Маҷлиси намояндагон имрӯз тағйирот ба қонун “Дар бораи буҷаи давлатӣ барои соли 2018”-ро тасвиб кард, ки тибқи он маблағгузории НБО Роғун аз ҳисоби буҷаи давлат 80 миллион доллар бештар шуд.
Қаблан барои сохтмони Роғун дар соли 2018 аз буҷа 2 миллиард сомонӣ муқаррар шуда буд.
Вазири молия Файзиддин Қаҳҳорзода, ки тарҳи нави мабла0гузории НБО Роғунро дар парлумон муаррифӣ мекард, гуфт то охири сол барои сохтмони нерӯгоҳи бузург 749 миллион сомонии дигар ҷудо мегардад. Ба гуфтаи ӯ давлат қасд дорад ин маблағро аз ҳисоби фурӯши сангу металҳои қиматбаҳо ба даст биёварад.
Сангҳои қиматбаҳои Тоҷикистон асосан дар Вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон истихроҷ мешаванд. Гуфтанист, рӯзи 15 сентябр дар вохӯрӣ бо фаъолони ин вилоят Эмомалӣ Раҳмон аз онҳо бо таъна пурсид, ки ин вилоят ба давлат чӣ додааст?
Вазир қайд кард, ки дар ҳоли ҳозир $190 миллион аз фурӯши қоғазҳои қимматноки давлатӣ дар биржаҳои байналмилллаӣ дар соли гузашта боқӣ мондаанд, ки имкон дорад қисмате аз он низ соли ҷорӣ ба сохтмони нерӯгоҳ равона гардад.
Гуфтанист, ки моҳи сентябри соли гузашта ҳукумати Тоҷикистон қоғазҳои қимматноки давлатиро дар биржаҳои байналмиллалӣ дар ҳаҷми 500 миллион доллар ба фурӯш гузошт. Аз ҳарфҳои вазир бармеояд, ки 310 миллиони ин маблағ аллакай ба сохтмони Роғун ё ҷои дигар равона шудаанд.
Тибқи иттилоъи мақомот, соли гузашта барои сохтмони НБО Роғун аз сарчашмаҳои гуногун 4 миллиарду 700 миллион сомонӣ равона гардидааст.
Қарор аст чархаи аввали НБО Роғун рӯзи 16 ноябр, яъне 46 рӯз пас ба кор дарояд. 16 ноябр дар Тоҷикистон рӯзи президент эълон шудааст.