ҲАҚҚИ ШАВҲАР БОЛОИ ҲАМСАРАШ
Пайвандии зану шавҳар аз бузургтарин пайвандҳост. Аз ин лиҳоз, худи Аллоҳ барои ҳифозати ин пайванд ва мустаҳкаму пойдор монданаш қонунҳое гузоштааст. Қонунҳое, ки агар воқеан риоя шаванд, зану шавҳар дар ҳаёти якҷоягӣ хеле кам дучори мушкилиҳо мегарданд ва як оилаи саодатманд мешаванд. Барои ба саодат расидан, ду ҷуфт, бояд ҳақҳои худро нисбати ҳамдигар бидонанду иҷро кунанд. Чун мардҳо сарвари оила ҳастанд, аввал дар бораи ҳаққи мард болои ҳамсар гуфта мегузарем:
Итоати шавҳар
Ҳар он чизе, ки мард аз ҳамсараш талаб мекунад, зан бояд иҷро намояд, ба шарти он, ки дар фармудаҳои шавҳар амре ба гуноҳ набошад ва ё ба чизе амр кунад, ки зан тавони иҷрои онро надошта бошад. Пас ҳар шавҳаре,ки занашро ба кашидани ҳиҷоб ва ё нахондани намоз ва ё қатъи хешовандӣ ва намудҳои дигари гуноҳ амр мекунад, зан набояд дар ин гуноҳҳо ба шавҳар итоат кунад. Паёмбар мефармоянд:
لا طاعة لمخلوق في معصية الخالق
Ҳаргиз дар баробари гуноҳ кардан ба Холиқ итоати махлуқро макун. (Дорқутни)
Аммо, амрҳое, ки дар иҷрояш гуноҳ содир намешавад, зан бояд иҷро кунад.
Дар Қурони Карим Парвардигор мефармояд:
الرجال قوامون على النساء بما فضل الله بعضهم على بعض وبما انفقوا من اموالهم فالصالحات قانتات حافظات للغيب بما حفظ الله.
Мардҳо аз занҳо қавитар мебошанд, ҳам аз ҷиҳати қуввати ҷисмонӣ, ки Аллоҳ барояшон додааст ва ҳам аз ҷиҳати сарвату молдорӣ, ки Аллоҳ барояшон нисбатан осон намудааст. Барои ҳамин, шумо эй занҳо! Бояд солеҳаву накӯкор бошед ва итоаткунандаи амри шавҳари худ бошед. Дар набудани шавҳаратон молу обрӯи шавҳаратонро ҳифз кунед. Зеро, Аллоҳ бароятон ҳифзи молу обрӯву амонатҳои шавҳарро амр менамояд. (сураи Нисо ояти 34)
Паёмбар дар ҳадиси худ мегӯянд:
خير نسائكم من اذا نظر اليها زوجها سرته و اذا امر اطاعته و اذا غاب عنها حغظته في نفسها و ماله
Беҳтарини занҳо он занҳое мебошанд, ки ҳар гоҳе шавҳараш ба ӯ назар мекунад, аз диданаш шод мегардад, агар шавҳараш фармоише дод, амри шавҳарро итоат мекунад ва агар шавҳараш ба ҷое сафар кунад, худро ва моли шавҳарро ҳифз мекунад.
ИТОАТ ДАР УМУРИ ХОНАДОРӢ
Зан бояд дар умури хонадорӣ ва маҳрамият ҳаргиз ба шавҳари худ ҷавоби рад надиҳад ва то тавон дар ин умур ризогии шавҳарро ба даст орад, то чашму афкори шавҳараш омехта ба гуноҳ нагарданд. Розӣ набудани шавҳар дар ин амр, сабаб мегардад, ки зан ба ғазаби Аллоҳ гирифтор шавад.
Паёмбари акрам мефармоянд:
و الذي نفسي بيده ما من رجل يدعو امرأته الى فراشها فتأبى عليه الا كان الذي في السماء ساخطا عليها حتى يرضى عنها.
Қасам ба зоте, ки ҷонам дар дасти Ӯст, кадом марде, ки ҳамсарашро ба тахти хоб даъват кунаду ҳамсараш сарпечӣ намояд, то замоне, ки шавҳараш аз ӯ розӣ нагардад, ин зан гирифтори ғазаби Аллоҳ мегардад. (саҳеҳи Муслим)
БЕРУН ШУДАН АЗ МАНЗИЛ ТАНҲО БО ИҶОЗАТИ ШАВҲАР
Зан бояд пеш аз ба ҷойе баромадан аввал аз шавҳараш иҷозат пурсад. Аммо мард асло ҳақ надорад, занро аз зиёрати падару модар ва хешовандонаш манъ кунад. Чун силаи раҳм ё худ робитаҳои хешутаборӣ дар шариат фарз аст ва мард ҳаққи аз фарз боздоштани ҳамсарро надорад. Вақте гуфтем, ки зан барои ҷойе рафтан бояд аз шавҳараш иҷозат бипурсад, ин маънои онро надорад, ки ба ҳар як қадами худ аз шавҳар иҷозат бигирад. Кофист, ки мард ҷойҳое, ки бад мебинад, масалан хонаи шахси муайян ва ё бозор ба ҳамсараш номбар кунад ва бигӯяд ба ин ҷойҳо бе иҷозаи ман марав, аммо ба бақия ҷойҳо ҳақ дорӣ, ҳар вақто, ки хостӣ, биравӣ.
Даъвати меҳмон ба хона
Шахсонеро, ки шавҳар дар хонаи худ дидан намехоҳад, зан бояд онҳоро ба хона даъват накунад. Паёмбар дар ҳадиси худ мегӯянд:
لا يحل لامرأة ان تأذن في بيت زوجها و هو كاره ولا تخرج و هو كاره.
Барои зан ҳалол нест, касеро, ки шавҳараш вориди хонааш шуданашро намехоҳад, ӯро ба хона даъват кунад. Инчунин ҷоиз нест, ба ҷойе равад, ки шавҳараш дар он ҷо будани завҷаашро хуш надорад.
Аммо, ин далели онро надорад, ки ҳар меҳмоне ба хона меояд, дар дами дар онҳоро боздорему сабр кунед, аввал аз шавҳарам иҷоза бигирам, гӯён хотири меҳмонро биозорем. Дар Ислом иззати меҳмон воҷиб аст, фақат онҳое, ки шавҳар номбар мекунад, он ҳам бо далелҳои хос, бо услубе, ки ба бадбиниву дилшиканӣ набарад, набояд ба меҳмонӣ даъват кард ва ё ба хона роҳ дод.
Ба касе пушида нест, ки мардуми мо меҳмоннавоз ҳастанд ва аз рӯи меҳмоннавозӣ гоҳе, ҳатто мардҳои номаҳрамро дар ҳолати набудани шавҳар ва ё дар мусофирату муҳоҷират буданаш ба хона роҳ медиҳанд. Ин сабаб мегардад, оташи рашк шӯълавар шавад ва мард ҳамсарашро тӯҳмат занад ва як оила вайрон шавад. Марди номаҳрам аз наздиктарин шахсони оила бошад ҳам, бояд пеш аз ӯро меҳмон кардану пазирӯфтан, бояд аввалан бо ҳамсари худ машварат кард.
Ин дунёи ғарб аст, ки барояшон фарқ надорад, худиву бегона, маҳраму номаҳрам ҳар киро, ки хушашон омад ба хона даъват мекунанд ва вақте даъвое ва ё ихтилофе байни зану шавҳар ба вуҷуд омад, мард ба осонӣ мегӯяд ки фарзанди муштараке….., ки дорам аслан ман падараш ҳастам ё на шак дорам, чун мо меҳмонҳои зиёд доштем. Ҳатто дар Ғарб падару модар ба набераи духтарии худ муҳаббати хос доранд, зеро медонанд ки ӯ бешак фарзанди духтарашон аст, аммо ба набераи писарӣ ҳамеша бо назари машкук муносибат мекунанд, чун дақиқан наметавонанд, бигӯянд, ки фарзанди писарашон аст. Ин ҳама мусибатҳо натиҷаи он аст, ки барои маҳраму номаҳрам ҳудуд вуҷуд надорад ва зан ҳар гоҳе, ки хост касеро, ки хост вориди хона месозад.
ЗИЁДТАЛАБӢ АЗ ШАВҲАР
Зан набояд болотар аз қудрати молии шавҳари худ талаб кунад ва бо талаботҳои худ шавҳарро ночор созад, аз касе қарз бигирад ва ё пеши касе сари зиллат хам бикунад. Ҳар ризқе, ки Аллоҳ ба шавҳараш муқаддар кардааст, ба он розӣ бошад ва хушбахтии худро дар ризогии шавҳар ва барқарории оила ёбад. Аллоҳ дар китобаш мегӯяд:
لينفق ذو سعة من سعته و من قدر عليه رزقه فلينفق مما أتاه الله لا يكلف الله نفسا الا ما اتاها سيجعل الله بعد عسر يسرا.
Ҳар як шавҳар вобаста ба шароити худ барои ҳамсару фарзандаш сарфу хароҷот кунад. Шахсе, ки камдаст аст ба камдастии худ нигоҳ карда, то қадри тавони худ хароҷот кунад. Ҳаргиз Аллоҳ ба чизе, ки болотар аз қудрату тавони инсон аст, амр намекунад, аммо онҳое, ки фақиру камризқ ҳастанд, ҳаргиз ноумед набошанд. Зеро, Аллоҳ пас аз ҳар сахтиҳо осониҳоро фароҳам мекунад. (сураи Талоқ оят 7).
Хоҳари ман! Бидон, ки хушбахтиро бо пушидани либоси нав ба нав ва оростани худ бо зару зевар ба даст намеорӣ, қасрҳои баланду боғҳои васеъ сабаби бахти касе нашудаасту намегардад. Хушбахтии ту дар эҷоди меҳру муҳаббат дар қалби шавҳарат аст. Фаромӯш масоз, дунё ба ҳар сурате, ки бошад мегузарад, аммо ризогии ту ба камдастиҳои шавҳар ва дастгириҳои ту ҳамсаратро дар сахттарин рӯзҳо сабаб мегардад, то шавҳарат аз ту розӣ бошад ва дар ҳаёти абадӣ саодати беинтиҳоро ба даст орӣ.
ҲИФЗИ МОЛУ ОБРӮИ ШАВҲАР
Зан бояд дар набудани шавҳар худро аз ҳама олудагиҳо нигоҳ дорад ва ҳаргиз қадами хатое нагузорад, то обрӯи шавҳар биравад ва то метавонад дар набудани шавҳар худро аз бадназарону бемурувватон дур нигоҳ дорад.
Инчунин дар набудани шавҳар моли ӯро исроф накунад. Бояд бидонем, ки ҳар як тангаи шавҳар бо қатраҳои арақи ҷабин хастагиҳову сарсониҳо ба даст омадааст ва онро дар ҷои худаш оқилона бояд сарф кард.
Паёмбар мегӯянд: Беҳтарин зан ҳамон зане аст, ки дар набудани шавҳар молу обрӯи шавҳарашро ҳифз мекунад.
Аҷабо ба хоҳароне, ки мудом дар фикри сарулибосу муди нав ҳастанд, он ҳам мудҳое, ки ҳафтае ё моҳе пас куҳна мешаваду дар сояи мудҳои нав мемонад . Кош лаҳзае фикри шавҳарро мекардем, шавҳаре, ки сахтиҳои муҳоҷират наздик аст, камарашро бишканад, аммо ҷавонмардона барои ёфтани ризқи оилааш ҳама душвориҳои муҳоҷиратро пушти сар мекунад ва собирона бо печутоби рӯзгор меҷангад.
ЗИННАТУ ОРОИШ БА ҲАМСАР
Паёмбар мегӯянд: Беҳтарини занҳо онҳое ҳастанд, ки бо дидани онҳо дар дили шавҳар шодиву сурур пайдо мешавад.
Оре, барои зан воҷиб аст, то бо беҳтарин сурат, бо зеботарин манзар ва хушбӯйтарин машом дар назди шавҳар намудор шавад. Худро танҳо ба хотири ҳамсараш оро бидиҳад. То шавҳараш аз диданаш масрур гардад.
ШУКРУ МИННАТДОРӢ АЗ ШАВҲАР
Миннатдориву ташаккур кардан аз амрҳоест, ки ҳам шавҳарро хурсанд мегардонад, ҳам сабаби ризогии Аллоҳ мешавад.
Паёмбар мефармоянд:
لا ينظر الله الى امرأة لا تشكر لزوجها و هي لا تستغني عنه
“Ҳар як зан ниёз ба шавҳар дорад ва зане, ки аз ҳамсараш норозигӣ мекунад, ба шавҳараш ташаккур намекунад,ба ин гуна занҳо Аллоҳ ҳатто нигоҳ намекунад. (Муснади Аҳмад)
Албатта, нигоҳ накардани Аллоҳ ин ғазабнок будани Аллоҳро мефаҳмонад. Пас, бояд худро аз ғазаби Аллоҳ дур кунем.
Зан бояд ба ҳамсари худ миннатдору шукргузор бошад, зеро ин шавҳар сабаби ҳаёти ором ва ризқи беминнат ва сабаби бузургтарин неъмат, неъмати модар будани зан мебошад. Ташаккур гуфтан натанҳо бо забон, балки дар рафтору кирдор, ҳатто дар нигоҳи зан бояд мушоҳида шавад. Набояд ба хотири як хато тамоми хубиҳои шавҳарро нодида гирифт. Паёмбар мегӯянд:
Ман дар шаби меъроҷ Дузахро дидам, ки аксари дохилшудагон занҳо буданд. Вақте аз Паёмбар пурсида шуд, ё Расулаллоҳ чаро аксарияти аҳли дузах занҳо буданд, Паёмбар гуфтанд:
يكفرن العشير و يكفرن الاحسان لو احسنت الى احداهن الدهر ثم رأت منك شيئا قالت ما رأيت منك خيرا قط
Аксари аҳли Дузах занҳо ҳастанд, зеро ба шавҳарони худ ношукрӣ мекунанд, накӯиҳои шавҳарро нодида мегиранд. Агар ба яке тамоми дунёро бубахшӣ, сипас аз ту хатоеро бубинад, бо даҳони пур мегӯяд: Дар умрам ҳеҷ хубие аз ту надидаам. (Саҳеҳ Бухори).
ХИДМАТИ ШАВҲАР
Агар чанде дар воҷиб будани хизмати шавҳар уламо ихтилоф доранд, раъйи муътадил дар ин масъала ин аст, ки хидмати шавҳар ба зан воҷиб аст, аммо танҳо ҳамон хидматҳое, ки одатан дар урф занҳо барои шавҳаронашон иҷро мекунанд ва аз рӯи қуввати ҷисмонӣ қудрати карданашро доранд, мисли таом пӯхтану рӯбучини хона.
Аммо ин нишондиҳандаи он нест, ки зан бояд аз субҳ то шом машғули корҳои хонаву манзил бошаду ҳатто дақиқае барои ҳаёти шахсии худ пайдо накунад.
Чанд нуктаи муҳим ба хоҳарон
Эҳтироми шавҳарро дар будану набуданаш нигоҳ дор ва зинҳор, пеши касе ӯро ғайбат накун ва айбҳои ӯро ба касе ошкор масоз.
Хеле бо ҳуш бош аз кадом сухан ва аз кадом рафтор нороҳат гаштани шавҳаратро дарк кун ва асло сухане, ки аз шуниданаш нороҳат мегардад, ба ӯ магӯй ва амале, ки аз диданаш ғамгин мегардад, анҷом мадеҳ.
Аҳлу хонаводаи шавҳар барои шавҳар азиз мебошанд. Дар ҳаққи азизонаш суханҳои бад нагӯй.
Ҳар гоҳе, ки ба хона меояд, бо рӯи кушоду хушҳолӣ пешвоз бигир ва ҳангоми рафтанаш бо дуову таманниёт гусел намо.
Асло ва асло дар наздаш марди бегонаеро таъриф макун, бигзор қаҳрамони ҳаёти ту танҳо шавҳарат бошад.
Кӯшиш намо ба ӯ рашк накунӣ, чун оташи аксари ҷангҳо аз рашк фурӯзон мегардад.
Дар ҳолатҳои ғазабӣ будани шавҳар худро хушҳол вонамуд масоз ва дар рӯзҳои шодиаш бо чеҳраи ғамзада шодиҳояшро талх макун.
Пайваста аз ҳаёти якҷояги аз ӯ изҳори сипос бигуй ва ризогиатро баён намо.
Суханони паёмбар дар ёдат бошанд:
لو كنت امرا احدا ان يسجد لغير الله لامرت المرأة ان تسجد لزوجها والذي نفس محمد بيده لا تؤدي المرأة حق ربها حتى تؤدي حق زوجها
Агар ҷоиз буд, касеро ба ҷуз Аллоҳ ба дигаре саҷда кун мегуфтам, ҳамоно занҳоро амр мекардам, то ба шавҳаронашон саҷда бикунанд. Қасам ба зоте, ки ҷони Муҳаммад дар дасти Ӯст, ҳеҷ зане ҳаққи Аллоҳро ба ҷой оварда наметавонад, то даме, ки ҳаққи шавҳарашро ба ҷоё биёварад.(Муснади Аҳмад).
Муслимаи Аҳмадӣ