Авлавиятҳои раҳбари як кишвар, чӣ подшоҳ дар қадим ва раҳбарони худкома дар замони имрӯз ва чи ҳатто раҳбарони кишварҳои демократӣ, ки барои чанд соли муайян интихоб мешаванд, ба зеҳни мардум таъсир мерасонад. Ин таъсир вобаста аз ҷомеъа албатта аз ҳам фарқ дорад, вале ин ки вуҷуд дорад, ҷои шубҳа нест.
Дар кишварҳои озод таъсир ҳам озод аст ва мардум ихтиёри интихоби таъсирбардориро ҳам дорад. Яъне ҳарчи дар назараш аз раҳбар писнад омад, мепазирад ва боқиро канор мегузорад. Аммо дар кишварҳои дорои роҳбарони худкома, ки аз онҳо пешвову раҳнамо тарошида мешавад ва гоҳе ба сатҳи паёмбариву худоӣ ҳам бардошта мешаванд, таъсирбардорӣ ҳам мисли кулли равобит дар ҷомеъа тақлидӣ ва фармоишист. Дар ин кишварҳо таблиғот дарку фаҳмиши мардумро ҳам ба ҳамон сатҳе мефарорад, ки “пешво” мехоҳад. Вагарна қариб ба фарҳанги миллӣ табдил шудани шиорнависиву ҳайкалсозӣ бо сабзавотро чи гуна мешавад шарҳ дод?
Дар кишваре, ки каду асосан ба ҳайси ташбеҳи аблаҳӣ истифода мешуд, бинобар ошиқи ин сабзаот будани “пешво”, ба арӯси сабзавот табдил шудааст. Баъид нест рӯзе бо фармони махсуси кадушоҳ истифодаи мақоли “лӯбиёву каду, лаънат ба ҳарду” ва ҳатто ҳамин калимаи кадушоҳ ҷиноят эълон шавад.
Пайравии мардум аз ин авлавиятҳои кадушоҳ ӯро зоҳиран ба ин натиҷа расонидааст, ки кадупирамидаву мевашиор ё гилеми меваву сабзавотӣ аз ифтихороти миллӣ аст ва онро мешавда дар ҷаҳон муаррифӣ намуд. Аз ин ҷост, ки дар ҳавлии қасри Путин ҳам дар рӯзи таваллудаш тарбузпирамидаву мевагилем рост мекунад.
Қурутобу шакароб, ки дар маҳдудаи бархе манотиқ ба ҳайси таъоми маҳаллӣ истифода мешуду ҷузъе аз таъомҳо маҳсуб мегашт, бинобар ошиқи онҳо будани “пешво” (аз ҷумла шакароб бо олуча) ба аслитарин таъоми миллии тоҷикон табдил шуда, на танҳо пойтахти кишвар пур аз қурутобхона гарштааст, балки дар рӯзҳои фарҳангии кишвар дар гӯшаву канори дунё низ ҳамчун таъоми аслии миллии тоҷикон муаррифӣ мешавад. Дар ҳоле, ки қурутоб таъоми артиши Чингизхон буд, ки бинобар мӯҳлати нигоҳдории зиёд доштанашон қурут ва нони хушкро бо худ мегардониданд ва аз дар ҳоли зарурат таом омода мекарданд. Аммо таъомҳои миллии тоҷикӣ мисли палави беназирро дигарон соҳибӣ кардаанд ва ҳар куҷо ном аз бурда шавад, пайванди “узбакӣ” ба он мечаспонанд. Яъне “палави узбакӣ”, ки дигар дар саросари дунё бренд шудааст.
Аксгириҳои беҳисобу ҳаррӯзаи кадушоҳ дар назди кадуманораву кадупирамидаҳо ва дигар меваву сабзавот ба насли нави ин кишвар, ки шабонарӯзӣ — рӯзҳо дра мактабу шабҳо дар телевизион ба гӯшҳояшон афсонаи тақаддуси “пешво” хонда мешавад, бетаъсир намондааст. Акнун на танҳо шиорнависиву ҳайкалсозӣ аз меваву сабзавот, балки аксгирӣ ё селфи бо онҳо мӯд мешавад.
Каду, сабзавоти дӯстдоштаи “пешво”-ро арӯси сабзавот кардаву ба он либосҳои арӯсӣ низ пӯшонидаанд. Дур нест замоне ҳам, ки дар тӯйҳои арӯсӣ рӯи мизи домоду арӯс каду гузоранд.
Аммо оё беҳтар нест кадуро пешвои меваву сабзавот эълон кунанд?
Ҳам шабеҳи “пешвои миллат” асту ҳам калимаи зебои кадушоҳ маънии нав пайдо мекунад.