Дар маркази маъмурии вилояти Суғд яке аз биноҳои собиқ масҷиди “Нури Ислом” ба кинотеатри хурд табдил мешавад.
Дар ин бора рӯзи 27-уми январ сардори Раёсати фарҳанги вилояти Суғд Бахтиёр Қосимов дар нишасти матбуотӣ оид ба ҷамбасти соли 2019 иттилоъ дод, хабар медиҳад Азия Плюс.
Ба гуфтаи ӯ, кинотеатри мазкур барои 80 ҷойи нишаст буда, то ин дам ҳамаи таҷҳизоти махсуси намоиши филмҳо васл шудаааст. Айни замон корҳо барои гирифтани иҷозатномаи фаъолият ҷараён дорад.
“Ба ғайр аз намоиши филмҳо, дар ин ҷо маҳфили дӯстдорони кино ташкил карда мешавад. Мардум пас аз тамошои филм дар бораи он табодули назар карда метавонанд. Дар Аврупо чунин таҷриба доранд, ки барои пешрафти соҳа хеле муҳим аст”, – қайд кард Бахтиёр Қосимов.
Вай афзуд, замони шӯравӣ дар ҳама шаҳру навоҳии вилояти Суғд кинотеатрҳо вуҷуд доштанд, вале ҳамаи онҳо фурӯхта шудаанд. Дар шаҳри Хуҷанд 5 кинотеатр амал мекард: “Ватан” – ҳоло Театри наврасону ҷавонон, “Тоҷикистон” – Қасри ҷавонон, “Октябр” – телевизиони вилояти Суғд, “Островский” – бинои истиқоматӣ, “Баҳор” – шахсӣ шудааст.
Қосимов гуфтааст кинотеатри хурди навтаъсис “бори аввал дар замони Истиқлолият ташкил шуда, он дар арафаи Иди Наврӯз дарҳои худро боз мекунад”.
Яке аз масъулони собиқи соҳаи фарҳанг гуфтааст, замони шӯравӣ дар вилояти Суғд 63 кинотеатри пӯшида ва қариб 35 кинотеатри кушода фаъолият доштанд, вале аз сабаби мушкилоти соҳаи кино ҳамаи онҳо ба Марказҳои ҷавонон ва Қасрҳои фарҳанг мубаддал шуданд. Ҳамчунин кинотеатрҳои кушода, ки дар байни маҳаллаҳо буданд, ба хонаҳои истиқоматӣ табдил ёфтанд.
Замони Шӯравӣ низ садҳо масҷид ба кинотеатру қасри фарҳанг табдил шуда буданд, вале баъди фурӯпошии он дубора ба ҳолати аввала баргаштанд. Чанд соли охир ҳукумати Тоҷикистон низ ҳамон муборизаи болшивекҳо бо дину масҷидро аз нав зинда кардааст.