“Навбатро вайрон намекардаги ман 324 ум соат 08:20” — навиштааст корбари фейсбук Зайниддин Каримов дар гурӯҳи “Хуҷандро дӯст медорам”, бо интишори ин акс аз навбат барои симкорт дар нуқтаи Tcell.
Корбарони дигар изҳори ҳайрат кардаанд, ки агар соати 08.20 ин қадар одам худро дар навбат номнавис кардааст, пас мардум шаб хоб накарда номнавис карда буданд?
Як корбари дигар навиштааст ман тоза рафта номнавис кардам, “навбатам 739-ум буд, Худо хоҳад то 1-уми сентябра меомадагис навбат”.
Ин ҳолат дар тамоми кишвар мушоҳида мешавад. Аз замоне ки Хадамоти алоқа аз болоравии нархи симкорт дар кишвар хабар дод, мардум ба нуқтаҳои ширкатҳои мобилӣ сарозер шудааст.
Ин ҳам дар ҳолест, ки фаъолони ҷомеъаи шаҳрвандӣ ба таҳрими симкортҳо ва талаби истеъфои раиси Хадамоти алоқа Бег Сабурӣ даъват мекунанд. Аз ҷумла гурӯҳе аз сокинони ноҳияи Панҷакент бо ирсоли як нома ба раисҷумҳур, аз ӯ хостаанд Бег Сабуриро ба истеъфо фиристад.
Ду ҳафта қабл мақомот эълон карданд, ки “ба хотири пешгирӣ аз терроризм” нархи симкортро то 250 сомонӣ боло мебаранд. Аввал гуфта мешуд нархҳо аз 21 август боло хоҳад рафт, аммо дертар онро ба 1-уми сентябр гузоштанд.
Хомӯшии мардум ба қонуншиканиҳои Бег Сабурӣ, қудои раисҷумҳури Тоҷикистон боис шудааст ӯ ҳар замон қарори наве барои ғорати кисаи мардум тасвиб кунад. Баъди болобарии нархи симкорт ӯ билофосила роҳи наве пайдо кард.
“Барои камтар кардани истифодаи телефони мобилӣ аз тарафи шаҳрвандон дар ҳаёти рӯзмарра, ва зараровар буданаш ба саломатӣ”, Хадамоти алоқа пешниҳод кардааст андоз аз истифодаи телефон ҷорӣ карда шавад.
Пеш аз ҳама, IMEI-рақами ҳар як телефони дастии воридшаванда ба Тоҷикистон бояд ба қайд гирифта шавад. Муҳим нест ин телефон барои истифодаи шахсӣ ворид карда шудааст ё барои фурӯш — воридкунанда муваззаф аст IMEI-рақами онро ба қайд монад.
Дар сурати ба қайд гирифта нашудани IMEI-рақами телефон, симкортҳои тоҷикӣ дар он кор намекунанд. Ин таҷриба ҳоло дар Туркия истифода мешавад. Тибқи маълумоте, ки дастраси Паём шуд, бақайдгирии IMEI-рақам дар Тоҷикистон $50-ро ташкил хоҳад дод.
Ҳамчунин Хадамоти зиддиинҳисорӣ масъалаи ҷорӣ кардани андоз аз истифодаи телефонро ба баррасӣ гирифтааст. Маблағе, ки Хадамоти алоқа барои он пешниҳод кардааст, 10 долларро ташкил медиҳад. Шояд ин андоз ба тадриҷ аз суратҳисоби муштарӣ гирифта шавад, то андозсупоранда онро сахт эҳсос накунад.
Интизор меравад ин навоварӣ аз аввали соли 2019 ба иҷро дарояд.