Мусофирон —тӯҳфаи Тоҷикистон ба Ӯзбекистон баъди содашавии равобит
Парвози муҳоҷирони тоҷик ба Русия тавассути шаҳрҳои Ӯзбекистон, ки матбуоти тоҷик ахиран ба он таваҷҷӯҳ кардааст, аслан як масъалаи хеле содаи пешбинишаванду буд, ки мо як сол қабл дар борааш гуфта будем. Он замон мақомоти Тоҷикистон каме фурсат барои пайдо кардани роҳҳали ин мушкил доштанд, вале ҳоло дигар дер карданд.
Ин масъала сода нест. Ҳар сол аз Тоҷикистон беш аз як миллион нафар ба Русия рафта меоянд, ки 60-70 дарсади ин сафарҳо то як-ду соли қабл тавассути ҳавопаймо анҷом мешуд. 600-700 ҳазор мусофир даромади бузургест барои ширкатҳои ҳавопаймоӣ. Ҳарчанд бештари парвозҳо тавассути ширкатҳои русӣ анҷом мешавад, ҷониби Тоҷикистон ҳам аз ҳар мусофири ширкати русӣ фоида мебинад. Танҳо хидматрасонии фурӯдгоҳ барои ҳар мусофир ҳудуди 20 доллар тамом мешавад.
Вале инак Тоҷикистон бо суръат ин мусофиронро аз медиҳад. Муҳоҷирони тоҷик агар қаблан барои иқтисоди Русия миллиардҳо доллар фоида меоварданд, инак Ӯзбекистону Қазоқистон ҳам ба гирифтани даромади миллионҳодолларӣ аз муҳоҷирони тоҷик оғоз кардааст. Ҳар мусофире, ки тавассути шаҳрҳои Ӯзбекистон парвоз мекунад, ҳудуди 50 доллар ба иқтисоди ин кишвар сармоягузорӣ мекунад. Яъне дар сурати парвози масалан 100 ҳазор муҳоҷири тоҷик тавассути Ӯзбекистон, ин кишвар 5 миллион доллар даромад мегирад.
Камшавии мусофирони хатсайрҳои байни Тоҷикистону Русияро ҳам расонаҳо бештар ба ҳамин нисбат медиҳанд, ки мусофирон тавассути Ӯзбекистон парвоз мекунанд. Аммо дар асл сабаби асосӣ ин нест. Сабаб албатта кушода шудани сарҳадҳои Ӯзбекистон аст, вале на парвози мусофирон тавассути ширкатҳои ҳавопаймоии ин кишвар. Ҳоло ҳазорҳо(!) мошини кироя байни Тоҷикистону Русия ба роҳ афтодаанд, ки мусофир мекашонанд. Аз автобус сар карда то мошини сабукрав. Нархи онҳо ба сад доллар ҳам намерасад ва бештари мусофирон тавассути ин кироякашҳо сафар мекунанд. Гузашта аз ин муддати ин сафар хеле кӯтоҳ шудааст ва ҳамагӣ аз 40 то 60 соатро (вобаста аз ин ки муҳоҷир дар кадом шаҳр қарор дорад) ташкил медиҳад.
Албатта даромади Ӯзбекистон аз ин сафарҳо нисбат ба сафари онҳо бо ҳавопаймо камтар аст, вале ҳисобаш ба миллионҳо доллар мерасад ва ба рушди соҳаи хизматрасонӣ ва пайдошавии ҳазорҳо ҷои корӣ, бахусус дар канори шоҳроҳҳо мусоидат мекунад. Бештари фоидаро албатта дар ин самт Қазоқистон ба даст меорад, вале ҳоло баҳс аз он нест.
Қаблан ҳам гуфта будем, ки содашавии равобит бештар ба нафъи Ӯзбекистон аст, чун ин кишвар истеҳсолоти рушдкардатар дорад ва мавқеъи ҷуғрофиаш беҳтар аст. Яке аз фоидаҳое, ки ин кишвар аз беҳбудии равобит мебардорад ҳамин аст, ки танҳо аз ҳисоби тоҷикон солона садҳо ҳазор вориди он мешаванд ва маблағҳое боқӣ мегузоранд.
Ҳоло баргардем ба соҳаи ҳавопаймоии Тоҷикистон. Оё имкони баргардонидани мусофирон-муштариён барои ширкатҳову фурӯдгоҳҳо боқӣ мондааст ва оянда онҳоро чӣ интизор аст?
Танҳо як роҳи баргардонидани мусофирон вуҷуд дорад — аз нав бастани сарҳадҳо. Албатта баъид аст, ки ҳукумат ба чунин иқдоме даст занад. Масоили дигаре низ вуҷуд доранд, ки бастани сарҳадҳоро ба нафъи Тоҷикистон талаққӣ медиҳанд — масалан таҳдид ба чанд монополияи оилавӣ, вале дар умум ин кор ҳаргиз ба нафъи Тоҷикистону минтақа нест ва дар гумон аст, ки ҳукумат ба он роҳ диҳад. Пас лозим меояд соҳаи ҳавопаймоии кишвар ба ин воқеъият тан диҳад.
Дар 27 соли истиқлолият,мутаассифона, барои рушди соҳаи ҳавопаймоӣ, ки таъсири қавие дар рушди чанд соҳаи дигар ва муаррифии кишвар дар хориҷро дорад, коре анҷом нашуд. Албатта кӯшишҳое дар ин самт буданд, вале ин тарҳҳо аз тарафи фасодкорон дар ин соҳа тарҳрезӣ шудаву бештар ба нафъи онҳо кор карданд. Метавон таъсиси Сомон Эйр ва муваффақиятҳояшро чун рушди соҳа ном бурд, вале ин муваффақиятҳо бо кушода шудани сарҳадҳои Ӯзбекистон ба сифр баробар мешаванд.
Тамоми фаъолияти Сомон Эйр, аз ҷумла порки ҳавопаймоҳояш ба парвозҳо байни Тоҷикистону Русия нигаронида шудааст. 90 дарсади парвозҳо аз Тоҷикистонро самти Русия ташкил медиҳад ва 90 дарсади мусофирони он муҳоҷирони корӣ ҳастанд. Камшавии ду-се баробарии мусофирон дар ҳоли ҳозир ва 3-4 баробарӣ дар ояндаи наздик, чанд ҳавопаймои ин ширкатро бекор мемононад. Ҳавопаймо мошини сабукрав ва ҳатто автобус нест, новобаста аз ин ки парвоз мекунад ё не масраф дорад. Камтар аз 10 соат дар шабонарӯз парвоз кардани ҳавопаймо, аллакай зараровар аст, чӣ расад ба бекор истодани он. Бинобар ин ба зудӣ шоҳиди он хоҳем шуд, ки ин ширкат қисмати бештари ҳавопаймоҳои худро ба фурӯш гузорад.
Аммо оё имкони бозгадонидани мусофирон бо поён бурдани нархҳо вуҷуд дорад?
Мутаассифона дар ин самт ҳам рӯшании чандоне дида намешавад. Барои поён бурдани нарх бояд нархи сӯзишворӣ, хидматрасонии фурӯдгоҳ, аэронавигатсия ва ғайра поён бурда шавад ва исрофкориҳо дар шумори коргарон, фурӯши чиптаҳо ва ғайра хотима ёбад. Барои ин кор бояд ба онҳое, ки аз ин самтҳо даромади ҳангуфт мегиранд ва пушту паноҳи қавӣ доранд тафоҳум ба вуҷуд ояд. Ин кор агар даст ҳам дод, фурсати зиёд мехоҳад. Вале имкони рақобат бо “Ӯзбекистон ҳаво йӯллари” хеле кӯчак аст. Шарҳи масъала вақту калимаҳои зиёд мехоҳад, ки ба он намепардозем.
Аммо танҳо ҳамин, ки муҳоҷирон имкони сафар бо роҳро тавассути Ӯзбекистон пайдо кардаанд, дигар ба соҳаи ҳавопаймоии Тоҷикистон имкони баргардонидани ҳатто ними муштариёнашро намедиҳад. Поёнтарин нархе, ки ширкатҳои ҳавопаймоӣ метавонанд муайян кунанд, 180-200 доллар аст, ки аз роҳи заминӣ 100 доллар бештар мебошад. Муҳоҷири корӣ ҳаргиз розӣ намешавад, ки барои комфорт пули бештар пардохт кунад. Ин кор маънӣ ҳам надорад: дар ду рӯз сад доллар даомад гирифтан барои муҳоҷири корӣ тақрибан ғайриимкон аст ва ҳатто агар чунин имконро ҳам пайдо кард, ду рӯз дар мошин нишастан осонтар аз ду рӯз кор кардан дар сохтмон аст. Аммо чуноне ки гуфтем поён бурдани нархи билет замони тӯлонӣ мехоҳад, ки дар ин фурсат муҳоҷирони корӣ парвоз тавассути Ӯзбекистон ва роҳи заминиро пурра азхуд мекунанд ва баргардонидани онҳо меҳнату вақти зиёд ҳам талаб мекунад.
Ҳукумат ният дорад бори дигар ба Тоҷик Эйр пардозад ва бо ҷорӣ кардани ислоҳот дар он ва хариди ҳавопаймоҳои нав, вазъи ширкати миллиро беҳбуд бахшад. Барои ин кор ҳатто як шӯрои нозир бо раҳбарии сарвазир ҳам ташкил шудааст. Аммо бо назардошти вазъи ба вуҷудомада шояд то замоне, ки ин шӯро кореро тавонад анҷом диҳад, ба Тоҷик Эйр ҳамон чаҳор тайраи шалақаш ҳам нолозим хоҳад шуд.
Ҳукумат фурсати хеле хуби рушди соҳаи ҳавопаймоии кишварро комилан аз даст дод. Рушд на танҳо дигар имконнопазир аст, балки имкони нигоҳ доштани вазъ дар ҳолати ҳозира ҳам аз даст рафтааст. Барои эҳё ва рушди соҳаи ҳавопаймоии кишвар дигар танҳо тасмимҳои иқтисодӣ кифоят намекунад.
Абдуманнон Шералиев