Тоҷикистон бо кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил нисбат ба Аврупо, Осиё, Амрико, Африқо ва Австралиё бештар тиҷорат кардааст.
Тавре Вазорати рушди иқтисод ва савдои кишвар ба расонаҳои маҳаллӣ маълумот додааст, беш аз нисфи гардиши савдои хориҷии ҷумҳурӣ дар даҳ моҳи соли равон ба кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил рост меояд.
Дар ин давра, ҷумҳурӣ бо 108 давлати ҷаҳон, ки 10-тои он кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил мебошанд, робитаҳои тиҷорати хориҷӣ доштааст. Ҳаҷми умумии гардиши савдои хориҷӣ дар моҳҳои январ-октябри соли равон 3 миллиарду 785 миллион долларро ташкил дод.
Гардиши савдо бо кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил 50,3 дар сад ё 1 миллиарду 902 миллиону 200 ҳазор долларро аз ҳаҷми умумӣ ташкил дод. Ин рақам