Рубрики Хабарҳо

Симкорти 250 сомона, Беги ганда ва раисҷумҳури хуб

Эмомалӣ Раҳмон болобарии нархи симкортҳоро то охири сол ба таъхир андохт. Дар маҷлиси Ҳукумат, ки дирӯз баргузор шуд, раисҷумҳур қарори қудояш Бег Сабурро бекор кард ва ба раиси дастгоҳи иҷроия, ки духтараш ҳам ҳаст, супориш дод масъаларо то оғози соли нав биёмӯзад.

Озода Раҳмон, раиси дастгоҳи иҷроия муваззаф шуд се масъаларо то он замон мавриди омӯзиш қарор диҳад: боло бурдани нархи симкортҳо, ба як нафар фурӯхтани танҳо як симкорт ва манъи фурӯши симкортҳо ба кӯдакону наврасони то 14-сола.

Ҳоло суоли асосӣ ин аст, ки чаро раисҷумҳур тасмим гирифт ду рӯз қабл аз баиҷродароии қарори қудояш Сабуриву вазири умури дохила Раҳимзода ва як рӯз қабл аз таҳриме, ки эълон шуд ва дастгирии густардае дошт, бекор кард?

Албатта дастгоҳи таблиғотии ҳукумат ин тасмими Эмомалӣ Раҳмонро ғамхорӣ ба мардум таъриф хоҳад кард. Аммо ин тасмим беш аз ду ҳафта қабл гирифта шуда буд ва агар розигии худи раисҷумҳур ҳам дарёфт нашуда буд, ӯ наметавонист аз ин қарори зиддимардумӣ бехабар бошад. Ғамхорӣ ба мардум ин нест, ки мунтазир шавӣ ду ҳафта паси дари ширкатҳои мобилӣ овора шаванду баъди он ки тамоми расмиёти хостаи мақомотро иҷро карданд, қарори зиддимардумиро бекор кунӣ.

Аммо ин ки Эмомалӣ Раҳмон қарори Бег Сабуриро бекор накарду ба таъхир гузошт, гувоҳи ин аст, ки ӯ аз аввал вориди қазия буд. Қаблан се фарзияи боло бурдани нархи симкортҳоро баён карда будем ва яке аз онҳо ин буд, ки камбуди шадиди буҷа ҳукуматро водор кардаст ба ҷустуҷӯи роҳҳои ғайримаъмулӣ пардозад. То як сол қабл ширкатҳои мобилӣ бузаргтарин андозсупорандагон дар кишвар маҳсуб мешуданд ва агар ҳукумат андози бештаре таваққӯъ кард, албатта пеш аз ҳама аз онҳо мехоҳад.

Пас омилҳои дигаре вуҷуд доранд, ки раисҷумҳурро маҷбур ба таъхир гузоштани ин қарор шудааст.

Вокуниши густардаи мардум

Ҳеҷ як қарори мақомот дар чанд соли охир ба чунин вокуниши тунди мардум, ба хусус дар шабакаҳои иҷтимоӣ рӯбарӯ нашуда буд. Ин тасмими Бег Сабурӣ ҳатто онҳоеро водор ба эътироз кардан намуд, ки се соли охир аз тарси мақомот лаб фурӯ баста буданд. Дар ин се сол тадриҷан ҳарфи эътироз аз забони мардум рафта буд ва аксарияти кул аз эътироз ҳатто ба як мансабдори кӯчак парҳез мекарданд.

Садҳо нафар аз дохили кишвар садо баланд карданд ва ҳатто гурӯҳе аз сокинони ноҳияи Панҷакент аз раисҷумҳур хостанд қарори қудояшро бекор кунад ва худи ӯро ба истеъфо фиристанд.

Гурӯҳе таҳти унвони “Бойкоти симкорт” дар шабакаҳои иҷтимоӣ боз шуд ва мардумро даъват ба таҳрими симкортҳои Тоҷикистон барои як рӯз дар таърихи 31-уми август даъват кард. Навори кӯтоҳе ҳам бо даъвати таҳрим нашр шуд. Танҳо як нусхаи наворро дар фейсбук давоми ду рӯз 10300 нафар ва дар одноклассники 8000 нафар тамошо карданд. Садҳо нафар онро бознашр намуданд.

Навор ҳамчунин тавассути паёмакрасонҳо ба рақамҳои Тоҷикистон фиристода шуд. Даҳҳо ҳазор нафар дар кишвар онро дарёфт ва тамошо карданд, ки аз назари мақомот ҳам пинҳон намонд. Як афсари пулис, ки нависандаи ин сатрҳо наворро барояш фиристода буд, навишт “ин гуна корҳоро бештар кунед. Мо ҳам безор шудем аз қудою андаи президент”.

Ду фарохон бо даъвати манъи ин қарор ва истеъфои Бег Сабурӣ ташкил шуд ва ба ҷамъи имзоҳо пардохт. Дар ду рӯз яке аз онҳоро наздик ба сесад нафар имзо карданд.  

Ин вокунишҳо наметавонист барои Эмомалӣ Раҳмоне, ки аз тарси эътирозҳои чанд нафар метарсад ба Аврупо сафар кунад, бетаъсир бошад.

Подшоҳи одилу навкарони золим

Афсонаи подшоҳи одил, ки навкарони золимаш вазъи бади халқро аз ӯ пинҳон медоранд, солҳост, ки аз тарафи мошини таблиғотии раисҷумҳури Тоҷикистон истифода мешавад. Ҳанӯз ҳам гурӯҳе аз мардум ба ин назар аст, ки Эмомалӣ Раҳмон шабонарӯзӣ дар ғами халқ аст, вале вазиру кабиру навкаронаш шикоятҳои мардумро ба ӯ намерасонанд.

Ҳоло зоҳиран Эмомалӣ Раҳмон мехоҳад ин қартаро бори дигар ба бозӣ дарорад. Дар кишвар шояд як нафар ҳам боқӣ намонда, ки аз қазияи симкорти 250 сомона бехабар монда бошад. Магар таблиғе аз ин густартадар метавонад бошад, ки якбора якояки раият бохабар шавад шоҳ чӣ одиле аст? Қудои беинсофаш бо истифода аз хешутаборӣ бо раисҷумҳур хостааст мардумро ғорат кунад, вале ногоҳ (баъди ҳамагӣ 15 рӯз) шоҳи одил аз қазия хабардор шудаву таноби қудои муфтхӯрашро кашидааст. Зинда бод шоҳ!

Агар имкон ҳаст бо як тир ду камон занӣ — яъне ҳам мардуми башӯромодаро ором куниву ҳам худат дубора шоҳи одил талаққӣ шавӣ — магар аблаҳӣ нест, ки аз ин фурсати бузург истифода накунӣ?

Аммо яке аз шартҳои қаҳрамонӣ ва пирӯзии адолат ин аст, ки бояд бадкор ҷазо гирад. То мардум ба адолати шоҳ мутмаинтар шавад. Ҳарчанд дар гумон аст, ки Эмомалӣ Раҳмон қудояшро ба барраи қурбонӣ табдил диҳад, вале дар сурати эътирози бештари мардум ба хилофкориҳои Бег Сабурӣ метавонад раисҷумҳурро маҷбур ба ин кор кунад. 

Танҳо бизнес ва танҳо барои Оила

Бег Сабурӣ дар бастани паёмакрасонҳо таҷриба кард, ки агар мехоҳӣ мардумро ғорат кунӣ, аммо роҳи интихобкардаат сахт ошӯббарангез аст, қудои раисҷумҳур ҳам бошӣ, метавонӣ кӯтаке паси гарданат хӯрӣ. Ва зоҳиран ба ин натиҷа расид, ки пеш аз тасмими нав, бояд заминаро омода кард. Ин буд, ки Рамазон Раҳимзодаро шарик кард ва аз ҳодисаи Данғара сӯъистифода намуд. Аз ин ки ба танҳоӣ мардумро ғорат карда натавонӣ, магар бад аст, ки дар ин кор як нафари дигарро шарик куниву муваффақ шавӣ?

Аммо Раҳимзода узви оила нест. Ва шарик кардани ӯ ба чунин як бизнеси калон риоя накардани бизнес-қоидаи Оила аст. Ин буд, ки Оила тасмим гирифт “доля”-и Раҳимзода ба нафаре аз худиҳо гузарад. Ба кӣ гузашт, дар хабар омадааст.

***

Ҳоло яке аз ин омилҳо ва ё ҳамаи онҳо якҷоя боис шуданд қарори Бег Сабурӣ бекор шавад, муҳим нест. Муҳим ин аст, ки мардум дид ҳатто баҳамоии қисми кӯчаке, метавонад давлатро маҷбур созад то ба ҳарфи раияташ гӯш диҳад.  

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *