Як карикатураи рӯзномаи даниягии Jyllands-Posten хашми давлати Чинро барангехтааст. Сафорати Чин дар Копенгаген навиштааст, ки ин рӯзнома ба Чин тавҳин карда ва боиси “ҷариҳадор шудани эҳсосоти миллати Чин” шудааст.
Сафорати Чин дар Дания аз рӯзномаи даниягии “Йулландс пастн” (Jyllands-Posten) хост, аз миллат ва давлати Чин тақозои пузиш кунад.
Ин рӯзномаи карикатурӣ аз парчами Чин чоп карда, ки ба ҷойи панҷ ситора, панҷ вируси каруно бар он нақш бастааст.
Дар баёнияе, ки дар веб-сайти сафорати Чин дар Копенгаген мунташир шуда, омадааст, ки карикатуристи даниягии Нилз бу Буизн (Niels Bo Bojesen) ва рӯзномаи даниягӣ бо интишори ин карикатур ҳам ба давлати Чин тавҳин карда ва ҳам эҳсосоти миллати Чинро ҷариҳадор кардааст.
Якуб Навбру, сардабири ин рӯзнома, дар вокуниш ба иддаои сафорати Чин навишт, ҳадафи рӯзнома аз интишори карикатур озурдани давлат ё мардуми Чин набудааст.
Навбру таъкид кард, ки на ӯ ва на карикатурист қасди масхара кардани авзоъи кунунии Чинро надоштаанд ва бардошти ӯ аз карикатур бо бардошти мақомоти чинӣ комилан мутафовит аст.
Ин рӯзнома даниягӣ дар соли 2005 низ бо интишори карикатурҳои паёмбари ислом Муҳаммад (с), хашми бисёре аз мусалмонон ва дар пайи он баҳсе ҷаҳонӣ дар бораи озодии баёнро барангехт.