Оиди гуноҳи кабира будани худкушӣ ва оқибатҳои он дида баромада будем.
Шахси худкушта, агарчӣ гумон мекунад бо нобуд сохтани худ аз масоиби дунё наҷот меёбад, вале баръакс бо ин амалкарди худ, худро ба оташи Ҷаҳаннам меандозад. Паёмбар салаллоҳу алайҳи ва саллам дар ҳадиси Бухорӣ мегӯянд:
Дар умматони пеш аз шумо омада, марде буд, ки дар бадан ҷароҳат дошт. Ба дарди он ҷароҳати худ сабр накарду ба даст корд гирифта, дасти худро бурид, баробари буридан, беист хун рехт, то ин ки он мард аз сабаби зиёд рафтани хун аз дунё рафт.
Сипас Аллоҳи Таъоло гуфт:
بادرني عبدي بنفسه حرمت عليه الجنة
Бандаам бо ин худкушиаш ба назди ман шитофт, ман ба ивази ин Ҷаннатро барояш ҳаром кардам.
Ин банда ба мусибати беморӣ сабр накарда, худро аз дунё халос кард, вале ҷазои ин амалаш подошу мукофот нест, балки оташи дузах аст, барои бесабрӣ, адами ризо ба тақдир, куфрони неъмати зиндагӣ, боз якчанд гуноҳҳои дигар.
Вақте ба омори худкушӣ дар Тоҷикистон, инчунин ба адади нафароне, ки мехоҳанд худкушӣ кунанд, нигоҳ мекунем, мебинем, ки аксарияти онҳо занҳо, алалхусус бонувони ҷавони соҳиби оила мебошанд.
Ҳамааш мешунавем: Хонуми 24 ва ё 29 солае қасди ҷони худ кард, арӯсаке худро ба дор овехт, даҳшаттар аз ҳама, зане натанҳо худ, балки тамоми кӯдаконашро ҳамроҳи худаш ба дарё андохт.
Инчунин борҳо шунидаем, ки занҳое мехостанд худро бикушанд, вале муваффақ нашуданд. Бо нӯшидани дору, сирко, аз бом паридан, ба қасди худкушӣ аз хона рафтан, қиссаҳои даҳшати қасди худкушӣ хеле зиёд ҳастанд.
Шояд гумон кунед, ки ҳар як хонуми даст ба худкушӣ зада, қиссаи худро дорад, ҳаёти яке ба дигаре шабоҳат надорад. Вале вақте амиқтар нигоҳ мекунем, мебинем, ки сабабҳои худкушии хонумон бармегардад ба баҳсҳои доғи ҳамешагӣ, ки сарчашмаашон як аст: Хушунатҳои хонаводагӣ, талоқ, хиёнати шавҳар, тӯҳмат ба бероҳагӣ, таҳдид, беқадрӣ дар байни ҷомеа, тарбияи ғалат, тарсончакиву худкучакбинӣ, бесаводӣ, надоштани маошу ҷои кор, маҳрумият аз ҳуқуқҳои молӣ… Ҳамаи ин таҳти шиори “ман зане беш нестам”
ТАБЪИЗ
Дар аксари оилаҳо ҳанӯз аз кӯдаки табъизи духтаракон, духтаронро инсони дуюмдараҷа шуморидан шурӯъ мешавад. Дар корҳои хона, дар додани ҳадияҳо, дар хариди либос, аҳмият ба писарбачаҳо нисбати духтарак зиёдтар аст. Писарчаву духтарча бо ҳам бозӣ мекунанд, дар охир бояд духтарча асбоббозиҳоро мураттаб созад. Падар гоҳ-гоҳ ба фарзандон пул медиҳад, аммо фақат ба писарбачаҳо, тӯҳфаи писар аз туҳфаи хоҳаронаш ҳамеша гаронтар аст. Аз ҳама аҷибаш, ҳатто ақиқае, ки дар шариат барои духтару писар бояд карда шавад, ҳам барои писарча, ҳам барои духтарчаи навзод гусфанд забҳ карда шавад, дар аксари навоҳии Тоҷикистон бо ному писартуй машҳур аст. Барои писарча ақиқа мекунанд, аммо барои духтарча беақиқа ҳам мешавад. Писартуй вуҷуд дорад, духтартӯй на.
Байни набераи духтариву писарӣ ҷудо кардан, ҳатто дар баъзе падарбузургу модарбузургҳо вуҷуд дорад. Набераи духтарӣ мисли бародараш ҳадия намегирад, навозишу меҳрубонии бобуву бибӣ, асосан барои писарбачаҳост.
Аксарияти онҳое, ки байни духтарчаву писарча ҷудо мекунанд, ба писарак аҳмияти зиёдтар медиҳанд, далели худро доранд. Духтаракро набояд эрка кард, вагарна аз худ меравад.
Табъизи духтар, ӯро инсони дараҷаи дуюм, шуморидан пеш аз ҳама хилофи шариат ва гуноҳ аст. Паёмбар дар ҳадиси Бухорӣ мегӯянд:
واتقوا الله واعدلوا بين اولادكم
Аз Аллоҳ битарсед байни фарзандонатон адл кунед.
Адл кардан байни фарзандон духтару писар, дар меҳубонӣ, ҳадия, ҳатто бӯсидану оғӯш кардан аст.
Боре марде ба назди Расулаллоҳ омада мегӯяд, ман ба яке аз фарзандонам миқдоре моламро ҳадия дода истодаам, шумо ба ин амали ман шоҳид шавед.
Паёмбар ба ин мард мегӯянд, оё ба ҳами фарзандонат ҳадия дода истодаи ё танҳо ба яктоаш. Мард мегӯяд танҳо ба ҳамин яктоаш.
Паёмбар мегӯянд:
فلا تشهدني إذا فإني لا اشهد على جور
Агар ин тавр бошад, маро ба шоҳиди накашед, ман болои зулми касе шоҳид намешавам.
Паёмбар ба яке аз фарзандон ҳадия додану ба дигарон надоданро ҷавру зулм хонданд. Агар ба фарзанде ҳадия додед ҳатман бояд ба дигарон низ бидиҳед, ҳоло фарқ намекунад фарзандон духтар ҳастанд ва ё писар.
Инҷо бояд нуктаи муҳиммеро ёдрас кунам. Гоҳе фарзанде ба чизе ниёз дорад, аммо дигарон ниёз надоранд. Пойафзоли ҳама дуруст аст, магар як нафар. Дар оила танҳо як кӯдак ба мактаб меравад, ба лавозиму либоси мактаб ниёз дорад, яке аз фарзандон бемор аст, бояд хӯроки махсус бихурад, ин масалаи дигар аст, инҷо якеро махсуси таому либос кардан, ноадолатӣ нест, балки аз ҳикмат аст.
Замоне аҳмияти хос ҳадияву меҳрубони зулм аст, ки беягон сабаби хос дар байни фарзандон, ба яке аҳмият дода шавад ва ё дар иду маросими дигар ҳадяи писарбача аз ҳадяи хоҳараконаш гаронтан бошад.
Қазияи доғи дигар, ки дар ҷомеаи мо аз суннатҳои ҷоҳилият аст ва мутаассифона на танҳо мардҳо, ҳатто худи занҳо шарик ҳастанд, ин фоли бадбинӣ ва хабари шум донистани фарзанди духтарӣ аст. Дар оила, агар фарзанди дуввуму севвум пайи ҳам духтар таваллуд шуд, дигарон ин оиларо махсусан падари духтараконро, ҳамчун соҳиби мусибат мешиносанд: боз духтардор шуд, сеюмаш ҳам ҳамдухтар ба дунё омад…
Гӯё баробари бори севвум ва ё чаҳорум духтардор шудан, мусибати дунё ба сари оила омад. Баъзе мардҳо баръало аз омадани фарзанди духтари хафа шудани худро изҳор мекунанд, яке ба баморхона ба зиёрати ҳамсару фарзанд намеравад, яке телефони худро хомӯш мекунад, то дигарон қудуми навзоди духтарчаро муборак бод нагӯяд, яке бо ҳамсараш қаҳр мекунад. Ин айнан ҳамон одоти ҷоҳилият буд, ки Қуръон ба мо зикр мекунад:
و اذا بشر احدهم بالانثى ظل وجهه مسودا و هو كظيم يتوارى من القوم من سوء ما بشر به ايمسكه على هون ام يدسه في التراب الا ساء ما يحكمون
Вақте яке аз онҳо (мушрикҳои Макка ва аҳли ҷоҳилиятро) аз таваллуд шудани духтарча башорат дода мешуд, аз хафагиву ғам рӯйҳояш сиёҳ мешуд ва ҳузну андӯҳ дилашро фаро мегирифт. Ба сабаби ин муждаи бад, духтардоршавӣ, худро аз мардум канора мегирифт, то ки бори духтардориашро ҳис наунанд. Акнун ин духтарчаро, ҳамчун балову мусибат қабул мекарда бошад ва ё ки зинда ба зинда ба хок мегуронида бошад, вой ки чӣ бад аст, ҳукм кардани онон. (сураи Наҳл ояҳои 58 ва 59)
Оре, сифати мушрикини Макка аҳли ҷоҳилият чунин буд, аз духтардорӣ ору номус мекарданд.
Бадтар аз ҳама то меравад, духтарча калон мешавад дар назди худи духтрак модар ва ҳатто падар: “Хеле мехостем писарча ба дунё ояд, вале ин таваллуд шуд гӯён ба духтарак ишора мекунанд.” Духтарак ҳанӯз аз кӯчаки эҳсос мекунад, ки ӯ фарзанди нохонда будааст, ба ҷои ӯ фарзанди дигареро интизор будаанд, омадани ӯ иштибоҳи буд.
Ин рафтори атрофиён дар қалби духтарча асарҳое мегузорад, ки то охини умр аз қалбаш намешавад, пок кард. Ҳисси худ камбинӣ, шахси нолозим, аслан меҳмони нохонда будан, шахсияти инсонро мешиканад, инсон худро қадр намекунад, сарчашмаи аксари мусибатҳо бошад, даст ба худкушӣ задан, худро аз дунёву аҳлаш раҳо кардан, ба муомилаву эҳсоси дигарон бетафовут будан, бармегардад ба шахсияти инсон, то куҷо инсон шахси қавиву соҳибирода аст, қадри худро мешиносаду ҳуқуқи худро медонад ва то куҷо инсон худро қадр намекунаду баробари асоситарин ҳуқуҳо худ мубориза намебарад.
Вале дар ҷомеаи имрӯзаи мо аксарияти оилаҳо ҳанӯз аз рӯзҳои аввали ба дунё омадани духтарак, ба ҷои бино кардани қуввати шахсият, баракс рӯҳу қалби духтаракро бо муносибатҳои худ, табъизу ҷудо кардан зери хок мекунанд.
Дар ҳама мусибатҳо, дар баробари таънаву маломат, ҳатто таҳқиру хушунатҳои дигарон духтарак худро бо як ҷумла таслият медиҳад:
“Магар дар назди оилаи худ падару модари худ чӣ қадру қиммат доштам, ки дар назди дигарон дошта бошам. Ман ҳанӯз аз аввал барои иҳонат гӯё халқ шудам.”
Тифлакони худ, духтарчаҳои гули худро парвариш кунед, дар онҳо шахсияти қавӣ, қадри худро донистану баробари иҳонати дигарон мубориза бурданро омӯзед,
Паёмбари Аллоҳ Заёнабу Руқая, Умму кулсуму Фотима доштанд, доштани фарзанди духтари ору шармандагӣ нест, суннати ПАёмбар, башорат ба Ҷаннат, ояндае пур аз умеду эҳсосоти саодат аст, ки ба якояки шумоён азизон аз даргоҳи Илоҳи талаб дорем.
Муслимаи Аҳмадӣ