Рубрики Pressa

17 ҳолати ғарқшавии сокинон дар Хатлон


Давоми соли равон дар вилояти Хатлон 17 ҳолати ғарқшавии сокинон рух додааст. Сабаби асосӣ беэҳтиётӣ ва оббозӣ дар ҷойҳои мамнӯъ мебошад.

Аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Хатлон ба Pressa.tj гуфтанд, ки бо вуҷуди насби навиштаҷоти ишоратии оббозӣ мамнӯъ, мутаассифона, ҳанӯз кӯдакону наврасон ба шиноварӣ дар ҷойҳои барои оббозӣ номумкин машғул мешаванд.

Бештар аз як моҳи охир, ки ҳаво гарм шуд, талаботи сокинон ба оббозӣ бештар шудааст. Албатта, оббозӣ дар ҷую наҳрҳои барои шиноварӣ номумкин, хавфи ғарқшавиро бештар мекунад.

“Мо дар муассисаҳои таълимӣ ва ҷойҳои серодам корҳои фаҳмондадиҳӣ мегузаронем. Бо вуҷуди ин, мутаассифона, давоми соли ҷорӣ 17 нафар ғарқ шудааст”,-иттилоъ дод манбаъ.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube





Манбаъ

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *