Дафтари матбуоти шаҳрдории пойтахт гуфтааст бо супориши Рустами Эмомалӣ ширкати ватании «Ориёнфарм» бо хатсайри махсус аз Ҳиндустон миқдори муайяни маводи доруворӣ ва лавозимоти тиббиро ба Тоҷикистон ворид кард.
Дафтар , ин маводи доруворӣ барои муқовимат ба пандемияи коронавирус пешбинӣ шудааст. Дар бораи кадом навъи маводи доруворӣ, маблағи харидорӣ ва миқдори он маълумот дода намешавад.
Ғайр аз ин, бо ҳамин хатсайр як миқдор кумаки башардӯстонаи ҳукумати Ҳиндустон иборат аз маводи доруворӣ барои муолиҷаи беморони COVID-19 ба Тоҷикистон ворид карда шуд.
Таъкид мешавад, ки маводи зарурии воридшуда ба Вазорати тандурустӣ ва сохторҳои он ҷиҳати истифода дар муассисаҳои тиббии пойтахт ва дигар минтақаҳои кишвар барои табобати бемориҳои сироятӣ, алалхусус, COVID-19 ба таври ройгон супорида мешавад.
Зикр шудааст, ки шаҳрдории пойтахт рӯзҳои наздик ташкили боз ҳамин гуна иқдомҳои эҳсонкориро дар назар дошта, ба ин васила дар бартараф кардани мушкилоти мавҷудаи ҷомеа саҳмгузорӣ мекунад.
Гуфтанист, ширкати «Ориёнфарм» ба холдинги «Авеста гурӯҳ» шомил аст, ки он ба расман ба Зафар Мирзоев, дар асл ба худи Рустами Эмомалӣ таъаллуқ дорад. Тибқи иттилоъи манобеъи «Паём», 70 дарсади саҳми «Авеста гурӯҳ» ба Рустами Эмомалӣ ва танҳо 30 дарсадаш ба бародарон Мирзоевҳо мутаъаллиқ аст.
Сообщение ПАЁМ.net.