Панҷ нафар аъзои комиссияи тақсими қитъаҳои замини ҳукумати маҳаллӣ дар ноҳияи Мастчоҳ ба ҷавобгарии интизомӣ кашида шуданд.
Дар давоми ду моҳи соли ҷорӣ дар ҳудуди ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд 2 маротиба санҷиши прокурорӣ оид ба тақсими қитъаҳои замин гузаронида шуда, дар рафти он ҳолатҳои гуногуни қонуншиканӣ ошкор карда шуданд.
Ҳумоюн Раҳмонзода, ёвари додситони ноҳияи Мастчоҳ ба расонаҳои маҳаллӣ гуфтааст, ки «аз рӯи натиҷаи санҷишҳои прокурорӣ 35 фармон бароварда, 11 эътироз, 3 пешниҳод, 5 аъзои комиссияи тақсими қитъаҳои замини ҳукумати маҳаллӣ ба ҷавобгарии интизомӣ, 114 нафар ба ҷавобгарии маъмурӣ, 2 нафар ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида шуданд. Бо дахолати додситонӣ 260 гектар замин ба ҳолати аввалааш баргардонида шуд.
Хабари боздошту ба ҷавобгарӣ кашидани заминфурушони ноҳияи Мастчоҳ дар ҳолест, ки дар тамоми ҷумҳурӣ ин ҷиноят ба таври маъмул амалӣ мешавад. Дар ягон гушаи Тоҷикистон нафареро пайдо кардан маҳол аст, ки бидуни пора як сотиқ заминро соҳиб шуда бошад.
Ин заминфурушон ҳама аз тими худи режими имрӯзаи Тоҷикистон ҳастанд ва бо баҳонаи ҷудо кардани қитъаи замин мардумро фиреб карда, ғорат мекунанд.