Милисаҳои талбанда аз кор ронда шуданд
Сухангӯи Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон Умарҷони Эмомалӣ ба хабарнигорон гуфт, ки ду милисае, ки дар назди пайкараи асосгузори давлати Сомониён Исмоили Сомонӣ дар Душанбе аз хабарнигори қазоқ пул талаб кардаанд, аз кор барканор гариданд.
Вай таъкид намуд, ки кормандони вазорат ин ҳодисаро пайгирӣ намуданд ва дар натиҷа шахсияти ин пулиси талбанда мухаххас гарид. Ба гуфтаи Умарҷони Эмомалӣ онҳо ду корманди пулиси шӯъбаи умури дохилаи ноҳияи Исмоили Сомонӣ будаанд ва кунун аз кор ронда шуданд. Вай афзуд, ки ҳанӯз корҳои фаҳмондадиҳӣ ва профлактикӣ дар байни милисаҳои ин ноҳия идома дорад ва дар пайи ин чорабинӣ аз кормандони пулис дархост мешавад, ки муносибати худро ба шаҳрвандони таҳҷоиву хориҷӣ тағйир диҳанд ва ба корҳое даст назананд, ки шаъни мамлакату миллатро доғдод созанд.
Дар пайи барканории ду милиса, ки аз ифшои номаш худдорӣ шудааст, сардори шӯъбаи умури дохилаи ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт танбеҳ гирифтааст.
Рафтори шармовари милисаҳо дар ҳоле таҳқиқ гардиданд, ки журналисти қазоқ Бақитҷон Буқарбой аз аъмоли милисаҳои тоҷик навишт ва онҳоро ба “гадой” шабоҳат дод. Ин милисаҳо дар назди ҳайкали Исмоили Сомонӣ аз журналист ба баҳонаи “имрӯз зодрӯз дорам” пул талаб кардааст ва аз ин рафтори кормандони ҳифзи ҳуқуқ меҳмони пойтахти Тоҷикистон ба “шок” афтодааст.
Гуфта мешавад, ки аксари кормандони милиса дар Тоҷикистон шахсони тасодуфӣ ҳастанд ва бо додани ришва ба сардорон дар ин соҳа роҳ ёфтаанд. Дар Тоҷикистон корманди шӯъбаи умури дохила будан манбаи даромад ҳисоб меёбад ва милисаҳо аз пайи талбандагӣ рӯзгори худро обод мекунанд. Онҳо ба шаъни мамлакату миллат коре надоранд. Чуноне, ки мегӯянд, шиори асосии ин идда мардум “Гӯр сӯзаду дег ҷӯшад” аст.