Тибқи иттилоъи Вазорати дифоъ, нақшаи даъват ба сафи артиш дар кулли кишвар ба 84 фоиз расидааст. Ҳамчунин вазорат аз иҷрои 100 дарсадии ин нақша дар пойтахт хабар додааст.
Маъракаи даъвати тирамоҳии шаҳрвандон ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ, аз 1 октябр шурӯъ шуда, то охири нобяр идома мекунад.
Дар нахустин рӯзи даъват шаҳру навоҳии ВМКБ аз иҷрои пурраи нақша гузориш доданд. Чанд соли охир ин вилоят иҷрои нақшаро дар кишвар пеш аз муҳлат ва дар рӯзҳои нахустини ин маъракаи муҳими сиёсӣ ба итмом мерасонад. Гуфта мешавад то ҳол ҳудуди 30 шаҳру ноҳияҳо нақшаи даъват ба хизмати ҳарбиро иҷро кардаанд.
Дар вилояти Хатлон ин нишондиҳанда ба 81% дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд 72% ва дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 94%-ро ташкил додааст.