гирифт
Маҳзоиб дар бораи собиқаи ҳунарӣ ва ҳирфаии худ низ тасреҳ кард:
Хаттотиро дар масҷиди муқаддаси Палембанг омӯхтам. Дар он замон фикри кандакории як Қуръони бузург ба зеҳнам омад. Ин мавзӯъро аз хобе, ки дидам илҳом гирифтам. Дар аввал бо навиштани сураи Фотиҳа рӯйи картон таҷриба касб кардам.
«Баъд аз таъйиди коршиносон, ҷузъҳои Қуръонро бар рӯи чӯб навиштам. Барои таҳрири ҳар сафҳа аз Қуръон бар рӯй чӯб як моҳ вақт лозим аст. Барои афзоиши умри асар, аз чӯбе, ки дар мебелсозӣ истифода мешавад кор гирифтам».
Endonezya’nın Palembang kentindeki Kur’an-ı Kerim müzesi ziyaretçiler tarafından ilgi görüyor. Kuran-ı Kerim’de bulunan 30 cüz, 1,77 x 1,4 metre genişliğindeki ahşaplara yazılı bulunuyor.
( Muhammad A . F — Anadolu Ajansı )
Ба равнақи санъати гардишгарӣ кӯмак мекунад
Ӯ дар бора шавқи ҳунардӯстон барои дидани ин асари нафис низ гуфт: аз сол 2012 то кунун як миллион нафар аз Индонезӣ, Туркия, Арабистони Саъудӣ, Ироқ, Малайзӣ, Сингапур, Амрико ва Канада барои дидани ин асар ба ин ҷо омадаанд.