Рубрики Хабарҳо

Тумсо Абдураҳмонов аз худ дарак дод (Навор)

Сиёсатмадор ва блогери маъруфи чечен Тумсо Абдураҳмонов, ки дувуним моҳ қабл расонаҳо аз кушта шуданаш хабар дода буданд, аз худ дарак дод. Ӯ бо нашри як навор гуфт ба фаъолияти худ дубора шурӯъ мекунад, аммо аз сабаби ғайб задану овозаҳои маргаш чизе нагуфт. 

Тумсо дар навори наваш дар бораи марги фоҷиавии Абдулкарим Идилов, мураббии се писари Рамазон Қодиров, раисҷумҳури Чеченистон сӯҳбат кард ва ҳамчунин аз Қодиров даъват кард машқи бадан кунад, чун “хеле варам кардааст”.

Рӯзи 4 декабри соли гузашта, шабакаи телеграмии мухолифини чечен 1Аdat бо ишора ба додаҳои «манобеъ аз Аврупо ва Чеченистон» гузориш дод, ки мунтақиди машҳур мақомоти Чеченистон, сиёсатмадори мухолиф Тумсо Абдураҳмонов, дар Суид (Шветсия) кушта шудааст. 

1Аdat навишта буд: “Тумсо шабона тавассути гурӯҳе аз афрод бо тир кушта шуд ва ҷузъиёти қатл дар ҳоли ҳозир дар ҳоли баррасӣ аст.” Расона ҷузъиёти дигаре ироа накард, аммо навишт, ки сервисҳои вижа бародари Тумсо Абдураҳмоновро махфӣ кардаанд. 

“Радио Свободи” (бахши русии RFE/RL) гузориш дода буд, ки ба гуфтаи дӯстони Абдураҳмонов, ӯ дар шаби дувуми декабр кушта шудааст. Ин нашрия ҳам ҷузъиёти дигаре ироа накард. Созмонҳои ҳомии ҳуқуқи Суид аммо ин маврид изҳори назаре накарда буданд. 

Дар аввали декабр Тумсо Абдураҳмонов иртиботи худро қатъ кард. Фаъолони ҳуқуқи башар гуфтанд, ки ӯ нопадид шудааст. 

Тумсо Абдураҳмонов бо мухолифат ва интиқод аз мақомоти чеченӣ маъруф аст. Ў дар соли 2015 пас аз даргирӣ бо наздикони Рамазон Қодиров, раисҷумҳури Чеченистон, Русияро тарк кард ва паноҳандагии сиёсӣ дар Лаҳистон дарёфт намуд. Баъди як кӯшиши қатлаш ӯ Лаҳистонро тарк кард ва дар Суид паноҳанда шуд. Дар Чеченистон, Абдураҳмонов ба иртибот бо ДОИШ муттаҳам аст. Дар солҳои 2020 ва 2021, қаблан талошҳое барои куштани Абдураҳмонов ва бародараш Муҳаммад сурат гирифтааст. Дар декабри 2021, Тумсо Абдурахмонов гузориш дод, ки 9 нафар аз бастагони ӯ дар Чеченистон рабуда шудаанд.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *