11 июня, 2025
# Tags
#Хабарҳо

Тайёрӣ ба фасли зимистон дар Хатлон нигаронкунанда боқӣ мемонад

Муовини Сарвазири Тоҷикистон ва раиси ситоди ҷумҳуриявии омодагӣ ба тирамоҳу зимистони солҳои 2016-2017  Азим Иброҳим вазъро дар вилояти Хатлон бӯҳронӣ арзёбӣ карда, аз кори мақомоти маҳаллӣ изҳорӣ нигаронӣ намудааст.


Вай гуфтааст, ки ҳолати омодагии вилояти Хатлон ба зимистонгузаронии солҳои 2016-2017-ро ғайриқаноатбахш буда, ҳанӯз корҳои зиёде дар ин самт иҷро нашудаанд. Ин суханҳоро Азим Иброҳим дар ҷаласаи сайёри ситод баён дошта, аз раҳбарони соҳаҳои хоҷагии халқ, вазорату сохторҳои масъул дархост намудааст, ки дар зудтарин фурсат камбудиҳои мазкурро ислоҳ намоянд ва вилояти Хатлонро ба Зимистон омода созанд. Вай таъкид намудааст, ки ҳукумат барои беталафот гузаронидани мавсими тирамоҳу зимистони ба муассисаҳои таълимиву тандурустӣ аз ҳисоби буҷа маблағ ҷудо кардааст ва ин маболиғ дар буҷети маҳаллии шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон пешбинӣ гардидаанд.

Масалан барои соҳаи маориф 7322,1 ҳазор сомонӣ маблағ пешбинӣ гардидааст. Аммо ин дар ҳолест, ки то  1 августи соли 2016 соҳаи маорифи вилоят дар амал 1482,1 ҳазор сомонӣ барои омодагиҳо ба фасли зимистон дарёфт намудаанд. Ин ҳамагӣ  20,2 дарсади маблағи пешбинишударо ташкил медиҳад.


Ба қавли муовини Сарвазири Тоҷикистон соҳаи тандурустӣ низ дар Хатлон ба зимистони соли ҷорӣ омода нест ва мақомоти маҳаллӣ ба ҷои 798,6 ҳазор сомонии дар нақшабуда ҳамагӣ 78,7 ҳазор сомонӣ ҷудо крдаанд, ки  9,8 фоизро ташкил медиҳад.


Азим Иброҳим аз он изҳори нигаронӣ намудааст, ки муассисаҳои таълимиву соҳаи тандурустии навоҳии Абдураҳмони Ҷомӣ, Панҷ, Шаҳритуз, Носири Хисрав, Муъминобод, Шамсиддин Шоҳин ва Фархор то ҳолати 1 августи соли 2016 барои зимистонгузаронӣ умуман маблағгузорӣ нашудаанд. Ба гуфтаи ин мақомдори тоҷик дар 11 шаҳру ноҳияи Хатлон аз ҷониби идораҳои дахлдор умуман ангишт харидорӣ ва барои зимисонгузаронӣ захира нагардидааст. Раиси ситоди ҷумҳуриявии омодагӣ ба тирамоҳу зимистони солҳои 2016-2017  Азим Иброҳим аз бепарвоии раҳбарон сахт ошуфта гашт ва таъкид намуд, ки дар рӯзҳои наздик бояд Хатлон аз ин бӯҳрон вораҳонида шавад.


Аммо як манбаъ ба хабарнигори “Payom.net” гуфт, ки маблағҳои барои зимистонгузаронӣ ҷудомешуда аз тарафи мақомдорони маҳаллӣ мисли ҳамеша дуздида мешаванд ва дар натиҷа соҳаҳои тандурустиву муассисаҳои таълимӣ дар зимистон ба душвориҳои сангин рӯбарӯ мегарданд. Ҳолатҳое низ ҷой доранд, ки раҳбарои дабистонҳо аз хонандагон талаб мекунанд, то аз хонаҳояшон бо худ ангиш ва ҳезум биёранд ва синфхонаҳои сардро дар фасли зимистон гарм намоянд.

Leave a comment

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *