Шояд баъзеҳо интиқод кунанд, ки магар ифротгароӣ ҳам фарҳанг дорад? Агар фарҳанг вуҷуд дошта бошад ифротгароӣ ба вуҷуд намеояд.
Аммо манзури мо аз ин ибора чизи дигарест. Манзури мо ин аст, ки дар бархе ҷомеаҳо нохоста ё ноогоҳона ифротгароӣ ба фарҳанги иҷтимоӣ табдил меёбад. Яке дар расму одатҳо ифрот мекунад ва дигаре дар қонунгузориву маҳдудиятҳо. Гурӯҳе дар масоили динӣ ифротӣ амал мекунад ва гурӯҳи дигаре дунявиятро ба ҳадди ифрот мерасонад. Гурӯҳе дар ҷашну маросимҳояшон ифрот мекунанду гурӯҳи дигар фишору маҳдудиятҳоро ба ҳадди ифрот мебаранд.
Ифрот ба маънои хориҷ аз қоида ва қонун амал кардан ва эҳсосоти номутаодилро дар андеша, сухан ва амал ворид намудан аст. Решаи ифротгароӣ адами шинохти воқеии масоил аст. Касе ё гурӯҳе, ки дар нигариши худ ифрот мекунад ва хушунат меварзад ҳадду ҳудуди рафтор ва кирдорашро намешиносад. Яъне дар раванди амали худ ҷоҳил аст ва куркурона пеш меравад.
Агар фарҳанги ифротгароӣ дар ҷомеа ниҳодина шавад, ҷомеа худбахуд ва ба таври табиӣ ба самти хушунат савқ дода мешавад. Зеро дар ҷомеае, ки фарҳанги ифротгароӣ ҳоким шавад, муколама ва гуфтугӯ дар он аз байн меравад. Ҳар гурӯҳ худро ҳаққи мутлақ мепиндорад ва дигаронро ботили маҳз. Фарҳанги ифротгароӣ дар гурӯҳҳо таассубро эҷод мекунад. Бинобарин маъмулан гурӯҳе, ки қудратро дар даст дорад худро ҳаққи мутлақ мепиндорад ва ҳар мухолифатеро бо хостаҳои худаш нораво ва нобаҷо медонад. Вақте ин фарҳанги дар ҷомеа ниҳодина шавад, рақобат аз байн меравад ва интиқод маънои душманиро мегирад.
Агар дар ҷомеае ин фарҳанг аз тарафи неруҳои қудратманд пуштибонӣ шавад, фазои он ҷомеаро ваҳшат ва тарс фаро мегирад. Ҳама дар чеҳраи ҳамдигар ҷосуси ҳукуматро мебинад ва ё тарси онро дорад, ки ба бединӣ ё мазҳабфурушӣ муттаҳам мешавад. Таҳлилгарону донишмандон ҷуръати ба чолиш кашидани масоилро надоранд. Равшанфикрӣ ва зиёӣ будан низ мафҳумашро аз даст медиҳад.
Бадтарин вазъият дар як ҷомеа замоне аст, ки ифротгароён қудратро дар даст бигиранд ва бихоҳанд ба мардум амру наҳи кунанд. Дар чунин фазо ҳама чиз мубҳам ва сардаргум мешавад. Воқеият аз чашм пинҳон мемонад ва дастовардҳои хурду беарзиш бузург ҷилва дода мешаванд. Вале дар ҷомеае, ки мардум эҳсоси амният кунанду битавонанд мушкилоти иҷтимоӣ, камбудии масъулон, нодурустии дастурот ва ҳар интиқоди дагреро бидуни тарс матраҳ кунанд, ифрот оҳиста оҳиста аз байн меравад.
Бинобарин дар ҳар ҷомеае, ки сензура ва худсензура (инсон худаш худашро сензура мекунад) вуҷуд дошта бошад бидуни ҳеҷ тардиде метавон гӯфт, ки ифротгароӣ ба фарҳанги он ҷомеа табдил шудааст.
Ман фикр мекунам хирадмандони ҳар дину мазҳаб ва ё ҳар гурӯҳу созмоне бо ифротгароӣ мухолифанд. Аммо бархеҳо бар асоси шинохти нодуруст ва ё манофеъи зудгузар ба ин фарҳанг доман мезананд.
Бобоҷон Қаюмзод