Рубрики Хабарҳо

“Вагнер” алайҳи Вазорати дифоъи Русия ҷанг эълон кард. Мошинҳои ҷангӣ дар кӯчаҳои Маскаву Ростов

Раҳбари гурӯҳи “Вагнер” Евгений Пригожин бо эъломи ин ки Вазорати дифоъи Русия мавҷеъи ин гурӯҳро бомбаборон кардааст, эълон кард Русияро аз “ҷинояткороне, ки сабаби марги даҳҳо ҳазор сарбоз шудаанд” тоза хоҳад кард. Ӯ эълом кард гурӯҳаш ба самти Маскав ҳаракат хоҳад кард, то нерӯҳои низомии кишварашро аз “нокасон” пок созад.

Пригожин дар як эъломи садоӣ, ки дар телеграм канали тарафдоронаш нашр шуд, гуфт бо вуҷуди ин ки гурӯҳи “Вагнер” омода буд бо Вазорати дифоъ созиш кунад ва ҳатто силоҳҳояшро дар ихтиёри он вазорат гузорад, “ин нокасон хоинона ба мо ҳамла карданд, мавқеъҳои моро бомбаборон карданд, ки дар натиҷа даҳҳо нафар, шумори бузурге аз сарбозони мо кушта шуданд”.

Дертар ӯ аз тасмими Шӯрои қумондонҳои гурӯҳи “Вагнер” хабар дод ва гуфт: “мо тасмимамонро гирифтем: шарре, ки Вазорати дифоъ густариш додааст, нобуд карда мешавад ва адолат барқарор хоҳад шуд. Онҳое, ки гунаҳкори марги даҳҳо ҳазор сарбозони рус ҳастанд, ҷазо хоҳанд гирифт. Мо аз мардум ва нерӯҳои низомӣ даъват мекунанд дар сраи роҳи мо наистанд. Ҳар монеъае, ки дар сари роҳи мо қарор мегирад, хатар ҳисобида шуда, нобуд карда хоҳад шуд. Аз ҷумла ҳар гуна посгоҳҳо дар роҳи мо ва ҳар гуна ҳавопаймоҳо болои сари мо нобуд карда хоҳад шуд. Ман аз ҳамагон даъват мекунам оромиро ҳифз кунанд ва дар хонаҳои худ боқӣ монанд. Ба хусус дар самти ҳаракати мо ба кӯча набароянд. Баъди он ки мо корамонро тамом кардем, ба ҷабҳа бармегардем, то ватанамонро ҳимоят кунем. Ҳукумати перзидентӣ, Росгвардия, ВКД ва дигар ба кори худ идома хоҳанд дод. Мо бо онҳое, ки сарбозони русро нобуд месозад, ҳисобамонро баробар мекунем ва ба ҷабҳа бармегардем. Адолат дар артиш барқарор карда хоҳад шуд, сипас адолат дар тамоми кишвар”. 

Соате пас Пригожин эълом кард Сергей Шойгу аз Ростови лаби Дон фирор кардааст. “Соати 21.00 Шойгу мисли як зан бо тарсу ҳарос аз Ростов фирор кард, то аз посух ба ин ки чаро чархболҳоро ба ҳаво хезонд то мавқеъҳои моро бомбаборон кунанд, фирор кунад”.

Каме баъдтар раҳбари гурӯҳи “Вагнер” иддао кард, ки гурӯҳаш ба ҳаракат шурӯъ кардааст. “Мо 25 ҳазор нафарем ва мо меравем то адолатро барқарор кунем. Ҳар касе мехоҳад, метавонад бо мо бипайвандад. Бояд ба ин бесарусомонӣ хотима дод”.

Баъди ин эълонҳои Пригожин, Хадамоти амниятии федеролӣ (ФСБ) эълом кард алайҳи ӯ бо иттиҳоми шӯриши низомӣ парванда боз кардааст. 

Соате пас аз эълони қиём аз тарафи Пригожин, даҳҳо навор дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайдо шуданд, ки ҳаракати мошинҳои низомӣ дар шаҳрҳои Маскав ва Ростови лаби Донро нишон медоданд.

Дертар расонаҳои русӣ, аз ҷумла ТАСС ва РБК хабар доданд, кӯчаҳои марказии Ростов ва чанд кӯча дар Маскав баста шудаанд. Аз ҷумла ҳаракат ба самти бинои ҳукумати Русия ва Вазорати дифоъ манъ гардидааст.

Ҳамчунин гуфта мешавад дар шоҳроҳи Ростов-Вологда-Маскав посгоҳҳои зиёде гузошта шудаанд. 

ФСБ аз ҷангҷӯёни гурӯҳи “Вагнер” даъват кардааст ба фармонҳои Пригожин итоат накунанд. 

Соате қабл Пригожин эълон кард вориди Ростов шудааст ва низомиёне, ки дар сари роҳаш қарор доштанд, ҳеҷ муқобилияте ба гурӯҳи ӯ нишон надодаанд. Дар ҳамин ҳол ҳеҷ далел ё навори собиткунандаи ин иддаои ӯ нашр нашудааст. 

Дмитрий Песков, сухангӯи раисҷумҳури Русия гуфтааст Вазоратҳои дифоъ ва дохила ва Росгвардияву ФСБ дақиқа ба дақиқа Путинро аз вазъи баамаломада дар ҷараён қарор медиҳанд. Ӯ ҳамчунин гуфт Игор Краснов, додситони кулли Русия ба Путин дар бораи ифтитоҳи парванда алайҳи Пригожин иттилоъ дода онро “қонунӣ” номидааст. Чанд дақиқа пеш наворе нашр шуд, ки гуфта мешавад дар он задухӯрд байни нерӯҳои Вазорати дифоъ ва гурӯҳи “Вагнер” сабт шудааст.

Ҳамчунин эъломи садоии Евгений Пригожин дар телеграмканали тарафдоронаш пайдо шуда, ки дар он ӯ мегӯяд “худи ҳозир як чархболи Вазорати дифоъ ба корвони мо ҳамла кард ва аз тарафи нерӯҳои мо суқут дода шуд”. 

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *