Нархи арз
Бонки миллии Тоҷикистон арзиши сомониро нисбат ба асъори хориҷӣ барои имрӯз 25 -уми декабр эълон кард
Бонки миллии Тоҷикистон, арзиши 100 рубли русӣ барои имрӯз 13 сомониву 13 дирам муқаррар кардааст.
Доллари амрикоӣ низ пас аз якбора боло рафтан чанд муддат аст, дар ҳоли суқут қарор дорад. Ин ниҳод қурби миёнаи фурӯши 1 доллар дар муассисаҳои қарзии Тоҷикистонро аз 11 сомониву 30 дирам то 11 сомониву 33 дирам арзёбӣ кард.
Бонки миллӣ қурби миёнаи фурӯши 1 евроро аз 13 сомониву 78 дирам то 13 сомониву 90 дирам арзёбӣ кардааст.
Нархи тилло
Баҳои ҳар унс тилло дар муъомилоти субҳи имрӯз миёни бонкҳои Лондон 1883 доллару 46 сент муомила шуд. Ин нишондиҳанда боз ҳам нисбат ба нархи рӯзи гузашта қариб ду доллар арзонтар аст.
Нархи нафти хом
Нархи миёнаи фурӯши ҳар бушка нафти хоми таҳвили моҳи оянда дар биржаҳои Inter Continental Exchange (ICE) — ICE Brent Crude Futures-и Лондон 51 доллару 29 сент муъомила шуд.
Нархи миёнгаи ҳар бушка нафти хоми таҳвили моҳи оянда дар биржаҳои New York Mercantile Exchange (NYMEX) ва Light Sweet Crude Oil-и Нюйорк 48 доллару 30 сент муомила шуд.
Маҳсулоти минералӣ, кимиёвӣ ва растанӣ, инчунин металлҳои қиматбаҳо ва маснуоти аз онҳо истеҳсолшуда аз аввали сол то имрӯз аз рӯи гурӯҳҳои асосии молҳои воридотӣ 50 дар сад ҳаҷми умумии воридоти Тоҷикистонро ташкил кардаанд.
Ба иттилои Вазорати рушди иқтисод ва савдои кишвар, ҳиссаи маҳсулоти маъданӣ дар воридоти гурӯҳҳои асосии молӣ 18,1 дар садро ташкил дод. Ин нишондиҳанда дар воридоти маҳсулоти растанӣ 10,8 дар садро ташкил дод.
Хабар дода мешавад, ки дар ин давра воридоти маҳсулоти маъданӣ нисбат ба 11 моҳи соли гузашта 2,2 дар сад коҳиш ёфтааст. Ба маблағи беш аз 507,5 миллион доллар маҳсулоти маъданӣ ворид карда шуд.
Ҳаҷми воридоти маҳсулоти наботӣ беш аз 303 миллиону 800 ҳазор долларро ташкил дод, ки нисбат ба 11 моҳи соли гузашта 14,7 дар сад зиёдтар аст.
Дар моҳҳои январ-ноябри соли равон дар Тоҷикистон барои парвариши моҳӣ ва таҳқиқот дар ин соҳа беш аз 11,6 миллион сомонӣ, муодили беш аз 1 миллион доллар сарф шудааст.
Тибқи маълумоти Вазорати кишоварзии кишвар, аз аввали сол то имрӯз беш аз 2 ҳазору 791 ҳазору 100 тонна моҳӣ истеҳсол шудааст. Ҳаҷми маҳсулоти парвариши моҳӣ 54,1 миллион сомониро ташкил дод.
Тибқи иттилои манбаъ, дар ҷумҳурӣ асосан намудҳои моҳӣ, аз қабили карп, карпҳои нуқра, карпҳои алафӣ ва гулмоҳӣ парвариш карда мешаванд.
Дар ҳоли ҳозир, нархи як кило моҳии маҳаллӣ ба истиснои гулмоҳӣ тақрибан 30-40 сомонӣ аст. Нархи як кило гулмоҳӣ дар бозорҳо ва супермаркетҳо ба 70 сомонӣ мерасад.
Соли 2021, Русия ба Тоҷикистон 830 ҳазор тонна сӯзишворӣ ва равғанҳои молиданӣ ва дигар маҳсулоти нафтиро бидуни боҷ медиҳад.
Чанде қабл, Вазорати энергетикаи Русия дар бораи ҳаҷми бидуни боҷи манбаъҳои энергетикии Федератсияи Русия, ки дар доираи тавозунҳо ва протоколҳои индикативӣ бо ҷумҳуриҳо барои соли 2021 мувофиқа карда шудааст, маълумот дод.
Ҳамин тавр, соли оянда, Русия нақша дорад, ки ба Тоҷикистон бидуни боҷи содиротӣ 260 ҳазор тонна бензини автомобилӣ, 310 ҳазор тонна сӯзишвории дизелӣ, 40 ҳазор тонна сӯзишвории ҳавопаймо, 30 ҳазор тонна равғани гармидиҳанда, 40 ҳазор тонна битум, 100 ҳазор тонна кокси нафтӣ ва 50 ҳазор тонна фиристад.
Тоҷикистон бо Федератсияи Русия дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи таъминоти маҳсулоти нафтӣ Созишнома дорад. Ин санад бори охир 17 апрели 2019 навсозӣ шудааст.
Тибқи ин созишнома, маҳсулоти нафтӣ, ки аз Федератсияи Русия ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳаҷми истеъмоли дохилӣ интиқол дода мешаванд, ҷониби Русия боҷи содиротии гумрукӣ намеардозад.
Ин маҳсулоти нафтӣ дар тавозуни нишондиҳанда, ба реэкспорт ба кишварҳои сеюм дода намешаванд.
Дар гузориши Бонки Ҷаҳонӣ гуфта шудааст, ки қарзи давлатии Тоҷикистон дар соли 2020 бо суръат афзоиш ёфта, наздик ба 40 дарсади маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ расидааст. Дар гузориши тоза нашркардаи Бонки Ҷаҳонӣ, зери унвони гуфта шудааст, ки «Қарзи берунаи Тоҷикистон, ки то моҳи сентябри соли равон наздик ба 40 дарсади маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ расидааст, дар соли 2019 ин рақам муодили 36,6 дарсади маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ буд».
Дар гузориши Бонки Ҷаҳонӣ гуфта шудааст, ки афзоиши қарзи давлатӣ ба сабаби гирифтани маблағҳои қарзӣ аз ташкилотҳои байналмилалӣ ва кишварҳои хориҷӣ ва кам гаштани интиқолҳои пулии муҳоҷирони меҳнатӣ сурат гирифтааст. Ба афзоиши қарз ҳамчунин ҷамъоварии ками андоз таъсири манфӣ расонидааст.
Тибқи хулосаи мутахассисони Бонки Ҷаҳонӣ, аз ҳисоби қарз Ҳукумати Тоҷикистон норасоии зиёди буҷаи давлатиро, ки ба сабаби пандемияи вируси корона сурат гирифт, ҷуброн намудааст.
Ҳамин тавр Тоҷикистон аз Сандуқи байналмилалии пул (189,5 миллион доллар), Бонки Осиёии Рушд (беш аз 102,5 миллион доллар) ва аз Бунёди субот ва рушди АвруОсиё (50 миллион доллар) қарз гирифтааст.
Дар гузориш ҳамчунин қайд шудааст, ки дар давраи пандемияи вируси корона Бонки Ҷаҳонӣ ба бахши тандурустии кишвар 11,3 миллион доллар кумак расонида, боз тасмим дорад 16,2 миллион доллари дигар кумак намояд.
Ҳамин тавр мақомоти Тоҷикистон тасмим доранд ин мушкилотеро, ки бар асари вируси корона сар задаанду мӯҷиби норасоии буҷа шудаанд, ҷуброн намояд.
Инчунин мутахассисони Бонки Ҷаҳонӣ қайд кардаанд, ки қарзҳои додашуда ба Тоҷикистон дар соли 2020 сарбории қарзро боз афзоиш медиҳад.
Дар гузориш гуфта шудааст, ки дар Тоҷикистон хавфи эътибор, яъне дефолтвуҷуд дорад ва ба ҳамин хотир қарзҳои нав метавонад вазъи қарзи даватиро боз ҳам мураккабтар кунанд.