Рубрики Хабарҳо

Камбуди шадиди сохтмончиҳо дар Русия

Нашрияи русии “Известия” хабар дод, ки  Ассотсиатсияи миллии бинокории Русия  нигаронӣ кардааст, ки бо сабаби коҳиш ёфтани муҳоҷирони меҳнатӣ баъзе аз объектҳои манзилӣ мумкин дар вақташ супорида нашаванд.

Антон Глушков, президенти «НОСТРОЙ» бо нигаронӣ гуфтааст, камшавии кадр дар сохтмон дар баъзе аз минтақаҳои Русия 50 дар сад аст. Ин мушкилӣ бештар дар Шарқи Дур, дар минтақаҳои Приволжский ва Уралский ба назар мерасад.

Глушков мегғяд, имрӯз як қатор иншоот дар хатаранд, ки бинобар нарасидани қувваи корӣ дар муҳлати уҳдадориашон иҷро карда нахоҳанд шуд.

Дар баробари ин,  президенти «НОСТРОЙ» зикр мекунад, ки назар ба соли гузашта ҳаҷми ба истифода додани манзил ҳамагӣ аз 2 фоиз кам мебошад, аммо ҳамаи объектҳои ба истифода додашаванда солҳои пештар сохта шуда, дар вақташ ба итмом расидаву пешкаши мизоҷони манзил гардидаанд. Айни замон ҳаҷми манзил дар марҳилаи аввали сохтмон 30 дар сад коҳиш ёфтааст.

Сергей Самойленко, директори ширкати “Девелопмент ” қайд кардааст, ки айни замон кормандон аз Белорусия, Ӯзбекистон ва Тоҷикистон барои сохтмон ба Русия омада наметавонанд. 

Самойленко гуфтааст, “аз сабаби набудани муҳоҷирон, мо тақрибан дар ҳамаи иншооти худ норасоии нерӯи кориро эҳсос мекунем. Гузашта аз ин, арзиши хизматрасонӣ барои коргароне, ки баҳри кор кардан ба сохтмон меоянд, 2 — 2,5 маротиба афзудааст. Мо воқеан умедворем, ки дер ё зуд роҳҳо боз хоҳанд шуд”.

Хуруҷи ниҳоии муҳоҷирони меҳнатӣ дар бахши хизматрасонӣ 33,5 дар сад, фаъолияти хонаводагӣ — 28,6 дар сад, ХМК — 25,6 дар сад ва дар самти сохтмонӣ 2,2 дар сад ба қайд гирифта шудааст.

Бояд қайд кард, сарфи назар аз он, ки шуруъ аз моҳи декабр Вазорати сохтмони ФР пешниҳод кард, то воридоти коргарони сохтмон аз хориҷа содда карда шавад, мутахассисон қайд мекунанд, ки ин ташаббусро танҳо 36 дар сади ташкилотҳои сохтмонӣ дастгирӣ мекунанд.

Ёдовар мешавем, ки бештари муҳоҷирон дар Москва, минтақаҳои назди Москва, Санкт-Петербург, минтақаҳои Ленинград ва Краснодар сукунат ихтиёр мекунанд.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *