Рубрики Хабарҳо

Жозеп Боррел: киштиҳои аврупоӣ бояд дар тангаи Тайван гаштзанӣ кунанд

Жозеп Боррел, масъули сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо, рӯзи якшанбе, 23 апрел хостор гаштзании новҳои аврупоӣ дар тангаи мавриди муноқишаи Тайван шуд. 

Боррел дар мақолае, ки дар нашрияи “Журнал дю димонш” (Le Journal du dimanche) мунташир карда, бо баёни ин ки Тайван “аз назари иқтисодӣ, тиҷорӣ ва фановарӣ шарики мост”, гуфт: “ба ҳамин далел аз новгони (флоти) аврупоӣ мехоҳам, ки дар тангаи Тайван ба гаштзанӣ шурӯъ кунанд, то тааҳҳуди Аврупо ба озодии баҳрнавардӣ дар ин минтақа комилан ҳаётеро нишон диҳанд.” 

Изҳороти масъули сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо ду ҳафта пас аз он баён мешавад, ки Чин размоиши низомии серӯзаи худро дар атрофи Тайван (ба манзури шабеҳсозии ҳамалоти ҳадафманд ва муҳосираи ҷазира) анҷом дод. 

Боррел пештар, дар рӯзи сешанбе дар суханронии ифтитоҳияи нишасте бо мавзуъи Чин дар парлумони Аврупо гуфта буд: “Тайван ба вузӯҳ бахше аз қаламрави геостратегии мо барои тазмини сулҳ аст.” 

Вай дар суханронии худ изофа кард: “барои мухолифат бо иқдоми Чин алайҳи Тайван танҳо далели ахлоқӣ вуҷуд надорад, балки ба лиҳози иқтисодӣ низ ин масъала барои мо паёмадҳои бисёр ҷиддӣ хоҳад дошт. Зеро Тайван нақши стратегӣ дар тавлиди пешрафтатарин нимаҳодиҳо дорад.” 

Изҳороти Боррел пас аз он матраҳ шуд, ки Эммануил Макрон, раисҷумҳури Фаронса, дар ин моҳ истидлол кард Аврупо набояд “пайрав”-и Амрико дар даргирии эҳтимолӣ бо Чин бар сари Тайван бошад. 

Изҳороти раисҷумҳури Фаронса, ки пас аз сафар ба Чин ироа шуд интиқоди шуморе аз сиёсатмадорон дар Иёлоти муттаҳида ва Иттиҳодияи Аврупоро барангехта буд. 

Чин Тайванро ба унвони бахше аз қаламрави худ медонад ва мутааҳҳид шудааст, ки рӯзе ин ҷазираро таҳти контроли худ дароварад. Бо ин ҳол Тайван ҳаргиз таҳти давлати ҳизби коммунисти Чин қарор нагирифтааст. 

Дар ҳамин ҳол Пекин мегӯяд дар пайи изҳороти “иштибоҳ”-и раисҷумҳури Кореяи ҷанубӣ дар мавриди Тайван, маротиби норизоятии худро ба сафири Кореяи ҷанубӣ эълом кардааст. 

Юн Сок Ёл, раисҷумҳур Кореяи ҷанубӣ, ба хабаргузории Рейтерз гуфта буд, ки афзоиши танишҳо дар атрофи Тайван ба далели талош барои тағйири вазъияти мавҷуд бо зӯр аст ва ӯ бо чунин тағйире мухолиф аст. Ў изофа карда буд, ки мавзӯъи Тайван сирфан як мавзӯъи байни Чин ва Тайван нест, балки монанди масъалаи Кореяи шимолӣ як мавзӯъи ҷаҳонӣ аст. 

Дар сӯи муқобил Сан Вейдонг, муовини вазири умури хориҷаи Чин, бо “комилан ғайри қобили қабул” хондани изҳороти раисҷумҳури Кореяи ҷанубӣ гуфт: “раҳбари Кореяи ҷанубӣ ҳеҷ ишорае ба асли Чини воҳид накард, аммо масъалаи Тайванро бо мавзӯъи нимҷазираи Корея яке донист. Ин як воқеияти шинохташуда аст, ки мавзӯъи нимҷазираи Корея ва мавзӯъи Тайван аз назари моҳият ва аз назари тӯлу арзи ҷуғрофӣ комилан мутафовит ҳастанд ва аслан қобили муқоиса нестанд.” 

Ҳамчунин дар идомаи таҳаррукоти дипломатӣ дар ҳавзаи Тайван, Алехандру Ҷимоти раисҷумҳури Гватемала рӯзи шанбе барои боздид ба ин ҷазира сафар кард. 

Вай дар паёми видеоӣ гуфт: “мо ба Тайван меравем то ин паёми равшанро ба ҷаҳон ирсол кунем, ки кишварҳо ҳаққи худмухторӣ доранд.” 

Ҷимоти қарор аст дар ҷараёни боздиди се рӯзаи худ дар Кунгураи Тайван суханронӣ кунад ва аз як ширкати фанноварӣ дар Тайҷун дар ҷануби Тайбэй боздид ба амал оварад.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *