11 июня, 2025
# Tags
#Хабарҳо

Дар Ҷопон аз худкушӣ нисбат ба коруно бештар ҷон додаанд

Дар Ҷопон аз шумораи фавтидагон аз коронавирус теъдоди худкушӣ бештар  ба қайд гирифта  шудааст.

Сӯиқасд бар ҷони худ, яъне даст бар  худкушӣ задани мрдуми  Ҷопон аз шумораи фавтидагон аз коронавирус бештар  аст. Дар ин кишвар, шумораи худкушиҳо дар давоми  як моҳи октябр  аз фавтидагон бо сабаби вируси сироятии куруно  аз аввали сол дида зиёд  аст. 

Дар ин бора расонаи хабарии  ВВС  иттилоъ  додааст.  

Тибқи маълумоти  расмӣ, дар моҳи октябр 2153 нафар шаҳрвандони ҷопонӣ даст бар худкушӣ заданд. Вазорати тандурустӣ рӯзи ҷумъа гуфт, аз аввали сол дар маҷмӯъ 2087 нафар аз коронавирус фавтидаанд.

Дар ҷаҳон нисбати дигар кишварҳо,  дар Ҷопон шумораи худкушӣ хеле бештар ба назар мерасад.  Ин ба як қатор омилҳо, аз ҷумла аз ҳад зиёду вазнин будани  кор ва бисёрии соати корӣ,  серталабии  муассисаҳои таълимӣ, аз ҷомеа дурӣ ҷустан  ва ғайра вобаста аст.

Аз соли 1978 инҷониб худкушӣ дар кишвар ба қайд гирифта шудааст. Тибқи омор, дар даҳсолаи охир то соли 2019 шумораи худкушиҳо коҳиш меёфт. Аммо имсол гуфта мешавад, ки вазъ ба иллати пандемияи коронавирус тағйир ёфтааст.

Leave a comment

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *