Собиқ вакили парлумон ва собиқ номзад ба раисҷумҳурии кишвар Сайфиддин Тӯраев дар синни 75 солагӣ дар зодгоҳаш, шаҳри Истаравшан даргузашт.
Тӯраев аз нафарони таъсиргузор дар шаҳри Истаравшан маҳсуб мешуд ва аз ҷонибдории мардуми шаҳр бархӯрдор буд.
Мақомот сабаби марги ӯро сактаи қалбӣ унвон карданд.
Аммо як манбаъи Паём гуфт, ки Тӯраев ду ҳафта қабл гирифтори COVID-19 гашта табобат гирифта буд.
Маълум нест табобати ӯ нотамом монда, ё воқеъан баъди табобат бо сактаи қалбӣ реҳлат кардааст.
Сообщение ПАЁМ.net.