Рубрики Хабарҳо

Тӯҳфаи идонаи Бег Сабурӣ = 1 чупа-чупс

Бег Сабурӣ, раҳбари Хадамоти алоқаи Тоҷикистон ба кормандони ниҳоди таҳти раҳбариаш тӯҳфаи идона кардааст — як халта пиёз ва як каду ба ҳар нафар.

Инчунин Сабурӣ ба кормандонаш шарт мондааст барои дарёфт кардани моҳона бояд ё дар замини пиёзи Кӯлобу Ҳисор кор кунанд ва ё дар яке аз биноҳои мутааллиқ ба тозакунии пиёз машғул шаванд.

Ин ду воқеъият — тақсими пиёз ва талаби кор дар замини пиёз далели он аст, ки Бег Сабурӣ бар замми чанд бизнесе, ки дорад, машғули деҳқонӣ ҳам ҳаст. Нишонаи сабзавоти дӯстдоштаи Сабурӣ будани пиёз қаблан ҳам дида шуда буд: чанд сол қабл ӯ кормнадонашро маҷбур кард дар саҳни ҳавлии хадамот пиёз коранд.

Аммо баргардем ба тӯҳфаи идонаи раиси Хадамоти алоқа ба кормандонаш. Пиёз дар ҳоли ҳозир арзонтарин сабзавот дар Тоҷикистон аст. Он қадар арзон аст, ки деҳқонон аз чидани он даст кашидаанд ва ҳазорҳо тон пиёз дар замин дар ҳоли пӯсидан аст.

Онҳое, ки пиёзро ҷамъоварӣ кардаанд наметавонанд фурӯшанд. Нархи он дар сари замин 5-6 дирам аст. Дар қад-қади роҳҳои навоҳии пиёзкори вилояти Хатлон кӯҳҳое аз тӯдаи пиёз падид омадаанд, деҳқонон барои фурӯш баровардаанд, аммо касе намехарад.

Кӯдакони деҳқонон халтаи пиёзро бо як чупа чупс ҳам иваз мекунанд.

Зоҳиран Бег Сабурӣ ҳам ҳамон пиёзҳоро, имкони фурӯшашон дигар вуҷуд надорад ба кормандонаш чун тӯҳфаи идона тақдим кардааст.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *