Тоҷикистон дар 5 моҳи гузашта беш аз 1 миллиону 575 ҳазор тонна семент тавлид кард.
Бино ба иттилоъи вазорати саноат ва фанновариҳои нави ҶТ, ҳаҷми тавлиди семент дар муқойиса бо ҳамин даври соли гузашта 102 ҳазор тонна афзоиш ёфтааст.
Дар Тоҷикистон 13 ширкат семент тавлид мекунад ва зарфияти кулли солонаи онҳо 4,7 миллион тонна семент мебошад.
Тоҷикистон дар ин 5 моҳ 619 ҳазор тонна семент содир кард, ки ин шумор дар муқойиса бо ҳамин даври соли гузашта 53 ҳазор тонна афзойишро нишон медиҳад.
Дар ин муддат Ӯзбекистон 346 ҳазор тонна, Афғонистон 246 ҳазор тонна ва Қирғизистон 24,5 ҳазор тонна семент аз ҶТ ворид кардааст.
Соли 2018 Тоҷикистон беш аз 3 миллиону 844,2 ҳазор тонна симон тавлид карда буд. Соли гузашта тавлиди симон 23,3 дарсад рушд дошта буд.
Ёдовар мешавем, ки ҳукумати Тоҷикистон ва ширкати “семент тоҷик” тавофуқномаи сармоягузорӣ дар бораи сохтусоз ва баҳрабардории корхонаи тавлидотии симон ва дигар масолеҳи сохтмониро имзо карданд.
Зарфияти солонаи ин корхона 1,2 миллион тонна хоҳад буд.
Барои иҷрои ин тарҳ ҷазби 100 миллион доллар сармоягузории мустақим барномарезӣ шудааст.