(ҳамсояи мусалмон ва ғайримусалмон)
Дунё пур аз мушкилиҳову мусибатҳост. Имрӯз, агар шоду оромӣ дошта бошем, фардо мушкилие ба сарамон меояд. Мусибатҳои дунё, мисли бодҳои сахт ба ҳар гӯшаву канор мерасанд. Вақте, дарҳоро мебандӣ аз панҷараҳо дохили хонаат мегарданд, беморӣ, марг, танҳоӣ, камдастиву муҳтоҷӣ.
Инсон наметавонад дар танҳоӣ аз мусибатҳо раҳо шавад. Ба ҳамдардии ёру дӯстон, таслияту дастгирӣ ниёз дорад. Аллоҳ инсонро чунон офаридааст, ки ҳатто дар рӯзҳои хурсандиаш ба хешовандону дӯстон ниёз дорад.
Аз ин ҷост, ки дини мо ҳуқуқ ва қонунҳое дорад, ки бо амал кардани он қунунҳо инсон ба ҷуз хайру саодат чизи дигаре намебинад. Рафту омад бо хешовандону дӯстон, зиёрати мариз, таҳнияти рӯзҳои муборак, қадрдонӣ кардани волидон, накӯи ба хешовандон, эҳтироми бузургон, раҳму шафқат ба хурдсолон, ёрии молӣ, закот ва садақа додан.
Дар шариати Ислом ҳар як мусалмон болои худаш болои хешовандонаш, болои ҳамсояааш, болои бародари мусалмонаш ҳуқуқҳо дорад.
Аз бузургтарини ин ҳақҳо, ҳаққи ҳамсоя мебошад. Барои он, ки наздиктари шахс ба ҳар яки мо ин ҳамсоя аст. Гоҳе аз хешовандон дида кӯмаки ҳамсоя зиёдтар мерасад. Дар рӯзҳои мусибат аввалин шахсе, ки ба ёрии мо меояд, ҳамсоя аст. Дар рӯзҳои фараҳ авввалин шахсе, ки муборакбодӣ мегӯяд, боз ҳамсоя аст. Барои ҳамин, ҳаққи ҳамсоя он қадар бузург аст, ки гӯё аз ҷумлаи ворисон шуморида мешавад.
Ҳамсоя якчанд намуд мешавад:
Аллоҳ дар Қуръон мегӯяд:
و اعبدوا الله و لا تشركوا به شيئا و بالوالدين احسانا و بذي القربى و اليتامى و المساكين و الجار ذي القربى و الجار الجنب و الصاحب بالجنب
Аллоҳро парастиш кунед, ба ӯ чизеро шарик наоваред, ба падару модар некӣ кунед, ба хешовандону ятимон ва бечорагон накӯӣ кунед, ба ҳамсояе, ки хешованди шумост ва мусулмон аст ва ба ҳамсояе, ки бегона асту мусалмон нест, инчунин ба ҳамсафару ҳамнишини худ накӯи кунед. (сураи Нисо ояти 26)
Дар ин ояти муборак Аллоҳи ҳаким баробари некӣ кардан ба хешовандон, некӣ кардан ба ҳамсояро низ амр мекунад.
Дар ояти карима ду намуд ҳамсоя зикр шудааст. Ҳамсояе, ки ҳам ҳамсоя аст ва ҳам хешованди шумост ва мусалмон аст. Ҳамсояе, ки ба шумо бегона аст ва дар баъзе тафсирҳо омадааст, ки мусалмон нест.
Ҳар нафаре, ки дар ҳамсоягии шумо зиндагӣ дорад, хоҳ мусалмон бошад, хоҳ кофир, хоҳ накӯкор бошад, хоҳ бадфеъл, ҳар киву ҳар чӣ бошад ҳам, ҳаққи ҳамсоягиро дорад.
Албатта ҳамаи ҳамсояҳо ҳуқуқи баробар надоранд. Албатта ҳамсояе, ки ҳам хеши шумост, ҳам мусалмон аст, аз ҳамсояе, ки бегона асту мусалмон нест, болотар меистад, ҳамсояе, ки рӯбаӯи хонаи шумост, аз ҳамсояе, ки хонааш дуртар аст, болотар аст, аммо дар ниҳоят тамоми шухсоне, ки ҳамсояи шумо ҳастанд, бояд ба онҳо некиву эҳсон кунед. Зеро ин амри Парвардигор аст.
Дар саҳеҳи Бухорӣ омадааст,ки Ҳазрати Оиша модари муъминин аз Паёмбар салаллоҳу алайҳи ва саллам мепурсанд:
Ман ду ҳамсоя дорам, ҳадияи худро ба кадоми онҳо диҳам?
Паёмбар мегӯянд: Ба оне, ки дари хонааш ба ту наздиктар аст.
Ҳар ҳамсояе, ки баробари ҳамсояи шумо будан, хешованди шумост ва мусалмон аст, болои шумо се ҳақ дорад. Ҳаққи ҳамсоягӣ, ҳаққи хешовандӣ, ҳаққи мусалмонӣ.
Ҳар ҳамсояе, ки мусалмон аст, болои шумо ду ҳақ дорад. Ҳаққи ҳамсоягӣ ва ҳаққи мусалмонӣ.
Ҳар ҳамсояе, ки мусалмон нест, танҳо як ҳақ дорад, ҳаққи ҳамсоягӣ. Албатта, дар муҳоҷират дар ҳамсоягии мо масеҳӣ ва ё ғайримусалмоне зиндагӣ дорад. Ӯ ҳаққи ҳамсоягӣ дорад. Ин кофир аст, ҳеҷ ҳақ надорад гуфтан, хилофи шариат аст. Ба ҳамсояи ғайри мусалмони худ некӣ кунед, бигзор то чӣ андоза мусаффову боадолат будани дини моро донанд. Бемор шуд ба диданаш равед, агар таоми хубе пӯхтед ба ҳамсоя низ диҳед. Аз аҳволаш пурсон кунед. Албатта, баъзе ҳамсояҳо ҳастанд, аз касе таом намегиранд ва ҳатто салом намедиҳанд, шумо ба ахлоқи ӯ нигоҳ карда неву ба ахлоқи мусалмонии худатаон нигоҳ карда рафтор кунед. Донанд, ки мусалмонӣ қатлу ғорат нест. Мусалмони донистани ҳаққи тамоми мавҷудот аст. Некӣ кардан ба тамоми халқи Аллоҳ аст.
Бузургии ҳаққи ҳамсоя
Ҳаққи ҳамсояро донистан ба ҳамсоя некӣ кардан, дар шариат он қадар аҳмияти бузург дорад, ки ояту аҳодиси Расулаллоҳ дар ин боб хеле зиёданд.
Аллоҳ дар сураи Нисо бандагонашро амр мекунад ба ҳамсояи худ некӣ кунад, ҳар ҳамсояе, ки бошад, мусалмон, ғайри мусалмон, накӯкор ва ё гунаҳгор.
Агар ба ҳадисҳои Расулаллоҳ нигоҳ кунем, адади аҳодисе, ки ба ҳаққи ҳамсоя далолат мекунанд, мешуморанд.
Дар ҳадиси Бухорӣ ва муслим омадааст, ки Паёмбар мегӯянд:
من كان يؤمن بالله و اليوم الاخر فليكرم جاره
Ҳар касе, ки ба Аллоҳ ва Рӯзи қиёмат имон дошта бошад, пас ҳамсояашро эҳтиром кунад.
Паёмбар некӣ кардан ба ҳамсояро ба имон ба Аллоҳ ва Рӯзи қиёмат марбут карданд. Масъалаи ҳамсоягиро донистан масалаҳои мустаҳаббу фазоил нест, балки аз воҷиботи ҳатмии мусалмонон аст.
Албатта дар Тоҷикистон ҳуқуқи ҳамсоягиро тақрибан ҳама медонанд, аммо аксари бародару хоҳароне, ки дар хориҷ ҳастанд, аз ин воҷибот гӯё, ки бехабар ҳастанд.
Худ, бо оилаи худ, бо хешовандони худ зистанро асоси зиндагӣ қарор додаанд. На аз аҳволи ҳамсояе мепурсанд ва на ҳатто мешиносанд. Аз ҳама талхтар боз даъвои ислому парҳезгорӣ доранд.
Дар Сунани Абудовуд ва Тирмизӣ омадааст, ки Абдуллоҳ ибни Амр саҳобии Расулаллоҳ гӯсфандеро қурбонӣ карданд, сипас аз хонаводаи худ пурсиданд, оё ба ҳамсояе, ки яҳудӣ аст аз гӯшти гусфанд ҳадия додед. Боз такрор карданд ва ҳамин тавр се бор пурсиданд. Ба яҳудӣ гушт додед, ба ӯ низ гушт додед. Додед ё на?
Сипас гуфтанд, ман аз Паёмбар шунидам, ки гуфта буданд:
ما زال جبريل يوصيني بالجار حتى ظننت انه سيورثه
Ҷаброил маро он қадар ба некӣ кардани ҳамсоя васият кард, гумон кардам, ки ҳамсоя низ ҳаққи меросгирӣ дорад.
Пас аз шунидани ҳадису оятҳо, пас аз донистани бузургии ҳаққи ҳамсоя, албатта саволе ба зеҳнамон меояд, ки ҳаққи ҳамсояро чӣ гуна адо мекунем ва ё ба ибораи дигар чӣ тавр ба ҳамсояи худ бояд некӣ кард?
Камтарин некӣ ба ҳамсоя, ин худдорӣ кардан аз азияти ӯ мебошад. Кӯшиш кунед, ҳамсоя аз шумо зарар набинад. Зарари моддӣ ва ё маънавӣ. Вақте ба ҳамсояи худ некӣ карда наметавонед, ҳадди ақал набояд ба ӯ бадӣ кунед, зарар расонед.
Паёмбар салаллоҳу алайҳи ва саллам дар ҳадиси Бухорӣ мегӯянд:
من كان يؤمن بالله و اليوم الاخر فلا يؤذي جاره
Ҳар касе, ки ба Аллоҳ ва Рӯзи Қиёмат имон дошта бошад, пас ҳамсояи худро наозорад.
Ғайбат кардани ҳамсоя, сирри ҳамсояро дар назди дигарон фош кардан, бо садои баланд ба ҳамсоя халал расонидан, дар назди дарвозаи ҳамсоя партов гузоштан, ҳамсояро ҳақир дониста, салом надодан, дар рӯзҳои ғами ҳамсоя хурсанд будан, инҳо ҳама азияти ҳамсоя ҳисобида мешаванд. Кӯшиш кунед ҳамсоя аз шумо наранҷад. Вагарна гуноҳи ин амал, бузург аст.
Муслимаи Аҳмадӣ