Рубрики Хабарҳо

Толибон ба шаҳрвандон Тоҷикистон ҳамла кардаанд?

Хадамоти марзбонии Тоҷикистон эълон кардааст, ки ҳамлаи дирӯза бо минаандоз ба як мошин дар ҳудуди ноҳияи Фархор аз тарафи Толибон сурат гирифтааст. Дар ин ҳамла ду шаҳрванди Тоҷикистон кушта ва як нафар захмӣ шуданд.

Дирӯз соати 16 бо вақти Душанбе як мошини Ниваи ҳомили се шаҳрванди Тоҷикистон мавриди ҳамла қарор гирифт, ки дар натиҷа ду нафар — Саидов Амирхон Амировичи 53 сола ва Сангаков Давлат Раҷабовичи 60 сола кушта шуда, Раҳмонов Сафархон Бӯрихонович маҷруҳ шудааст.

Ташхиси ҷасадҳо дар бемористони марказии ноҳияи Фархор нишон додааст, ки ин афрод бо мусалсали Калашников кушта шудаанд.

Кумитаи давлатии амнияти миллӣ гуфта буд, ки ҳамла аз се тараф сурат гирифтааст. Сардори Кумита Саймӯъмин Ятимов ва ҷонишини ӯ Мансур Умаров, ки ҳарду зодаи ноҳияи Фархор ҳастанд, ба ҷои ҳодиса рафтаанд.

Мақомоти марзбони мегӯянд, тибқи санҷиши ибтидоӣ Толибон бо истифода аз мусалсалии «Калашников» ва миномёт ин ҳамларо анҷом додаанд. Тибқи итилоъи мақомоти Афғонистон ҳам минтақае, ки аз онҷо ба сӯи ҷангалбонони тоҷик тирандозӣ сурат гирифт, дар ихтиёри гурӯҳи Толибон қарор дорад.

Аммо Толибон як гурӯҳи хос афғонистонӣ аст, ки то ҳол дахолат ба умури кишварҳои дигар аз тараф ва гузашта аз он ҳамла ба қаламрави кишварҳои бегона аз тарафи онҳо дида нашудааст.  

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *